Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Идеологияи миллӣва худшиносии ҷомеа

Дар шароити соҳибистиқлолӣ ва рушду такомулёбии мамлакат дар робита ба тақозои ҷомеаи муосир дарёфт ва ташаккули заминаҳои гуногуни мусоидаткунанда ба таҳкими муносибатҳои ҷамъиятии ташкилӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии аҳолӣ ва дар ин замина устувор гардонидани рукнҳои идоракунии давлатӣ зарурат пайдо кардааст. Яке аз чунин заминаҳо ва ё василаҳои таҳкимбахш ва кафили сулҳу субот, оромӣ ва амнияти миллии ҷамъият ва давлат ин нерӯи пойдори (мустаҳками) мафкуравӣ ва ё зеҳнии аҳли ҷомеа, ки дар истилоҳоти илмӣ ва сиёсӣ онро идеология меноманд, мебошад.

Идеологияро дар як вақт ҳамчун мафкураи миллӣ ва ё мафкураи ҷамъиятии давлатӣ фаҳмидан мумкин аст, вале он нисбатан маънои васеъ дошта, фарогири маҷмӯи муносибатҳо ва назарҳо буда, барои талқини ғояҳо ва манфиатҳои муайяни сиёсӣ-иҷтимоӣ равона мегардад.

Мафкураи миллӣ бошад, хусусияти умумӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ дошта, бештар шаҳрвандонро барои ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, пос доштани муқадассоти миллӣ, таърих тамаддун, фарҳангӣ ва ҳувияти миллӣ ҳидоят месозад.

Боиси зикр аст, ки дар тадқиқоти мазкур зери мафҳуми «мафкураи миллӣ» мафкураи ҷамъиятии давлатӣ, ки хоси тамоми (шаҳрвандони) тоҷикистониён (новобаста аз миллат, нажод, ранги пуст ва дигар нишонаҳои миллӣ ва аққалӣ) мебошад, фаҳмида мешавад.

Ба идеология чун дигар мавзуҳои илмӣ-амалӣ аз ҷониби муқаққиқон ва олимон таърифҳои гуногун дода шудааст. Калимаи идеология хоси забони юнонӣ буда, ба ду қисм ҷудо мешавад: идея – ғоя, мафкура, фикр, ақида, андеша ва логос – калима, дониш, омӯзиш ва шуур мебошад.

Ҳамин тариқ, ИДЕОЛОГИЯ - маҷмӯи ақидаҳо ё назарҳои бонизом ва батартибовардашуда буда, манфиатҳои гуруҳҳои гуногуни иҷтимоиро инъикос менамояд, ки бар асоси он (маҷмӯи ақидаҳо) муносибатҳои одамон нисбат ба воқеияти иҷтимоӣ дарк ва баҳогузорӣ карда мешаванд ва ё шаклҳои муқарраргардидаи ҳокимият эътироф ё ин ки зарурати ислоҳот ва барҳам додани онҳо асоснок карда мешаванд [4].

Идеология илми мустақил нест, аммо он ифодагари донишҳои иҷтимоӣ-сиёсии марбут ба манфиатҳои шахсии хусусияти умумидошта буда, муносибатҳои муайяни иҷтимоиро мавриди омӯзиш ва баҳогузорӣ қарор медиҳад.

Мафҳуми идеология дар асрҳои XVIII-XIX пайдо шуда, онро мутафаккирон К.Маркс ва Ф.Энгельс ба ду мазмун ҷудо мекунанд: 1) ҷаҳоншиносии идеалӣ, ки ақида/ғоя нақши ҷавҳарии ҷаҳонро дорад, яъне ба он арзиши хело баланд дода мешавад ва 2) мафкураи касбии иҷтимоӣ-сиёсӣ, ки субъект вобастагии худро ба манфиатҳои иқтисодӣ-гуруҳӣ дарк наменамояд, аммо татбиқи онро истодагарӣ мекунад.

Инчунин, идеология зимни тадқиқоти олимон К.Мангейм, В.Парето, М.Вебер, Р.Арон, Р.Будон ва ғайра қарор дода шудааст. Тибқи назари Р.Будон идеология вазифаҳои зиёдро, ба монанди мусоидат намудан ба муттаҳидии гуруҳ, муайян ва асоснок кардани интизориҳои иҷтимоӣ ва ғайра ба иҷро мерасонад. 

