Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Ноҳияи Вахш

Вахш, ноҳияи маъмурӣ дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 6 январи соли 1965 таъсис ёфта, дар водии Вахш воқеъ гаштааст. Вахш аз шимол ба шаҳри Сарбанд, аз шарқ бо навоҳии Данғараву Фархор, аз ҷануб бо ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва аз ғарб бо ноҳияи Бохтар ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати ноҳия 965,11 км2 буда, шумораи аҳолиаш зиёда аз 183700 нафарро ташкил менамояд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 –160,4 нафар. Дар ноҳия 2 ҷамоати шаҳрак, 5 ҷамоати деҳот, 20 корхонаи саноатӣ, 3 ширкати сохтмонӣ, ҷамъияти матлубот, корхонаи коммуналӣ, 2 хоҷагии давлатӣ, 1 хоҷагии ҷамоавӣ ва зиёда аз 6000 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мавҷуд аст. Маркази ноҳия – шаҳраки Вахш ба ҳисоб меравад.

Ҳудуди ноҳия асосан ҳамвор буда, аз сатҳи баҳр 400 – 500 м баланд аст. Дар қисми шарқиаш баландиҳо воқеъ буда, тадриҷан ба қаторкӯҳҳои Тераклӣ мегузаранд. Сарватҳои зеризаминиаш – масолеҳи бинокорӣ (гил, рег, шағал). Иқлими Вахш континентии субтропикист. Тобистон – гарми хушк, давомнок. Ҳарорати миёнаи июл – 28,90С, гармтаринаш – 430С. Зимистон нарми камбарф. Ҳарорати миёнаи январ – 0,90С. Боришоти солона 260–270 мм. Давраи нашв (аз 50С зиёд) – 300 рӯз.

Дар Вахш бештар хоки хокистарранг, дар қисми ҷануби ғарбиаш шӯрхок дида мешавад. Рустаниҳояш нимдаштӣ (ғешаю ҷорӯбак). Аз ҳайвоноти ваҳшӣ гург, шағол, рӯбоҳ, аз хазандаҳо мор, сангпушт, аз парандаҳо гунҷишк, фароштурук, кабк, бедона ва ғайра вомехӯранд. Аз ҳудуди ноҳия дарёи Вахш мегузарад. Заминҳо ба воситаи наҳри магистралии Вахш, ки аз он ҷӯю наҳрҳои дигар ибтидо мегиранд, обёрӣ мешаванд. Барои обшӯи заминҳо як қатор пойгоҳҳои насосӣ кор мекунанд ва инчунин чоҳу заҳбурҳо низ канда шудаанд.

Ноҳияи Вахш аз минтақаҳои кишоварзию саноатии ҷумҳурӣ аст. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш пахтакорӣ, махсусан, пахтаи навъи маҳиннах буда, боғдорӣ, чорводорӣ ва пиллапарварӣ ҳам ривоҷ ёфтааст. Соли 2003 дар Вахш 4 хоҷагии давлатӣ ва 5200 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мавҷуд буданд. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 155270 га, аз ҷумла, заминҳои обӣ 22349 га, заминҳои корам 16696 га, пахтазор 9500 га, майдони боғ 842 га, тутзор 80 га, зроатҳои ситрусӣ ва субтропикӣ 45 га, токзор 409 га, чарогоҳ 197411 га. Аз зироати ғалладона гандум, ҷав, шолӣ ва ҷуворимакка мекоранд. Обу ҳавои Вахш барои боғу токдорӣ ва зироати ситрусӣ – лиму мувофиқ аст.

Дар ноҳия (2012) 6 ҳазор тонна гӯшт, 18,2 ҳазор тонна шир, 2 млн дона тухм, 24 ҳазор тонна пахта, 16 тонна пила, 17 ҳазор тонна картошка, 2,8 тонна меваҷот, 51,9 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол шудааст. Соҳаи дигари мухими хоҷагии ноҳия – чорводорӣ. Саршумори чорво дар ҳамаи бахшҳо (1.1.2013), ба ҳисоби сар): гов 35320 сар, модагов 18159 сар, гӯсфанду буз 115257 сар, парандаҳо 87544. 

Дар ҳудуди ноҳия корхонаву ширкатҳои саноатӣ, аз ҷумла, ҶС «Элит», ҶС «Сомон–ЛТД», ҶММ «Сафари Кот-Инвест», ҶММ «Беҳрӯзи Мурод», ҶММ «Насими Вахш», ҶСШК «Равғани Киров», ҶДММ «Насими кӯҳсор», ҶММ «Леваканд», ҶММ «Азия-Восток», ҶММ «Унверсал» фаъолият доранд.

Аз ҳудуди ноҳия то роҳи оҳани сербари Тирмиз – Бохтар – Ёвон мегузарад. Роҳҳои автомобилгард Вахшро бо шаҳри Бохтар ва Душанбе пайвастаанд.

Дар тобеияти беморхонаи марказӣ, 4 беморхонаи мнтақавӣ, маркази тиббии оилавӣ, 13 маркази саломатии деҳот, 6 дорухона, 47 бунгоҳи саломатӣ, маркази давлатии беҳдоштӣ (сантарию эпидемеологӣ), шифохонаи зидди бемориҳои сил, шифохонаи бемориҳои пӯст ва зуҳравии ноҳия мавҷуд буда, дар онҳо 188 духтури маълумоти олидор ва 601 нафар корманди маълумоти миёнаи тиббидор фаъолият доранд.

Дар ноҳия 64 мактаб, аз ҷумла, 50 муассисаи таълимии умумӣ, 14 мактаби таҳсилоти асосӣ, омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, литсей, мактаб-интернат, 8 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, 1 маркази корҳои иловагӣ, маркази технологияи иттилоотӣ ва маркази дарёфти рушди истеъдодҳо арзи вуҷуд дорад, ки ба онҳо 2003 омӯзгор машғули тадрису таълим мебошанд.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Вахш 5 хонаи фарҳанг, 15 клуб, 36 адад китобхона, 1 мактаби мусиқӣ, 1 мактаби рассомӣ, 1 боғи фарҳангию фароғатӣ мағозаи китоб мавҷуданд.

Дар ноҳия ба пешрафти варзиш диққати махсус дода мешавад ва айни замон 3 майдончаи варзишӣ, 4 толори варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварии болопӯшида, 1 шаҳрчаи гимнастикӣ, 1 майдони теннис фаъолият мебаранд. Дар ноҳия 3672 нафар варзишгар, аз ҷумла, зиёда аз 10 нафар мураббии соҳа, 2 нафар варзишгари унвондор ҳастанд.

Ёдгориҳои таърихии Вахш Аҷиннатеппа, Чоргултеппа, Қизлартеппа, Теппаи Ҳазрати Баракат ба ҳисоб мераванд. Рӯзномаи ноҳиявӣ низ «Вахш» ном дорад.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top