Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Баромади раиси ноҳияи Вахш дар нишасти матбуотӣ бо ВАО дар соли 2017

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолон ва меҳнаткашони ноҳияи Вахш баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми сафари кориашон моҳи августи соли 2017 дар ноҳияи Вахш бо фаъолон ва заҳматкашони ноҳия вохури ва суханронӣ намуда буданд сармашқи кори худ намуда, то ин давра аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода бурда  корҳои муайянеро ба сомон расониданд.

Дар ин давра, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 8 фоиз афзоиш ёфта, 941 млн. 435 ҳазор сомониро ташкил дод, ки  нисбати ҳамин  давраи соли  гузашта 75 млн. 140 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.  

Дар ин давра, ҷамъоварии андозҳои маҳаллӣ 100 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷойи 28 млн. 736 ҳазору 183 сомонӣ, 28 млн. 736 ҳазору 272 сомонӣ маблағ ворид карда  шудааст.

Ҷамъи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ нақшаи андозҳо 99 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 38 млн. 162,5 ҳазор сомонӣ маблағҳо ворид карда шудаанд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли 2016-ум 5,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. 

Иҷрои нақшаи қисми хароҷоти буҷет ба маблағи 60 млн. 644 ҳазору 789 сомонӣ таъмин карда шуд.

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 31,9 млн. сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст.

Дар ин давра, шумораи нафақахӯрон дар Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия 12 655 нафар ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳисоби миёнаи маблағи нафақа дар як моҳ 242,35 сомониро ташкил медиҳад, ки маблағҳои нафақахурон дар ин давра маблағгузорӣ шуда, пардохт гардидааст.

Дар соли ҷорӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба 1 791 адад расонида шудааст, ки 109 фоизи иҷроиши нақшаи  солонаро ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2016-ум 72 адад зиёд мебошад.

Музди миёнаи меҳнат дар ноҳия 735,75 сомониро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 124,62 сомонӣ зиёд мебошад. Ҳолати қарздории музди меҳнат ва қафомонии пардохти он дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия аз рӯи ҳисоботҳои оморӣ дида намешавад.

Бонкҳои ноҳия ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ 36,5 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намудаанд, ки нисбати соли 2016-ум 6,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ноҳия ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ низ диққати махсус равона гардида, кишоварзон ва чорводорони ноҳия ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ба 779,2 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,4 млн. сомонӣ зиёд буда, 2,4 фоиз афзоиш ёфтааст, аз он ҷумла: растанипарварӣ 542 млн. 192,6 ҳазор сомонӣ, чорводорӣ 237 млн. 019,5 ҳазор сомонӣ ва моҳипарварӣ 356,0 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар ин давра ғалладонагиҳо 50 ҳазор тонна, сабзавот 72,8 ҳазор тонна, картошка 10,6 ҳазор тонна, меваҷот 3,1 ҳазор тонна, ангур 6,2 ҳазор тонна, асал 24,5 тонна, гӯшт 9,3 ҳазор  тонна ва шир 18,3 ҳазор тонна истеҳсол карда шуда, мутаносибан нисбати ҳамин давраи соли гузашта афзоиши ин намуди маҳсулотҳо аз 3 то 9 фоизро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли пахта бошад, ба 21 000 тонна расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,7 фоиз зиёд мебошад.

Саршумори чорводар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ:ҳайвони калони шохдор ба 46 051 сар – 1 415 сар зиёд, аз ҷумла модагов ба 22 257 сар - 819 сар зиёд, моли майдаи шохдор ба 159 450 сар – 7 097 сар зиёд ва саршумори асп 2507 сар - 20 сар расонида шудааст.

Гӯсолагирӣ ба сад сар модагов 71 сар ва баррагирӣ ба сад сар 99 сарро ташкил медиҳад.

Барои бетелаф баровардани чорво аз мавсими сармо 32 348 тонна хӯроки дурушт ва 1660 тонна хӯроки ширадор захира карда шудааст, ки нисбати соли гузашта хӯроки дурушт 3 488 тона ва хӯроки ширадор 660 тона зиёд мебошад.

Раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ таҳти таваҷҷуҳи хосса қарор дошта, дар ин давра маблағгузории асосӣ аз ҳамаи манбаҳо ба 16,5 млн. сомонӣ ва корҳои сохтмону васлкорӣ аз ҳамаи манбаҳо ба 14,4 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 33 фоиз афзоиш ёфтааст.

Афзоши ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ ба андозаи 38,9 фоиз ба маблағи 12,5 млн. сомонӣ анҷом дода шудааст.

