Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

 ТЕРРОРИЗМ – ВАБОИ АСР 

«Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд»

Эмомалӣ Раҳмон

 

БА ҚАДРИ ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МЕРАСЕМ

Имрӯзҳо хатари терроризм ба сайёра таҳдид мекунад. Терроризм амалест, ки инсониятро ба сӯи марг мебарад, ободро вайрон месозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар 23 январи соли 2015 ҳушдор сохта буданд: «Ҳодисаҳои солҳои охир бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла, бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода бо номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад».

Тоҷикистони азизи моро, ки як гӯшае аз биҳишти рӯйи заминро меноманд, сулҳу ваҳдати миллӣ қадру қиммати махсусро дорост. Зеро, мардуми азияткашидаи мо шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ буданд ва оқибатҳои нангини онро диданд. Бо кӯшишҳои пайвастаи Фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Халқи парешонро дар Ватан сарҷамъ омаданд, мулк рӯ ба ободию рушд овард. Имрӯз мо-халқи тоҷик тинҷу осуда ва ободем, шиками серу тани пӯшида дорем, дар интихоби касбу кор озодем.

Бо вуҷуди ин, ашхоси нохалафу нокас, беномус аз сабукандеши ҷавонони мо истифода карда, онҳоро ба гурӯҳҳои террористию экстремисти шомил месозанд. Ҷавононро ба воситаи телефонҳои мобилӣ, компютеру интернет, тамошои филмҳои фаҳшу зӯроварии хориҷӣ шавқу завқи бештаре доранд, ҷалб менамоянд, ки ба одобу ахлоқу рафтори ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Мутаассифона, баъзе хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ майли идома додани  таҳсил дар муассисаҳои олию касбӣ надоранд. Баъзан чунин мушоҳида мегардад, ки онҳо дар интихоби касб мақсади ягона надоранд. Набояд фаромӯш кард, ки касби дилхоҳу дуруст яке аз роҳҳои асосии пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро мебошад.

Зуҳуроти номатлубу хатарзо, ки онро терроризм ном аст, ҷаҳонро фаро гирифтааст. Махсусан гаравидани ҷавонон ба гурӯҳи «Давлати исломӣ», ки Тоҷикистони соҳибистиқлол онро як созмони террористӣ ва мамнӯъ эълон кардааст, боиси нигаронии ҳамагон мебошад. Ҷавонони зудбовару заифирода ба ҳизбу ҳаракатҳои манфиатҷӯи ифротӣ шомил шуда, худро ба вартаи марг меандозанд. Онҳо бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, дар он ҷо бо мусоидати гурӯҳҳои таблиғгар ба созмонҳои ифротӣ ҳамроҳ мешаванд. Бо ин амали хеш дигар ба Ватан барнагашта, падару модарро сархаму забонкӯтаҳ зану кӯдакони худро интизор мекунанд, Пас суоле пеш меояд: ин ҷабри онҳо, ки ба наздиконашон мерасонанд, оё ҷиҳод аст? На, на! Ин амали онҳо, ҷиҳод не, гуноҳ аст, гуноҳи нобахшиданӣ!

Ҷавонон дар Тоҷикистон насли ояндасоз унвон шудаю мақоми баландро соҳибанд. Барояшон шароитҳои хуби зиндагӣ, таҳсил, касбомӯзӣ муҳайёст. Баҳри ташаббускорию созандагӣ имконияти фаровон доранд. Масъулияташон низ баҳри саҳм гузоштан дар рушду тараққии ҷумҳурӣ бештар шудааст.

Имрӯз мо –аҳли ҷомеа ва халқи азияткашидаи тоҷик фоҷиае, ки солҳои 1992-1997 аз нофаҳмии чунин ашхоси нокасу нохалаф хуни ноҳақи мардуми тоҷикро рехтанд, аз ёдҳо зудуда нагаштааст. Мо ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки ТЭТ ҲНИ бо роҳбари Муҳиддин Кабирию косалесонаш Ваҳдати миллиамонро халалдор созанд. Мо дигар фирефта намешавем, чунки дар урфият гуфтаанд, ки: «Кӯр як бор дар чоҳ меафтад».

Аз ин рӯ, ҳар яки моро лозим аст, ки фарзандро барои гирифтани донишҳои замонавӣ тарбия карда, дар онҳо ҳисси баландӣ дӯст доштани Ватан, худшиносию худогоҳиро бедор намоем. Шукронаи ғамхориҳои Сарвари давлатро карда, ба модар - Ватан, ба Пешвои миллат содиқонаю софдилона хизмат мекунем. Мақсаду шиори мо ободу зебо намудани Тоҷикистони биҳиштосоямон аст, ҷавонони азиз!

 

Аслиддин Раҷабов,

имомхатиби масҷиди ҷомеаи ба номи «Шайх Раҳматулло», 

деҳаи «Ҳосилобод», Ҷамоати шаҳраки «Киров»-и ноҳияи Вахш 

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top