Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Пешгирӣ ва фаъол гардонидани аҳолӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ

Сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи хештаншиносии мардум ҳадафҳои баланди миллатсозӣ дорад ва татбиқи амалии он вазифаи на танҳо аъзои ҳизб, балки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар мебошад.

Миллати тоҷик дар саргузашти таърихии худ борҳо ба рӯзгори ошуфтабор рӯ ба рӯ шуда, гирифтори шикастҳои бузурги давлатдорӣ гаштааст. Яке аз шикастҳои ҳалокатбори тоҷикону эронитаборон ҳамалаи Искандари Мақдунӣ ба сарзаминашон буд. Искандар ҳама сарватҳои ин сарзаминро ғорат карда ба Юнон бурд. Ҳатто китоби муқаддаси тоҷикон «Авасто»-ро рабуда, он бахшҳоеро ки ба илму фановарӣ пайвастагӣ доштанд гирифт ва бахшҳои оҳанги тарбияи милливу ватанпарастӣ доштаашро ба оташ афканд.

Гузаштагони мо ин шикастро паси сар карда, марзу буми худро дубора обод сохтанд. Аммо аз ин ҳам шикасти пурзӯртару ҳалокатбори миллати мо ҳамлаи араб буд, ки тоҷикон дер боз натавонистанд захмҳои хунбори баборовардаи онҳоро дармон бахшанд. Ҳамлаи араб ба сарзамини тоҷикон ва қатлу коштори бешумори мардумон як паҳлӯи ин шикаст буд ва шикасти пурхатар дар он буд, ки араб ҳадаф дошт бо сӯистифода аз мақому номи дин забону фарҳанг ва андешаи миллии тоҷиконро аз байн бибарад. Онҳо дар ин талошҳои худ борҳо комёб гашта буданд. Ҳамон гуна ки кишварҳои Миср, Сурия, Уммонро забт карда, забону фарҳангашонро арабӣ сохтанд. Имрӯз дигар забонҳои мисриву суриёнӣ вуҷуд надошта, ба гурӯҳӣ забонҳои мурда дохил мебошанд. Яъне нахуст бар асари таблиғоти бартарии забони ишғолгарон аз забони мардумони маҳаллӣ ва ҷорӣ кардани ҷизя (ҷарима) – андозҳои калон, барои надонистани забони арабӣ, забони модариашон аз миён рафта, забони арабиро пазируфтанд. Гузашта аз ин, андешарониҳои мардумони кишварҳои номбурда комилан арабӣ гаштанд. Бад-ин тартиб тафаккури миллӣ аз байн бардошта шуда, миллат ба чоҳи худноогоҳии миллӣ афтида, биноии худро барои муддате аз даст дод.

Ҳамин заъфи ҳуввияти миллӣ, яъне аз ёд рабудани хотираи таърихӣ буд, ки тоҷикону эронитаборон пайваста дар рӯ ба рӯи ҳамлаварони бодиянишини муғулӣ ва туркӣ муқовимат карда натавониста, марзу буми худро аз даст доданд.

Пажӯҳишгарон бо таҳлилҳои худ сабабҳои бохтҳои гузаштаи тоҷиконро баррасӣ намуда, дарёфтаанд, ки бегонагони бадкирдор ва асолатбохтагону фурӯхташудагони худӣ аз роҳи ба ҳам муқобил бознамоёндани пайвандгоҳи арзишҳои асили миллӣ ва боварҳои динӣ борҳо мардуми моро ба ҳамдигарбадбинӣ аз роҳи тафриқа ангехтан миёнашон водошта, ба пайкари миллат шикастҳои маргбор ворид кардаанд. Чунин буд замони ҳамлаҳои тозиёну турку муғул, ки яке бо ҳангомаҳову баҳонаҳои диноварӣ, дигаре «ғазаби худоро» дар симои ҳамлаварон дидану, мардумро аз бархостан дар рӯбарӯи душманон боздошта, зимоми давлатдориро ба дасти бегонагон доданд. Чуноне донишмандон огоҳанд, дар замони ҳозир экстремизми сиёсӣ, бар пояҳои идеологияи ислом беш аз пеш густариш меёбад, ки дар фаъолиятҳои хеш усулҳои ифротӣ, ё томгароии муборизаи сиёсиро ба кор мебаранд. Ифротгароёни ашадӣ асарҳои бешуморе навишта, мусалмононро бо номи “ҷиҳод” бар зидди ҳамдигар бармеангезанд ва мехоҳанд ақидаҳои ифротгароиро тобиши илмӣ бибахшанд. Асарҳои онҳо унвонии «Ба корвон бипайвандед», «Интиҳориён – худкушон ин маводи сохтмонии ислом мебошанд», «Мо ба ҷиҳод эҳтиёҷ дорем» ва монанди он мусалмононро ба муборизаҳои бераҳмона зидди “ғайримусалмонон” ва ба пиндори худашон «мушрикони дин» даъват мекунад.