Ҳамин тариқ, идеология дар илми муосир ҳамчун ташаккулдиҳандаи маънавиёт ва ҷаҳонбинии иҷтимоии мусоидаткунанда ба таъмини иттилоотии шахс/шаҳрванд оид ба муносибатҳои иҷтимоӣ, адолати иҷтимоӣ, ояндаи таърихии ҷамъият ва ғайра омӯхта мешавад. Яъне, идеология чаҳорчӯбаи муносибатҳо ва амалҳоест, ки ба фард ғизои маънавӣ дода, талаботи иттилоотии иҷтимоии ӯро дар ҷомеа ва нисбат ба ҷомеа қонеъ мегардонад.

Боиси зикр аст, ки байни мафҳумҳои идеологияи миллӣ ё давлатӣ ва сиёсӣ фарқияти зиёд ҷой дорад, мутаносибан назарҳо ва манфиатҳои онҳо дар бисёр вақт метавонад ба якдигар бархурд ва ё ихтилофот дошта бошад. Аммо дар сурате, ки сохти идории ҳокимияти давлатӣ мутлақ, яъне ғайридемократӣ мебошад ва дар ҷомеа танҳо як ҳизби сиёсӣ, ба монанди собиқ давлати Шӯравӣ ҳукмронӣ менамояд, пас манфиатҳои идеологияи давлатӣ метавонад бо манфиатҳои идологияи сиёсӣ мувофиқат дошта бошад. Яъне, номувофиқатии назарҳо ва ё гуногунандешӣ хоси ҷомеаи демократӣ буда, дар ҳаёти ҷомеа ва муносибатҳои идоракунӣ доимо ба назар мерасанд ва роиҷ мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити демократикунонӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ ва идоракуниро ба роҳ мондааст, чун қисми зиёди кишварҳои ҷаҳон дар фаъолият ба идеологияҳои либералӣ ва консервативӣ такя намуда, идеологияи хоси худро надорад. Мувофиқан, надоштани идеология чӣ тавре дар таҳлили боло оварда шуд, зарари зиёди хусусияти маънавӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ доштаро метавонад ба бор орад.

Боиси зикр аст, ки имрӯз маҳз ҳамон кишварҳо ва ҷамъиятҳое, ки идеологияи хоси худро доранд, дар ҳаёту фаъолият пеш рафта истодаанд, ҳатто барои талқини идеологияи худ барномаҳои зиёди “башардӯстона”-ро дар байни дигар ҷамъиятҳо/мамлакатҳо амалӣ гардонида истодаанд. Идеологияҳое, ки демократия ба Тоҷикистон овард, аз қабили либерализм ва консерватизм хоси кишварҳо ва ё ҷамъиятҳои ИМА ва баъдан Аврупо мебошад ва дар кули мамлакатҳо доман паҳн намудааст ва боиси рушди ин кишварҳо гардидааст. Ба ҳмин монанд, идеологияи ҷаҳонии сотсиализм дар мамлакатҳои Хитой, Корея ва дигарон ва исламизм (дар шакли комил) дар кишварҳои Арабистони Сауди, Туркия, Малазия ва ғайра муваффақиятҳои муайянро пеш овардаанд.

Дар ҳамин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Ҷиҳати ташаккули андешаи миллии наврасону ҷавонон ва омода намудани онҳо дар самти муқовимат ба тазодҳои ҷомеаи муосир ҳоло дар назди сохтору мақомоти давлатӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеа корҳои зиёде қарор доранд – иброз карда буданд, ҳангоми мулоқоти расмӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар 23 маи соли 2013. Яъне, имрӯз фурсати он расидааст, ки ба сифати василаи муқовимат ва ё муборизаи шадид бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби халалдорсозанда ва талқиндиҳандаи ғояҳои носолим сатҳи маърифатнокӣ ва ё нерӯи зеҳнии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон тақвият бахшида шавад.

Ҳамчунини, Президенти мамлакат зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2014) иброз кардааст: «Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, инчунин таъмин намудани рушди иқтисоди кишвар ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.» [11]. Таъкидҳои Сарвари ҷумҳурӣ моро водор месозад, ки баҳри таъмини амнияти устувори миллӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ талошҳои доимӣ, дурандеш ва нишонрас дошта бошем.

