Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Солимии оила - солимии ҷомеа

Ҳар як шахс, новобаста аз  синну сол, миллат, нажод, маълумот, табақаи иқтисодӣ ва дигар хислатҳо, ба панду насиҳат, маслиҳати шахсони рӯзгордида эҳтиёҷ дорад.

Миллати мо, миллати сулҳхоҳу сулҳофар аст.

Бинобар ин  яке аз роҳҳои асосӣ ва сифатноки пешгирии вайроншавии оилаҳо ин доир намудани суҳбатҳои хусусияти тарбиявидошта  бо аъзои оилаҳое, ки хатари ҷудошавӣ доранд,  мебошад.

Мақсад аз баргузории чорабиниҳо байни аҳолӣ, ҷавонон дар  муайян намудани оилаҳои ноором, ноосудаҳол ва  нопурра мебошад, яъне он оилаҳое, ки дар онҳо мунтазам амалиётҳои зӯроварӣ аз ҷониби яке аз аъзоёни оила нисбати дигаре содир карда мешавад, бо ягон сабабҳо мавҷуд аст, оилаҳое, ки фарзанди маъюб дорад ва умуман оилаҳое, ки муҳтоҷи кӯдак ва дастгирӣ мебошанд.

Намояндагони Кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳия дар ҳамкорӣ бо  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар рафти фаъолияти кории муштарак бо фаъолон ва раисони маҳаллаҳо оид ба  оқибатҳои нохуши вайроншавии оилаҳо суҳбатҳои хусусияти тарбиявидошта доир намуда, никоҳи хешутабории оилаҳои ҷавонро пешгирӣ месозанд. Зеро бештари кӯдакони маъюбе, ки ба  қайди гирифта шудаанд, дар оилаҳои никоҳи хешутаборӣ наздикдошта, ба дунё омадаанд.  Яке аз сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон низ мебошад. Дар оилаҳое, ки 1 ё 2 фарзанди маъюб ба дунё меояд, аксарияташон ба ҷудошавӣ мерасанд. Мо бояд дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ барем, ки дар байни фарзандони хеш ҷудоӣ наорем. Пеш аз оиладор кардани фарзанд андеша намоем, то фарзандонамонро дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон нагузорем.

Аксари  ҷиноятҳо маҳз  аз тарафи ноболиғоне, ки дар оилаҳои нопурра, ноором ва ноосудаҳол ба воя расида истодаанд, содир мешаванд. Аз он ҷумла майзада, шахсоне, ки маводи мухаддир истифода мебаранд ва ба бемории норасоии масъунияти одам гирифтор мебошанд.

Лозим ба қайд аст, ки дар натиҷаи баргузории ин намуд суҳбатҳои дастаҷамъона ва муштарак, аксарияти оилаҳо боз ба созиш омада,  зиндагии якҷояи худро боз ҳам хубтар давом дода истодаанд ва ҳатто миннатдории худро низ изҳор менамоянд, ки мо баҳри ба созиш омадани оилаҳо саҳми худро гузошта тавонистам.

Дар боло оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила  яке аз сабабҳои  асосии пошхӯрии оилаҳо ин маҳз дар оилаҳо  содиршавии зӯроварии намудҳои иқтисодӣ, рӯҳӣ ва ҷисмонӣ мебошад. 

Дигар намуди  ба диққати аҳолӣ  расонидани маълумотҳо оид ба  оқибатҳои нохуши вайроншавии оилаҳо ин баргузории вохӯриҳои мунтазам бо аҳолӣ, аллалхусус ҷавонон мебошад. Бо мақсади гузаронидани корҳои инфиродӣ дар маҳаллаҳои ноҳияи Вахш аз ҳисоби  занони фаъолу собиқадор, табибон раисони  маҳаллаҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шудаст, дар бораи иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», оид ба масъалаҳои баланд бардоштани дониши ҳуқуқии мардум, маърифати оиладорӣ, паст кардани сатҳи бекоршавии ақди никоҳи оилаҳои ҷавон, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳама гуна хушунату зуроварӣ дар оила ва ташвиқу тарғиби доимии тарзи ҳаёти солим, оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, аз ташхиси тиббӣ гузаштани ҷавонон мавриди бастани ақди никоҳ, ба шавҳар додани духтарони ноболиғ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро вохӯрию суҳбатҳо гузаронида мешавад.

Ҳадаф аз баргузории ҳама чорабиниҳои сатҳи ҳукуматӣ ин таъмин намудани ояндаи дурахшони кишварамон мебошад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Солимии оила солимии ҷомеа мебошад”.

Сардухтури КАТС-и ноҳия: Абдувалӣ ҚУРБОНОВ.

 

 

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top