Дар марҳилаи кунунӣ экстремизми исломӣ пайваста тобишҳои нав ба нав ба худ касб карда, кайҳост омили равшани сиёсати ҷаҳонӣ гаштааст. Ҳадафҳои асосии ифротгароёни исломӣ дар ҷомеа ин суст кардани худшиносии миллӣ, қувват додани бегонапарастӣ, ва дар маҷмуъ ба вуҷуд овардани ҷангу ҷидолу ихтилоф дар ҷомеа буда, аслан василаеанд барои амалишавии нақшаҳои давлатҳои абарқудрат барои идора кардани ҷаҳон. Мо бо чашми худ дида истодаем, ки исломи радикалӣ ва бегонапарастӣ чӣ гуна кишвари ҳамҷаворамон Афғонистонро ба нокомиҳои хунин гирифтор кардааст. Ифротгароии исломӣ дар Афғонистон як насли пурраи «афғонони арабӣ»-ро эҷод кард, ки минбаъд поягузорони тамоми дастаҳои террористии исломӣ, аз ҷумла Ал-Қоида гаштанд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон ба бунёди модели нави давлати исломии тамоюли қатъии тариқати ваҳҳобидошта, дар намунаи Толибон – Аморати исломии Афғонистон оварда расонд. Имрӯз дар ин ҷо ва як идда кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Сурия, Ироқ, Миср, Лубнон ба номи ислом бадтарин ҷиноятҳои зиддиинсонӣ, зидди уммати мусалмон ва дигар инсонҳои ҷаҳонро содир мекунанд. Тавре солҳои 90-уми асри гузашта ифротгароёни динӣ, ки аслан фурӯхташудагони дастгоҳҳои ҷосӯсии кишварҳои абарқудрат буданд, мардумро бо шиорҳои муқаддаси озодӣ, демократия, бозгашт ба дингароии саросарӣ, бунёди Тоҷикистони озоду обод ва исломӣ фиребида, талош варзиданд қонунеро, ки ҳадафи асосиаш ҷорӣ кардани шариъат ва ба ҷазо гирифтор кардани дигарандешон буд, дар либоси ҳизби наҳзатии ислом, ба расмият дароваранд.

Солҳои ахир асолатбохтагон талош варзидаанд либоси сатри занонро, ки хоси арабони биёбонгард аст (ҷиҳати пӯшонидани сару рӯй аз бодҳои биёбонии кӯчандаи регзорҳо) расми либоспӯшии тоҷикон гардонанд, аммо бар муқобили ин бегонапарастӣ равшанандешон, ба вижа бонувони андешаманд ва фаъоли ҷомеа бархоста, нагузоштанд, ки суннатҳои бостонии мо аз байн бардошта шавад.

Имрӯз, ки ба андешаҳои иддае аз мардумони мо аз ҳад беш деви тамаъ чираманд гашта, бовариҳои равонии ҷавононро аҳриманони хуфта дар пушти пардаи салафӣ, таҳрирӣ, наҳзатиҳои исломӣ, давлати исломӣ ва соири дастаҳои таассуббарангези ошкору ниҳон, рабуданианд, мебояд дар пайи ҳар чи зудтар ба воя расондани табақаи равшангарони ҷомеа буд. Мебояд идеяи худогоҳии миллӣ дар миёни ҳама табақаҳои ҷомеа ташвиқу тарғиб гардад. Яқин аст шахсе, ки арзишҳои миллиро муқаддас намедонад, ҳатто дар радифи аввали бовариҳояш амнияти ватанро намегузорад, ҳаргиз тоҷики асил буда наметавонад.

Донишмандону таҳлилгарон дуруст дарёфтаанд, ки ҳар давлате ё давлати миллӣ бошад, ё не албатта манфиатҳои миллӣ дорад. Мо тоҷикон то дирӯз дарнамерафтем, ки манфиати миллӣ дорем, ё на. Имрӯз ин нуктаро аз самими дил мебояд пазируфт, ки манфиати миллии тоҷикон фаротар аз дигар манфиатҳо аст.