Аз ин ҷо бармеояд, ки барои рушду нумуъи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эмин нигоҳ доштани ҷамъият аз ҳар гуна таъсирҳои берунӣ, аз ҷумла идеологияҳои нокомил, ташаккл додани заминаҳои мустаҳками сиёсӣ, идорӣ ва фарҳангӣ  ва ба даст овардани динамикаи устувори иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар зарур аст, ки Тоҷикистон идеологияи хоси миллии худро дошта бошад.

Ҳамин тариқ, ташаккули идеологияи миллӣ ё ин ки идеологияи ҷамъиятӣ-давлатӣ ба мақсад мувофиқ буда, метавонад кули манфиатҳои тарафҳоро фаро гирад.

Асос ва ё заминаҳои асосии идеологияи миллиро бо дарназардошти таъмини рукнҳои ҳуқуқии он метавонад ғояҳо ва меъёрҳои констиутсионӣ, ки аз ҷониби ҳамаи шаҳрвандони комилҳуқуқ қабул гардидаанд, ташкил диҳад. Тибқи Конститутсия мумкин аст, ки ба сифати идеологияи миллӣмаҷмуъ, як ва ё якчанд ғояҳои зеринро муқаррар намуд [8, моддаҳои 1,2,5,12,26,27,28,30,39]:

  • Волоияти қонун ва ҳаёти дунявӣ;
  • Зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳама;
  • Инсон, ҳуқуқ ва ҳаёти ӯ арзиши олӣ;
  • Баробарҳуқуқӣ дар ҷомеа;
  • Кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ;
  • Маърифати сиёсӣ таҳкимбахши ҳувияти миллӣ;
  • Таҳкими анъанаҳо ва урфу одатҳои миллӣ;
  • Сулҳу ваҳдат ва муттаҳидии сиёсӣ ҳомии осоиштагии ҷомеа;
  • Озодии сухан ва гуногунандешӣ;
  • Маҳкум намудани ҳама гуна таҳдид ва дахлкунӣ ба ҳаёт ва фаъолияти шахсӣ;
  • Кафолати таъмини иҷтимоӣ ба ниёзмандон;
  • Дониш, касб, меҳнат ба ҳама.

Сиёсати давлатии ҷавонон аз назари идеологӣ низоми муносибатҳои мутақобила ва ифодакунандаи нерӯи зеҳнӣ ва руҳии шаҳрвандони ҷавон буда, манфиатҳои давлатро ба нафъи ҷомеа ва рушди оянда муаррифӣ ва ҳифз менамояд.  

Ин ифода дар дебочаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» - Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари нерӯи зеҳнӣ ва маънавии онҳо, ки ба манфиати ҷамъият равона мешавад, муайян мекунад. - бисёр возеҳ оварда шудааст [2, с. 3]. Илова бар ин тибқи Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон сиёсати давлатии ҷавонон ба ғояҳо ва принсипҳои асосии Конститусия такя мекунад [2, с. 33].

Мувофиқан сиёсати давлатии ҷавонон ин идеология давлатӣ дар байни ҷавонон дониста мешавад, ки объекти он – ҷавонон 70% аҳолии кишварро ташкил медиҳад. Зимнан татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон метавонад рушди бомароми идеологияи миллиро таъмин созад [8, с. 3].

Сиёсати давлатии ҷавонон чӣ тавре қонунгузорӣ муқаррар кардааст, - Системаи ягонаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва шаҳрвандон, бо мақсади таъмини таълиму тарбия, ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи пурсамари иқтидори онҳо ба манфиати ҷамъият таҳия ва татбиқ мегардад. – василаи асосии давлат ва ҷомеа дар тарбияи ҳаматарафаи ҷавонон ва ҷалби онҳо ҳамчун объект ва субъекти идеологияи миллӣ мебошад.

Мақсад ва принсипҳои сиёсати давлатии ҷавонон ҷанбаҳои муайяни идеологияро, чун ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, ташкили имкониятҳои васеъ барои интихоби роҳи ҳаёт, иштироки бевоситаи ҷавонон дар раванди ташаккулу татбиқи сиёсат ва ғайра фаро мегирад, ки ба воситаи чорабиниҳои гуногун аз ҷониби ташкилотҳои кор бо ҷавонон амалӣ гардонида мешаванд. Татбиқи ин ҳадафҳо худ ба худ тарбия ва инкишофи идеологии ҷавононро таъмин месозад, мутаносибан иштироки онҳоро дар таҳкими идеологияи давлатӣ фаъол мегардонад.

