Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Паёми табрикии раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ


Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамдиёрони азиз!

Инак ба сарзамини куҳанбунёду зебоманзар ва соҳибистиқлоламон зеботарин ҷашни аҷдодиамон-Наврӯзи хуҷастапай бо паёми тозаи рӯзгори нав фаро расид.

Аз файзи қадами мубораки он олами пир дигарбора ҷавон гардидаву ватани маҳбубамон боз дар оғӯши зебоӣ, дар муҳити пурназокату муаттар қарор гирифтааст.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳама болидарӯҳанду бо дилҳои пурҷӯшу хурӯш аз тамошои табиати афсункор ба ваҷд меоянд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро бо фаро расидани ҷашни Наврӯзи фархундапай   самимона табрику шодбош гуфта, бароятон тансиҳативу хушҳолӣ, саодатмандиву хонаободиро орзу намуда, таманнои онро менамоем, ки чун ҳамасола Наврӯзи имсола низ ба хонадони ҳар як мардуми кишварамон файзу баракатро арзонӣ биёрад.

Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мову Шумо мебошад, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалии имсола дар кишвари азизамон дар даврае ҷашн гирифта мешавад, ки бо ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми ироанамудаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ин  иқдоми наҷибонаи Сарвари давлатамон саривақтӣ буда, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои он аз ҳар яки мову Шумо масъулияти баланди ватандориву ватанхоҳӣ тақозо карда мешавад.

Чунки маҳз тавассути ҳунарҳои мардумӣ ва тарғибу ташвиқи он арзишҳои милливу фарҳангии миллати кӯҳанбунёди мо дар замони имрӯзаи бархурди тамаддунҳо ҳифз ва муаррифӣ карда мешавад.

Дар идомаи мантиқии ин гуфтаҳо тазаккур бояд дод, ки   Наврӯз шиносномаи миллати ориёинажоди мо, далели фарҳанги воло ва собитгари мардуми тамаддунсоз будани мо мебошад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши ин ҷашни миллати фархундаамон чунин гуфтаанд;

«Наврӯз яке аз қадимтарин ва азизтарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, бо мурури замон ба иди дар ҳақиқат халқӣ мубаддал шудааст.

Халқи мо беҳтарин орзуву умеди худро қабл аз ҳама ба Наврӯз, яъне Соли нави аҷдодии хеш пайванд медиҳад.

Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат мебошад ва гардише дар рӯҳу ҷони одамон падид меоварад».

Месазад, ки ҳар яки мо бо чунин ҷашни шукӯҳманду беҳамтои миллиамон ифтихор дошта бошем ва онро бо камоли шодию нишот истиқболу таҷлил намоем.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки бузургтарин омили саодатмандии миллат аст, ба таҷлили бавусъату пуршукӯҳи Наврӯзи ҳуҷастапай имконоти созгору мусоид  фароҳам овард ва гузашта аз ин Наврӯз ба як рукни барҷастаи истиқлолияти ҷумҳурӣ табдил ёфт.

Бо ибтикор ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи бостонии ниёгонамон чун бузургтарин мероси тамаддун ба феҳристи созмони байналмилалии ЮНЕСКО шомил гардид.

23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Фарҳанги ҷаҳон» бо аксари овозҳо дар мавзӯи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қатънома қабул карда шуд, ки ин муждаи нек, ба қалбҳо суруру ба чашмон нур бахшид.

 Акнун Наврӯзи ҷаҳонафрӯзи мо дар арсаи байналхалқӣ барои рушди робитаҳои фарҳангӣ, тақвияти дӯстии байни миллатҳо, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмию ҳамдилӣ ва ривоҷи тамаддуни башарӣ нақши барҷаставу созанда хоҳад бозид.

Таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурда, айни ҳол ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.

Яке аз сабабҳои ҷаҳонишавӣ ва дар байни халқу давлатҳои дигар доман паҳн кардану гиромӣ шудани Наврӯзи Аҷам дар он аст, ки дар тӯли асрҳо дар баробари ин, ки ба ривоҷи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёриву ҳамкорӣ ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накӯкориву хайрхоҳӣ хизмат кардааст.

Мо аз ҷумлаи он мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву мӯҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рӯҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем.

