Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

НАШЪАМАНДӢ-ДОҒИ РӮЗ  

Наврасон ва ҷавонон табақаи  муҳими ҷомеа буда, андешидани тадбирҳои судманд баҳри некуаҳволии онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ҷавонон  ояндаи миллати  тоҷик буда, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастгирӣ меёбанд. Дар ин самт қонуну қарор ва барномаҳо дахлдор қабул гардида, соли 2017 – «Соли ҷавонон» эълон карда шуд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳар як давлат, аз ҷумла давлати мо низ, дуруст ба роҳ мондани сиёсати ҷавонон мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дастовардҳои ҳар як давлат бевосита бо фаъолияти ҷавонони ҳушёру зирак алоқамандӣ дорад. Агар ҷавонон ояндаи миллат бошанд, пас ҷавонони болаёқатро мо метавонем кафили обрӯю эътибор ва посдорандаи шаъну шарафи миллату Ватан ҳисоб намоем.

Маҳз ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат метавонанд, таъриху миллати Ватани худро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, аз сатҳи баланди маданияти худ, донишмандӣ ва садоқатмандии худ гувоҳӣ дода, номбардори Тоҷикистони азизу маҳбубамон бошанд. Дар робита ба ин давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар сиёсати пешгирифтаи худ дастгирии насли наврас ва ҷавононро дар мадди аввал гузошта, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо имкониятҳои мусоидро фароҳам меоранд, то онҳо соҳибилму соҳибистеъдод гардида, баҳри ободии халқу Ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд.

Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин ғамхориҳо дар ҷомеаи мо падидаҳои манфие аз қабили нашъамандии ҷавонон, даст ба ҷиноят задани онҳо, ифротгароӣ ва ғайра ба чашм мерасад, ки ин аз шуури паст ва тарбияи нодуруст гирифтани онҳо дар оила шаҳодат медиҳад.

Яке аз масоили доғи рӯз ин нашъамандии ҷавонон мебошад, ки мубориза бо ин падидаи номатлуб вазифаи давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. 

Нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ метавонад ба давлату ҷомеа зарари худро расонад. Суоле ба миён меояд, ки нашъамандӣ ин ҷиноят аст ё беморӣ? Агар шахс маводи нашъаоварро муддати тӯлонӣ истеъмол намояд, он гоҳ ин беморӣ буда, шахс дучори  бемории нашъамандӣ мегардад. Чунки узви бадани шахс аз маводи нашъаовар вобаста гардида, эҳсосоташро метавонад танҳо ба воситаи истеъмоли маводи нашъаовар қонеъ гардонад.

Дар ин ҳолат дар кирдори шахс аломатҳои таркиби ҷиноят дида шуда, боиси ба миён омадани ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад. Ба ҳамаи кӯшишҳои муборизаи шадид бурдани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигоҳ накарда, ҳоло ҳам масъалаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дида мешавад.   

Сарчашмаи ин, чи хеле ки ба ҳамагон маълум аст, ин давлати ҳамсояи мо - Ҷумҳурии Афғонистон мебошад. Ҳамасола дар сарҳади мо даҳҳо нафар шаҳрвандони Афғонистон бо мақсади гузаронидани маводи мухаддир дастгир карда мешаванд.

Аз ин рӯ, бартараф намудани чунин падидаи номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи ҳар як фарди ҷомеаи ватандӯст низ мебошад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш бо фаъолони шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон қайд карданд, ки: «Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки пешгирӣ кардани ин вабои аср, яъне нашъамандӣ, қочоқи маводи мухаддир, дигар намудҳои ҷиноят ва тарбияи насли солиму солеҳ вазифаи танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки ҳар яки мову шумо, падару модарон, кумитаҳои кор бо ҷавонон, занон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолону шахсони обрӯманд ва ходимони дин низ вазифадоранд, ки қарзи худро дар назди ҷомеа ва наслҳои фардои миллат бо масъулият иҷро намоянд.

Вобаста ба ин, мехоҳам диққати шуморо бори дигар ба оқибатҳои тиббӣ ва иҷтимоии ин вабои аср ҷалб намоям.

Қариб чоряки нашъамандон гирифтори бемории вируси норасоии масъунияти одам, навъҳои гуногуни гепатит ва дигар бемориҳои сироятӣ мебошад.

Бахусус, вазъи паҳншавии бемории вируси норасоии масъунияти одам, ки табобатнашаванда дониста мешавад, бисёр хатарнок аст.

Аз соли 1991 то якуми июли соли 2018 дар вилоят 619 нафар гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки қариб нисфи онҳоро сокинони шаҳри Хоруғ ташкил медиҳанд.

Аз  шумораи умумӣ 268 нафари онҳо бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Бо овардани ин рақамҳо ман диққати аҳли ҷомеа, бахусус, фаъолон, падару модарон ва наврасону ҷавононро ба он ҷалб кардан мехоҳам, ки ба ин масъала бетараф набошанд.

Чунки ҳар як ҷинояти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нашъамандиву бемории вируси норасоии масъунияти одам на танҳо ба солимии наслҳои имрӯза, балки барои наслҳои оянда, яъне ба генофонди миллат хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Тасаввур кунед, ки аз шахсони гирифтори чунин бемориҳо чӣ гуна фарзанд ба дунё меояд. Ҳамаи ин ба амнияти давлат ва ҷомеа зарба мезанад.

Пас, зарур аст, ки  аҳли ҷомеа якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои пешгирии ин зуҳурот қотеъона ва дастҷамъона мубориза баранд».

Бояд гуфт, ки бар зидди чунин падидаи манфӣ, яъне нашъамандӣ, алалхусус байни ҷавонон бояд дар ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба нашъамандӣ ва оқибати он ташкил ва гузаронида шуда, васоити ахбори омма ҷалб карда шаванд. Инчунин дар барномаҳои мактабӣ, дарсҳои иловагӣ дар мавзӯи нашъамандӣ ва оқибатҳои он ба роҳ монда шавад. Ҷалби ҷавонон ба касабомӯзӣ, донишомӯзӣ, ки метавонад фикри ҷавононро аз ин падидаи номатлуб дур созад, зарур ва ҳатмист. Тарбияи дурусти насли наврас дар оила, назорати волидайн нисбати амалу кирдори фарзандонаш, ҷалб ба таълиму варзиш метавонад ҳамчун чораи пешгирии нашъамандии ҷавонон гардад.

Фариштамо Зоҳидзода,

муовини раиси ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top