Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ КОРИ ҲАМАГОН

Суханронии  раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло

Дар баргузории «Ҷаласаи гурӯҳи кори доимамалкунанда ва ситоди якҷоя аз ҳисоби кормандони мутасадии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ»

Яке аз мушкилотҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст, густариш ёфтани падидаҳои терроризму экстремизм буда, барои амнияти мардум ниҳоят хатарнок мебошад.

Бинобар ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи ифротгароии динӣ ва терроризм чунин изҳор намудаанд, ки “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасимим гирифт, ки оид ба пешгири намудани ин амалҳои номатлуб барномаи дахлдор қабул намояд, ки ин барнома бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, таҳти рақами 776 “Дар бораи стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ба тавсиб расид.

Оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 қарори раиси ноҳия аз 16 январи соли 2017, таҳти рақами 27 ба имзо расида, дар асоси он нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз 11 банд тасдиқ гардида, барои андешидани тадбирҳо ба ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ирсол карда шуд.

Инчунин баҳри дар амал тадбиқ намудани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ- террористӣ шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, мубориза бар зиддӣ гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳи оташфишон, ғасби замин, аз байн бурдани ҳолатҳои ба бар кардани либосҳои ғайри миллӣ, ба танзим даровардани либоси ягона дар марказҳои савдо, таъмин намудани амнияти шаҳрвандон дар арафаю омадаги дар ҷашнҳои муҳими давлатӣ, муайян намудани руйхати муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷои зист, таҳсил дар хориҷи кишвар ва ба дигар шуғл машғул будани онҳо бо амри раиси ноҳия аз 8 майи соли ҷорӣ таҳти №19 гурӯҳҳои корӣ доимоамлакунанда ва ҳавзаҳо таъсис гардида, нақша чорабиниҳо тасдиқ гардидаанд ва бо ин ҳадаф имрӯз баҳри гузаронидани ҷаласаи якуми гурӯҳҳои корӣ шумо роҳбарони ҳавзаҳо дар корӣ ҷаласа  даъват шудаед.

Вохӯрии имрӯзаи мо бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия ба хотири тадбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатамон, ки бевосита ҳадафҳои он ба мубориза бурдан ба арзишҳои аз лиҳози фарҳангӣ ва динии ба мардуми мо бегона нигаронида шудааст,  дар даврае баргузор гардида истодааст, ки мардуми шарифу ватандӯсти кишварамон бо эҳсоси баланди ватандорӣ баҳри истиқболи бошукӯҳи Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Инчунин ба хотири дар ниҳоди насли наврасу ҷавонни имрӯза бедор намудани эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бо ташаббуси навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ин ташаббус аз ҷониби шаҳрвандони кишварамон самимона пазироӣ гардида, ҳадафҳои он бо баргузории ҳаргуна чорабиниҳои фарҳангӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа тарғибу ташвиқ гардида истодааст.

Тавре ба ҳамаи мо маълум аст, ки давлатҳои абарқудрати дунё маҳз тавассути ворид намудани арзишҳои фарҳангии бегона ва динии хусусияти ифротгароидошта мехоҳанд мақсад ва мароми сиёсии худро дар ин ё он давлатҳои рӯ ба тараққиниҳода ҷой намоянд.

Барои мубориза бурдан ва истодагарӣ намудан ба ин равандҳои хатарноки ҷомеа ба ҳамагон лозим меояд, ки дар ин марҳилаи тақдирсоз дар шуур ва ниҳоди ҳар як сокини кишвар, бахусус наврасону ҷавонон ҳисси ватандӯстиву ватанхоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои милливу суннатӣ,   забони давлатӣ, ба расму оин ва фарҳанги  миллиро ҷоӣ намоем.

Инчунин фаъолияти ташкилотҳои диниро дар асоси талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ба роҳ монда, ҷиҳати роҳ надодани таъсиррасонии ҳамагуна ҷараёнҳои хусусиятҳои ғайримазҳабӣ ва ифротгароидошта ба фаъолияти ташкилотҳои динӣ бо дониши баланди динӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасотҳои ватан ҳамеша аз лиҳози зиракии сиёсӣ омода бошем. 

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир вобаста ба равандҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва экологӣ дар шароити ноустувор қарор дорад.

Дар баробари дигар давлату кишварҳои тараққикарда хатари терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, буҳронҳои  пайвастаи  сиёсию иқтисодӣ, зиддиятҳои мазҳабию динӣ, Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро водор месозад, ки дар роҳи пешгирии оқибатҳои хатарнок ва фалокатбори он чораҳои  зарурӣ андешем.

Ҳодисаҳое, ки таи солҳои охир дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна, Ироқ, Сурия, Либия, ки асосан кишварҳои мусулмоннишин ба ҳисоб мераванд, зери таъсири зиддиятҳо ва дасисаҳои манфиатдорони берунӣ ва дохилӣ қарор гирифта, минтақаҳои даргир ба шумор рафта истодаанд. 

Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии зери таъсири хоҷаҳои беруна қарор гирифтани кишварҳои мусулмоннишин  ин аз худ намудани боигариҳои табии ин давлатҳо, аз қабили нефту газ  мебошад.

Барои расидан ба ин мақсадҳои нопоки худ  давлатҳои  абарқудрат  кӯшиш намуда истодаанд, ки дар ин кишварҳо ҷангу ҷидол ва дасисаҳои ғаразноки худро роҳандозӣ намуда, соҳиби боигарӣ ва захираҳои энергетикӣ  гардида,  ҳамзамон бо ин роҳ  кишварҳоро таҳти тасарруфи худ қарор диҳанд.