Аз наврӯзномаҳои сершумори ниёгонамон огоҳ ҳастем, ки гузаштагонамон  ин ҷашнро ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиату инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мекардаанд, ки он мувофиқи илми ситорашиносӣ ба нахустрӯзи офаринишу баҳор, рӯидани сабзаву ҷон гирифтани рӯдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва муҳимтар аз ҳама, ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рӯз рост меояд.

Аз ин рӯ, гузаштагони мо якдигарро ба муносибати фарорасии чунин як ҷашни аз лиҳози эҳтироми қадру шарафи инсонҳо камназир шодбош мегуфтанд.

Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда  макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғӯши пурмеҳр истиқбол мегиранд.

Дар гузашта ин айёмро замони бахшоиш медонистанд. Дар Наврӯз ҳама озору кинаҳои гузаштаро аз дил мешустанд ва аз гуноҳҳои ҳамдигар мегузаштанд.

Аз қадим мардуми ориёитабори форсизабон бар он муътақид буданд, ки Наврӯзро ҳар гунае, ки пешвоз гирӣ, чун оғози соли нав аст, сол ҳамон гуна ба охир мерасад.

Ин буд, ки саъй мекарданд то Наврӯзро бо фараҳу шодмонӣ таҷлил намоянд. Ҳар хонавода дар Наврӯз хони наврӯзӣ густурда якҷоя ҷашнро таҷлил мекарданд, ки то соли дигар бо ҳам сарҷамъу тифоқ ва якҷоя бошанд.

Дар шабу рӯзҳои ҷашни Наврӯз суннати аёдати хешу табор ва аз аҳволи эҳтиёҷмандон хабардор шуда, Наврӯзу баҳорро табрик намудан дар фарҳанги мардуми мо ҷойгоҳи муҳим дорад.

Бузургони мо ба ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону оилаҳои камбизоат кумак кардан, Наврӯзро табрик гуфта, шод кардани дили онҳоро аз ҷумлаи амалҳои хайру савоб донистаанд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши Наврӯзӣ, бори дигар ёдрас мешавам, ки амалҳои хайру савоб, бахусус дастгирии ятимону барҷомондагон ва маъюбону пиронсолон, ки қарзи шаҳрвандиву рисолати инсонии ҳар фарди бо нангу номус ва саховатпешаву савобҷуй аст, аз мадди назари ашхоси боҳиммат дур нахоҳад монд.

Мо аз он сарфарозем, ки дар ҷашни  Наврӯзи имсола волотарин пешниҳоди ҷаҳонии манзурнамудаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои рушди устувор 2018-2028» расман амалӣ мегардад.

Мо аз он ифтихормандем, ки Наврӯзи имсола дар баробари дигар афзалиятҳояш ба Наврӯзи покизагии муҳити зист ва истифодаи оқилонаи обу замин табдил ёфта, суннати аҷдодии моро мазмуни тоза мебахшад.

Вобаста ба ин мо мардуми шарифи Тоҷикистон бояд аз аввалинҳо шуда дар пуштибонӣ ва татбиқи саривақтии ин ташаббуси некбинонаи Пешвои миллатамон саҳми босазои худро гузорем.

Чунки маҳз обу замин яке аз унсурҳои асосии табиат ба ҳисоб рафта, рӯзгори ҳамешагии инсоният аз истифодаи самараноки он вобастагии калон дорад.

Бо истифода аз файзу баракати Наврӯз бо дасту дили гарм, азму иродаи қавӣ барои ободонии диёр, хуррамии Ватани азиз ва поксозии ботину зоҳири хеш бикӯшем ва танҳо кирдори некро бипазирем, то ин, ки рузгорамон ҳамеша сарзабзу пурсаодат бошад.

Орзумандам, ки баҳору Наврӯзи имсола барои сарзамини мо бо шодиву хуррамӣ ва файзу баракати худ қадам гузошта, ҳамроҳ бо зиндаву тоза шудани табиат дилу дидаи мо низ ҳаёти дубора мегирад.

 Бори дигар ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро ба ифтихори Наврӯзи ҷаҳонӣ самимона табрик мегӯям.

 Бигзор Наврӯз барои Шумо Наврӯзи шодирасон ва фатҳу нусратҳои бузург гардад!

Бигзор Наврӯз ба хонадони ҳар яки Шумо пайку муждаи иқбол ва бахту саодати тоза орад!

Сарбаланду хонаобод бошед!

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top