Қисмати муҳими идеологияро иттилоот ташкил медиҳад, барои ҳамин ҳам иттилоотнок будани субъектҳои асосӣ худ натиҷаи идеология мебошад.

Сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун василаи таъсиррасони иттилоот усулҳои гуногуни маълумотнокгардонии ҷавононро соҳиб мебошад, ба монанди марказҳои ҷавонон, муассисаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ ва намояндагӣ дар ВАО. Бар замми ин иттилоотноксозии ҷавонон ҳамчун масъулият барои мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо муқаррар гардонида шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҳкими ояндаи устувори мамлакат ва зимни татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон меъёрҳои рушд ва кафолати ҳуқуқии ҷавононро муайян месозад. Мутаносибан дар ҳама ҳолатҳои қабули қарорҳо Ҳукумат ба ин гуруҳ ва ё захираи инсонӣ такя мекунад. Бинобар ин ҳуқуқ, манфиатҳо ва меъёрҳои инкишофи ҷавонон бо назардошти сатҳи маърифати идеологии онҳо доимо мадди назари дастгоҳи давлатӣ мебошад.

Дар воқеъ ҷавонон сарвати асосии идеологии ҳар як давлат ба ҳисоб мераванд. Зимни аз назари идеологӣ таълим додан, тарбия ва омода намудани шахси ҷавон кишвар худро ба нерӯи мағлубнашаванда, пурқувват, шуҷоъ, далер, ватандӯст, хайрхоҳ ва таҳаммулпарвар мусаллаҳ мегардонад.  

Бо назардошти ин омил дар сатҳи байналмилалӣ низ тадбирҳои муайян андешида шуда истодаанд, аз ҷумла дар торнома / шабакаи интернетӣ сомонаи махсуси дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташуда бо унвони www.youthpolicy.org ташкил ёфтааст, ки дар чаҳорчӯбаи он индекси рушди ҷавонон муайян карда мешавад. Тибқи ин торнома сатҳи иҷтимоии ҷавонон ва фаъолнокии сиёсии онҳо дар сатҳи ҷаҳон нисбат ба ҳар як мамлакат баҳогузорӣ гардидааст, ки зарурат ва нақши ҷавонон ва сиёсати ҷавононро дар ташаккули ва пешбарии идеяҳои солим ва комил бараъло инъикос менамояд. 

Ба намояндагии ҷавонон дар ҷомеа нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ хело муҳим арзёбӣ мегардад. Мутобиқи санадҳои таъсисӣ ин ташкилотҳо ба амалисозии барномаҳои давлатии ҷавонон ва баргузории чорабиниҳои гуногуни иҷтимоӣ масъул мебошанд. Дар шароити демократикунонии ҷомеа робитаи густурдаи шаҳрвандон бо давлат талаб карда мешавад, ки татбиқкунандагони ин вазифа маҳз институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ – ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Бо ҳамин мақсад тибқи қонунгузорӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ҳамчун василаи амалӣ муқаррар карда шудааст. Дар баробари ин, имрӯз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамчун дастёри институтҳои давлатӣ пазируфта шудаанд, зеро мақомоти давлатӣ асосан ба идора, назорат ва ҳамоҳангсозии муносибатҳо машғул буда, масъалаҳои амалигардонии сиёсат ва ташкили чорабиниҳо дар байни ҷомеа дар шароити муосир ба институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вогузор мебошанд.

Ҳамин тариқ, иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар амалисозии ҷанбаҳои идеологии сиёсати давлатии ҷавонон хусусияти иҷтимоӣ-шаҳрвандӣ ва маърифатӣ дошта, бо назардошти имкониятҳои фароҳамгардида хело муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, дар ҷалби ҷавонон барои иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ ва пешбурди ҳаёти фаъоли сиёсӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонанд саҳмгузор бошанд. 

