Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ҚУВВАТИ НЕКИ НАДОРӢ БАД МАКУН…

Чанде аз тиҳимағзону манфиатхоҳон барои бароварди  баровардани дарду алами хеш мехостанд дар Варшава дар ҳошияи нишасти САҲА оид ба ҳуқуқи инсон намоиши «эътирозӣ» доир кардаанд. Ин гуна ашхос, ки дар Тоҷикистон ба дунё омадаву дар обу хоки он ба воя расидаанд, дидаю дониста хизматгори хоҷагони хориҷии худ гашта ба сӯи зодбуми худ, ки дар ин ҷо пайвандонашон умр  ба сар мебаранд, санг меафкананд. Ин нафарон, ки худро мухолиф ва ҳуқуқҳояшон поймолшуда муаррифӣ мекунанд, танҳо ба хотири будубош дар он кишварҳо, ки барояшон «биҳишт» метобад, дар ин ҳамоишҳои эътирозӣ иштирок мекунанд, то ки як муддати дигар барояшон раводиду маблағ диҳанд. Чунин ашхос, одатан чашми худбин доранду халос, барои онҳо ягон муқаддасот-падару модар, Ватану зодбум-мавҷуд нест.

Мутаассифона, имрӯз нафароне ҳастанд, ки бо ғаразҳои разилонаи худ пешрафту шукуфоӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту субот дар Тоҷикистони азизро чашми дидан надошта, бо ҳар баҳонаи кӯчак мехоҳанд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба нуфузи кишвари мо таъсири манфӣ расонанд. Магар, роҳ додан ба гирдиҳамоиҳои ифротиву иғвоангез, шароит додан ба террористону ифротгароён, нодида гирифтани фаъолиятҳои ғайриқонунии ҷинояткорон ва амсоли инҳо демократия аст?

Ин гуна ашхос дар зиндагӣ роҳу пайроҳаи худро надоранд, ноуҳдабарову номуваффақанд. Аз ин нотавониҳои худ ҳамеша дар ҷаҳолату разолат буда, чашми диди муваффақияти дигаронро надоранд. Аз ин рӯ, онҳо ин нотавонии худро танҳо дар «ҷанг» бо дигарон қисмат мекунанд. Чунки, онҳо дигар ба ҳеҷ кори созандаву таъминкунандаи хеш қобил нестанд. Танҳо ба ҳангомаву ғавғоандозию аз натиҷаи он рӯзгор гузаронидан қобиланд.

Ин ноаҳлону мунофиқон боре намеандешанд, ки худ чӣ кори нек анҷом доданд? Лоақал нафаре ё гурӯҳе аз онҳо манфиат дида бошад? Давлатдорӣ кори саҳлу осон нест, ки ҳар шахси тамаллуқкору мансабҷӯ аз уҳдаи он барояд. Солҳои охир нафарони зиёде пайдо шудаанд, ки ба маънии томи давлатдорӣ сарфаҳм нарафта, ба кори давлат «баҳо» медиҳанд. Барои сарварӣ намудани давлату миллат, пеш аз ҳама руҳияи мардумӣ бояд дошт, равони мардумро бояд шинохту ба дарди он марҳам шуданро бояд донист.

Ба созандагон ва ҳаводорони  амалҳои нангин, дар шумули М. Кабириву косалесони террористаш, ки дар назди ҷаҳониён  аз ҳамватан будани онон ба нанг омадаем, гуфтаниям: «Шумо, ки дар дил ғами миллат куҷо, раҳми падару модари худро надоред, пас аз чаро ба мисли чуғз бонги «ғамхорӣ»-и террористону ҷиноятпешагонро ҷор мезанед? Шумо аслан ҳеҷ касед, танҳо ғуломони хоҷагоне ҳастед, ки бароятон хӯроки «лазиз»-у шароити «мувофиқ» фароҳам меоранд. Фаромӯш накунед, ки ин ҳама муваққатист, фардо шояд шуморо ҳам ба шумо суратони дигар иваз кунанд, вале мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷавонони ватандӯст на ба ҳамоишу на ба намоиши шумо эътиное нахоҳад кард. Зеро маълум нест аз он  гирдобе, ки имрӯз эҷод мекунед, берун меоед ё не? Фаромӯш накунед, солҳои 90-ум низ шумо баринҳо чунин ҳангомаю ғавғоҳо ороставу худ ва ҳазорон пайвандони худро ба гирдоби маргу ғурбат, нодорию маъюбӣ ва ба вартаи ноумедӣ гирифтор карда, то ҳол «шаҳд»-и онро мечашанд.

Ба чунин ашхос-ватанфурӯш зарурате ҳам надорад, ин танҳо ба хотири огоҳ ва воқиф сохтани дигарон аст, ки ба доми чунинҳо наафтанд. Рафтор, кирдор ва пиндори инҳо гувоҳӣ медиҳад, ки инҳо қудрати ҷӯе ҳам надоранд, шӯриши дарё аз куҷо?

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тӯли 27-соли соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайваста суботи сокинони мамлакатро таъмин намуда, барои некӯаҳволии мардум корҳои шоистаеро анҷом дода истодааст. Кофист, ки бо бунёди роҳҳои наву замонавӣ пайвастани тамоми гӯшаю канори мамлакатро ба  қаламрави ягона ва бунёди садҳо НБО-и хурду бузург баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикиро далел орем. Танҳо ба хотири таъмини амният ва боло бурдани сатҳи зиндагии шаҳрвандони кишвар равона шудааст, вале Шумо  худ огоҳед  аз онҳо ва хуб дарк мекунед ва зикри онҳоро зарур намешуморем.

Тоҷикистон, ҳарчанд кишвари ҷавону дар шароити буҳронии сиёсиву иқтисодӣ истиқлолият ба даст оварда бошад ҳам, бо неруи халқу миллати созандаи худ тавонист барои шаҳрвандонаш шароити озод зистану гаштан, озод фаъолият кардану гуфтанро фароҳам орад.

Ҷавонон бояд ба омӯзишу такмили донишу малакаи худ диққати ҳамаҷониба диҳанд, чунки Тоҷикистон ба мутахассисони соҳибтаҳсилоту ташаббускоре ниёз дорад, ки мувофиқи талаботи иқтисоди бозорӣ вусъати рушди иқтисодию иҷтимоии кишварамонро таъмин менамоянд.

Ҳар як ҷавон бояд дар хусуси дар ҷомеа пайдо намудани мавқеи сазовори худ андеша карда, ба таври возеҳ дарк намояд, ки бо меҳнати ҳалол на танҳо зиндагии шоистаи худ, балки рушду ободии Ватани хешро таъмин месозад.

Ҷавоне, ки воқеан Ватани худро дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд.

 

70-нафар кормандони Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии техники ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top