Тибқи маълумот ва хулосаҳо маълум мегардад, ки сабаби бозичаи дасти дасисабозон ва хоҷаҳои беруна гардидани мардуми ин кишварҳои даргир, инчунин ба амал омадани падидаҳои номатлуби ифротгароӣ, террористию экстремистӣ дар ин кишварҳо аз надоштани дониши кофии диниву дунявӣ, набудани ваҳдати миллӣ ба миён меояд. Ин аст, ки рӯз аз рӯз ҷанги шаҳрвандӣ, қабилавӣ ва мазҳабӣ дар ин кишварҳо ба тозагӣ аланга дорад.

Дигар омили асосии зиёд гардидани теъдоди  пайравони ташкилоти динӣ-экстремистӣ, ки сабаби аслии шомил гардидан ба ташкилоти террористӣ мебошад, мавҷуд набудан ва ё мақсаднок фаъолият надоштани дастгоҳҳои идеологӣ, дониши пасти сиёсӣ ва ҳуввияти ғайримиллӣ доштани пешвоёни динӣ мебошад.

Аз тақлид ва бегонапарастӣ, аз ҷаҳолат ва фарҳангу маданияти костаи сиёсӣ истифода намуда, ҳизбу ҳаракатҳо, ҷараёнҳои хусусияти ифротгароидошта идеологияи ғаразноку манфиатбор ва амалҳои ғайришаръии худро дар замири мардум талқин намуда, мардумро фирефтаи  худ месозанд.

Чи тавре, ки дар конфренсияи байналмиллалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатовез” моҳи майи соли 2018 баргузор гардида буд, дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо изҳори нигаронӣ аз авҷи низоъҳо ва зуҳуроти терроризм ва экстремизм қурбон гаштани ҳазорон мардуми бегуноҳу бехонаву дар мондани миллион нафар зарурати таҳияи тадбирҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳони барои мубориза бо терроризм ва экстремизм аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низоми ва молиявии ин зуҳуроти манфӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз намуданд, ки “Мутассифона мо имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷаҳон раванди рақобатҳои стратегӣ шиддат гирифта, нишонаҳои дубора доман паҳн кардани “Ҷанги сард” возеҳ мушоҳида мешаванд. Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ”.

Дар ин раванд Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, ки набояд терроризм ба номи ягон дин, аз он ҷумла ба дини ислом баста шавад, зеро ки бадном кардани дини мубини ислом, ки имрӯз  пайравонаш зиёда аз якуним миллиард аҳолии кураи заминро ташкил медиҳанду дар рушди ҷаҳони мутамадин саҳми арзанда доранд метавонад оқибатҳои хатарзоро ба бор орад.

Зимнан барои гирифтани пеши роҳи исломситезщи моро зарур аст, ки фазои эътимод таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа тавсия бахшем, ки ин дар навбати худ, имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад.

Дар ин робита борҳо таъкид гардидааст, ки терроисту ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад.

Террорист – террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худи” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгаро тундгаро” буда наметавонад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифратгароӣ дидан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умуми таҳия ва қабул карда шавад.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки вақтҳои охир зуҳур намуд, ин паҳн намудани ғояҳои ифротӣ дар шабакаи интернет мебошад.

Пешвои миллат ин масъаларо муҳим арзёби намуда чунин қайд менамоянд, ки яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгарова тероризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористи ваеъ истифода гардидани технолдогияҳои иттилоотӣ бахусус шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзоҳои нав, омода ва роҳбари намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо мансуб меёбад.

Мо-тоҷикон бод фаромӯш насозем, ки яке аз омилҳои асосӣ сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва ба гурӯҳҳои мухолиф тақсим шудани ҷавонони бетаҷриба ҳамин тарғиботи тундгарона ва ташфиқоти яктарафаи сиёсати бегонапарастӣ буд, ки ватани моро ба вартаи шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ гирифтор намуд ва мо он меваи талхи тундгароию зиёдаравиро чашидем, ки хатарҳои мудҳиш ва чигуна оқибатҳои ногуворро пеш овард.

Аз ин лиҳоз ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар хусусан ҷавонон бояд зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии маънавиро аз даст надиҳанд, худогоҳӣ, инсонпарварию ватандӯстиро пуштибони намуда, фирефтаи сиёсати ғаразноки бегона нашаванд.

Бояд донем, ки беҳтарин мубориза ба муқобили тундгароии ҷоҳил ин талқини маърифати солими динию дунявӣ ва омӯзиши илму дониши замонавӣ мебошад, ки онро Пешвои мазҳаби мо Имоми Аъзам оқилона пайгирӣ менамояд.

Мо аз истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиамон шукргузори намуда, Ватани азизамонро бештар бояд дӯст дорем ва баҳри ободию шукуфоии он заҳмат кашем.

Бо шукргузорӣ аз тинҷиву оромӣ ва суботи сиёсӣ дар ватани маҳбубамон аз ҳамаи Шумо фаъолони баору номуси ноҳия даъват ба амал меорам, ки дар атрофи сиёсати сулҳпарварона, хирадмандона ва ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, иштироки фаъолонаи худ дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ баҳри таҳким бахшидани  Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро гузошта,   нагузорем то ин, ки ягон душманони миллат бо истифода аз ҳаргуна равияву ақидаҳои динии хусусияти экстремистиву террористи дошта ба оромии кишвари азизамон халал ворид намоянд.

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top