Воқеан, он сарулибосе, ки миёни бонувони кишвар дар баъзе маҳалҳои Тоҷикистон, хусусан дар деҳоти мамлакат ва гоҳо дар шаҳрҳо муд шудааст, ягон асолати милливу динӣ надоранд. Тариқи ҳиҷоби баъзе занҳо низ на ба он гунаест, ки диёнат тақозо дорад. Ин ҳама аз тақлиди кӯр-кӯрона ва нобасомони бонувон аст, ки реша дар ҷаҳолату нодонӣ ва ноогоҳӣ аз фарҳанги миллӣ дорад. Риояи эътидол дар ҳар амал лозим аст. Махсусан, вақте ки занони муҳтарам ранги сиёҳу торикро мавриди интихоби либос қарор медиҳанд, маълум мегардад, ки завқи эстетикии эшон коста шуда, салиқаи либоспӯшии маданиро гум кардаанд. Ранги сиёҳ ва ҳамон тавре, ки дар бисёре аз кишварҳои араб бонувон либоси хешро бо ҳамин ранг мепӯшанд, бо фарҳанги миллии мо қаробате надорад. Таваҷҷуҳ ба ин ранг қисман бозмонда аз давраи хилофати Аббосиён аст, ки ранги сиёҳ ранги парчам ва дигар рамзҳои давлатдориашон буд. Яъне ин масъала аслан ҷанбаҳои сиёсӣ дорад, на динӣ. Дар бовариҳои милливу динии мо ранги сиёҳ ин ранги мотам ва торикиву ҷаҳолат аст ва ба шумори рангҳои хоси шайтон дохил мешавад, ки шайтон ҳамчун душмани башарият пайваста дар пайи гумроҳ сохтану бадбахт кардан ва ба мотам гирифтор кардани инсонҳост. Аз ин ҷост, ки аз қадимулайём мардуми хирадманди тоҷик ҳатто дар маъракаҳои азову мотам сарулибоси рангаш кабуд ба бар мекарданд, яъне ранги кабуд ҳамчун нишона аз азодорӣ фаҳму дарк мешуд ва сиёҳро ба он хотир намепӯшиданд, ки шайтонро хурсанд накунанд. Сиёҳпӯшӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба фарҳанги тоҷикӣ хос набуд ва нест. Ҳатто аз лиҳози ҷуғрофӣ низ ранги сиёҳи либос мутобиқи обу ҳавои Тоҷикистон нест.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои этнографӣ, халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ чодарпӯшиву сиёҳпӯшӣ намекард. Аммо мутаассифона, баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн намуда, мехоҳанд вокуниши шадиди қисмати дигари мардумро ба вуҷуд оранд. Яъне боз тафриқаангезӣ дар заминаи хурофоти динӣ.

Дар фарҳангу таомули аҷдодии тоҷикон асосан се ранг – сафеду сабзу бунафш ҷойгоҳи хоса дошт ва мардону занон ҳангоми либоспӯшӣ аз ин се ранг истифода мекарданд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ, муфассири Қуръон ва донишманди маъруф, дар асари безаволи худ «Футувватномаи султонӣ» моҳияти ин рангҳоро чунин шарҳ додааст: «Ранги сафед ранги рӯз аст ва аз он ҷамоатест, ки дилашон равшан ва синаашон аз кудурратҳо соф бошад. Ранги сафед, яъне ранги субҳи содиқ ва равшанибахш. Ранги сабзу бунафш - ранги сабза ва об, олиҳимматӣ ва зиндадилӣ, монанди об ҳаётбахшу дилпазир». Инчунин, мутобиқи ҳадис паёмбари Ислом Муҳаммад (с) низ ранги сабзро дӯст медоштааст.

Ҷиҳатҳои дигараш пайванд дорад ба тарбия, ахлоқ ва диди инсон ба зебоӣ ва ғайра. Ҳамин тавр, бегонапарастиву тақлид хилофи ҳама гуна тамаддуну маънавият буда, дар ягон давру замоне намояндаи ин ё он миллатро муҳтарам накардааст. Баръакс, пос доштани ҳар як унсури фарҳанги миллӣ на фақат асосҳои маданияти миллиро устувор мекунад, балки барои ба наслҳои баъдина интиқол додани онҳо кӯмак мерасонад, ки ин хоси инсонҳои соҳибмаърифат аст. Ба унвони мисол, бегонапарастии занон хоҳу нохоҳ дар тарбияи фарзандонашон ҳам таъсири манфӣ мерасонад. Фарзандон аз онҳо бегонапарастиро омӯхта фарҳанги асили миллиамонро, ки эҳтироми падару модар дар ҷойи аввал меистдад, аз даст медиҳанд. Ҳолатҳое шуд, ки фарзандон таҳти таъсири фарҳангу оини бегонагон қарор гирифта, падару модари худро дар хонаи пиронсолон партофтанд, ё худ бегонапарастони динӣ бошад, падару модарони худро (ки дар бегонапараст шудани фарзандонашон аслан худашон гунаҳгоранд) кофиру дӯзахӣ гуфта, таҳдид ҳам карданд, ки “мувофиқи шариат бояд саратонро аз тан ҷудо кунем” ва ғайра. Ин аст оқибати бегонапарастии модарони мо ва падароне, ки занҳои худро ба бегонапарастӣ ва пӯшиши либоси бегона маҷбур мекунанд.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top