Дар ин давра, 6 адад иншоот мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, сохтмони 4 адад иншоотҳо идома дошта, сохтмони 5 адад иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, бахшида ба соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017-ум аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ  4 адад майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, ба 145,6 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 млн. сомонӣ зиёд буда, 143,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 3,4 млн. нафар - нисбати соли гузашта 91,3 ҳазор нафар зиёд ва боркашонӣ ба андозаи 1,5 млн. тонна - нисбати соли гузашта 10,8 ҳазор тонна зиёд расонида шудааст.

Бо дастгирии соҳибкорони ноҳия зиёда аз 1 млн. сомонӣ маблағ ҷиҳати корҳои сохтмонӣ, аз он ҷумла таъмири 3 адад пул, 6,1 км таъмири роҳ ва 56 км таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст.

Ҷиҳати пешрафт ва рушди соҳаи маориф диққати зарурӣ равона карда шуда истодааст.

Дар соли ҷорӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони 50 адад синфхонаҳои иловагӣ ва бо дастгирии  Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон 1 адад муассисаи таълими умумӣ №22-и ноҳия бо 250 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳия, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ ба маблағи 5 млн.  сомонӣ азнавсозӣ карда шуд.

Сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ барои 500 хонанда дар муассисаи №21-и ноҳия аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия идома дошта, ҳамзамон сохтмони 10 синфхона барои 500 хонанда дар ду баст ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мазкур бо маблағгузории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон идома дошта, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. 

Тибқи хулосаи Маркази Миллии Тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон 1150 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шуда, сазовори номи донишҷӯ гардиданд.

Иҷрои Барномаи компютеркунонӣ ба 101 фоиз расонида шуд.

Шумораи умумии ҷавонон дар ноҳия 60 ҳазору 200  нафарро ташкил дода, аз ин шумора машғули таҳсил 21805 нафар буда, 125 нафари онҳо дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Дар ноҳия 6 нафар барандагони стипендияи Президентӣ ва 8 нафар барандагони стипендияи раиси ноҳия  мебошанд.

Бахшида ба соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017-ум 85 чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ, 40 мулоқоту вохӯриҳо, 200 мулоқотҳои фардӣ гузаронида шуда, теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди ноҳия аз 65 адад ба 75 адад расонида шуд, ки 10 адад нисбати солҳои қаблӣ зиёд мебошад.

Варзишгарони ноҳия давоми соли ҷорӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, сазовори 36 адад медал: аз ҷумла 10 адад медали тилло, 12 адад медали нуқра ва 14 адад медали биринҷӣ гардидаанд, ки ин нишондод нисбати соли гузашта 8 адад медал зиёд мебошад.

Бо мақсади амалигардӣ ва риояи тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия зиёда аз 200 адад мулоқоту вохӯриҳо ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ миёни аҳолӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар ноҳия 13 адад комиссияи доимо амалкунанда ва 64 адад комиссияҳои ҷамъиятӣ фаъолият дошта, то ин давра 2 817 адад маъракаҳо барпо гардида, 9 млн. 859 ҳазору 500  сомонӣ маблағҳо хароҷот шудааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як маърака 3 ҳазору 500 сомонӣ рост омада, 5 адад қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.

Қабул ва муроҷиатҳои шаҳрвандон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба роҳ монда шуда, дар ин давра ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 4280 нафар шаҳрвандон тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ муроҷиат намудаанд.

Ҳамзамон, бо мақсади қонеъ гардонидан, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон реҷаи қабули шаҳрвандон тасдиқ карда шуда, тибқи он рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз тарафи раиси ноҳия шаҳрвандон қабул ва хоҳишу дархости онҳо баррасӣ ва қонеъ гардонида мешаванд.

Нисбати Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар дар бораи самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии мамлакат чун Паёмҳои ҳамасола аз ҷониби сокинони ноҳияи Вахш бо хушнудӣ пазируфта шуда, ҷиҳати бори дигар ба мардум талқин намудани иҷрои ҳадаф ва мақсадҳои дар Паём дарҷгардида нақша чорабиниҳо таҳия гардонида шуда, бо мардум сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда истодаанд.

Эълон гардидани Соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ яке аз иқдомоти навбатии муҳтарам Пешвои миллат дар самти худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба суннату оинҳои нек ва ба ин васила муаррифии тамаддуни миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ кушиш ба харҷ медиҳад, ки бо васоити ахбори омма ҳамкориҳои зич  намуда оид ба бурду бохти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия маълумотҳо пешниҳод намоянд.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Бойгонӣ

Scroll to top