Яке аз василаҳои усутвори талқини идеология ин ҳавасмандагрдонии маънавӣ ба ҳисоб меравад, ки он дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тавассути дастагирии ҷавонони лаёқатманд ва ё истеъдодҳои ҷавон ба амал бароварда мешавад. Яъне, бо пиёда кардани барномаҳои гуногун дар самти дастгирӣ ва қадршиносии лаёқати ҷавонон бо назардошти ҷанбаҳои идеологӣ, онҳоро метавон руҳбаланд сохт ва дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва пос доштани муқадассоти миллӣ тарбия намуд. Аз назари психологӣ фард ҳангоми эҳсос кардани аҳамиятнокии худ дучанд фаъол мегардад, ба меҳан садоқати зиёд пайдо мекунад ва ба ҷомеа хубтару беҳтар хизмат мекунад.

Дар баробари ин, дастгирии маънавӣ худ навъи қаноатмандии руҳиест, ки дар сурати амалкарди доимӣ ва мунтазам навгардӣ инсонро тамоми ҳаёт руҳбаланд мегардонад. Мисол: дар гузашта собиқ ҳокимияти Шӯравӣ шиоре дошт, ки ҳар як шаҳрвандро доимо руҳбаланд мегардонид ва ба ваҷҳ меовард: «Плоретариатҳои ҳамаи ҷаҳон як шавед!». Яъне, инсон бо донистани он ки ӯ ҷузъи чунин як ҷамъият бо номи «пролетар / коммунист» мебошад, бо шунавидан ва ё хондани чунин шиорҳо эътимод ва боварии ӯ ба давлат ва ҷомеа зиёд мегардад.

Имрӯз низ моро зарур аст, ки шиорҳои муносиб ва эътимодбахши миллӣ дошта бошем, то ин ки ба ҷомеа писанд оянд ва онҳоро роҳнамои ҳаёту фаъолияти худ қарор диҳанд.

Дастгирии маънавии ҷавонони лаёқатманд бошад, дар ҳар як ниҳод ба он боис мегардад, ки идеологияи давлатӣ дар байни шумори зиёди ҷавонон ба зудӣ ва ба таври муътамад таблиғ гардад, зеро шахси ҷавон одатан пайрави ҳамсоли худ буда, хислатҳои хуби ӯро (дониш, лаёқат, рафтор, гуфтор ва ғайра) мегирад ва доимо ҳаёти якдигарро мушоҳида менамоянд.

Яке аз баратарияти дигари сиёсати давлатии ҷавонон дар татбиқи ғояҳои идеологӣ ба мавҷудияти низоми муътамади маблағгузорӣ тавассути барномаҳои давлатӣ ва мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон асос меёбад. Қонунгузорӣ муқаррар сохтааст, ки барои амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон ҳамасола аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии давлатӣ маблағи муайян ҷудо карда мешавад. Дар ҳолати имрӯза ҳудудан 65-70% барномаҳои ҷавононро чорабиниҳои идеологӣ ташкил медиҳанд, ки ба маърифатнокгардонӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватнадӯстӣ равона гардидаанд.

Ин шароити маблағгузорӣ маҳз ҳамон нуқтаи проблемавие ҳаст, ки одатан монеъи чорабиниҳои идеологӣ ва ташаккул ёфтани он мегардад, мутаносибан бо равнақ додани сиёсати давлатии ҷавонон ин проблема метавонад ҳалли нисбатан пурраи худро ёбад.

Дастгирии иҷтимоии ҷавонон дар шароити Тоҷикистон хело муҳим арзёбӣ гардида, қисмати зиёди сиёсати давлатии ҷавононро фаро мегирад. Дар ҷамъият ба гуруҳи норизоён, мухолифон, зимнан ҷабрдидагон бештар ниёзмандон, осебпазирон ва тангдастони иҷтимоӣ шомил мебошанд. Яъне, бинобар тангдастӣ шахс ба доми бадхоҳон афтода, гуруҳи мухолифонро пур мекунад ва зидди қабул ва ё татбиқи рукнҳои идеологияи давлатӣ пофишорӣ менамояд.

Аз ин рӯ, дастгирии иҷтимоии ҷавонон калиди даркӯшои норозиён, василаи пешгирии шомилгардии ниёзмандон ба гуруҳи бадхоҳон ва талқини идеологияи миллӣ бо роҳи муносиб ба ҳисоб меравад. Албатта бо гуруҳи ниёзмандон бидуни василаҳои дастгирикунанда низ кор кардан мумкин аст, аммо чӣ тавре дар урфият гуфтаанд: «гурусна ба сер мезанад, гург ба шер», яъне вақет шахс дар фикри дарёфти як барга нон аст, наметавонад, ки маърузаи пурмуҳтавоеро шунавад ва пайравӣ кунад. Вале агар пеш аз маърӯза ҳамон як барга нон ба ӯ дода шавад, ин имкон медиҳад, ки ҳадафҳои гузошта дар сатҳи баланд татбиқ гарданд.

Бинобар ин, татбиқи сиёсати иҷтимоии ҷавонон воситае муносибест дар роҳи таҳкими ва талқини рукнҳои идеологӣ дар байни ҷомеаи ниёзманд ва осебпазир. Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дастгирии иҷтимоӣ дар шакли машварат ҷиҳати ҳалли мушкилот, кӯмаки молию пулӣ, таъмин бо манзили истиқоматӣ, мусоидат ба хонадоршавӣ, табобат ва ғайра амалӣ мегарданд. 

Дар самти татбиқи босамари идеологияи давлатӣ яке аз ҷанбаи муҳим ин иштироки субъект – ҷавонон дар ҷараёни он ба ҳисоб меравад. Иштироки ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир самти нав ва мубрам дар татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон буда, он фаъолгардонии сиёсӣ, такомули малакаҳои идорӣ ва имкониятҳои фаррох барои роҳбарӣ дар мақомоти дахлдори идорӣ, иштирок дар таҳия ва амалисозии барномаҳои алоқаманд, дастрасӣ ба грантҳо ва фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, таъсиси ташкилотҳои мустақил ва кафолати таъмини адолати ҳуқуқиро фаро мегирад.

Бо ин мақсад ва барои ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон соли 2015 Шӯрои кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо узвияти аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ҷавонони фаъол дар он таъсис меёбад. Шӯро асосан масъалаҳои марбут ба татбиқи босифати сиёсати давлатии ҷавонон ва ҳалли мушкилоти гуногунхосияти ҷавононро баррасӣ менамояд, ки дар самти маърифатнокии идеологии ҷавонон нишондиҳаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Боиси зикр аст, ки намояндагиҳо ва ё сохтори Шӯро то ба сатҳи роҳбарияти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд, ки он дар навбати худ, имконияти хело устувори сиёсиро ҷиҳати талқини идеологияи миллӣ дар байни ҷавонон тавассути ҳал намудани мушкилоти рӯзмараи онҳо ба бор меорад.

Зимни муқоисаи самти / ҳадафи идеология бо вазифаҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон робитаи зичи онҳоро дар тарбия, маърифатнокӣ ва рушди комили ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир пай мебарем.

Чӣ тавре маълум мегардад, сиёсати давлатии ҷавонон: бо таъмин намудани ҳуқуқ, манфиатҳо ва инкишофи озоди ҷавонон, иштироки онҳо дар рушди ҷомеа ва ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ; бо тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ; бо дастгирӣ кардани худмуайянкунии ҷамъиятӣ ва худташаккулёбии насли ҷавон; бо ҳавасмандгардонии ташаббусҳои ҷавонон ва ғайра идеологияи давлатиро дар байни ҷавонон татбиқ месозад. Аз ин ҷо бармеояд, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз назари идеологӣ ин низоми муносибатҳои мутақобила ва ифодакунандаи нерӯи зеҳнӣ ва руҳии шаҳрвандони ҷавон буда, манфиатҳои давлатро ба нафъи ҷомеа ва рушди оянда муаррифӣ ва ҳифз менамояд.

Дар рафти тадқиқот маълум гардид, ки идеологияи миллӣ ва ё давлатӣ дар Тоҷикистон метавонад ба эътирофи волоияти қонун ва ҳаёти дунявӣ, инсон, ҳуқуқ ва ҳаёти ӯ арзиши олӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, таҳкими анъанаҳо, озодии сухан ва гуногунандешӣ, кафолати таъмини иҷтимоӣ ба ниёзмандон, дониш, касб, меҳнат ба ҳама арзёбӣ карда шавад.

Ҳамин тариқ, бо назардошти он ки аксарияти аҳолии мамлакат ба шахсони ҷавон рост меояд, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон имконият медиҳад, ки ҷамъияти аз лиҳози идеологӣ обутобёфта, саҳибмаърифатгашта ва гудохташудаи ба ҳам гуна таҳдидҳо ва падидаҳо муқовимат ва истодагарӣ тавониста омода гардида, ба томияти давлат ва меҳани худ талош варзад.

Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top