Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! 

Рӯзи 1-уми октябри соли 2018 дар назди бинои Комиссарияти ҳарбии нохияи Вахш чорабинӣ бахшида ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Вахш Фариштамо Зоҳидзода, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Р. Исмоналиев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Худойдод Ёров иштирок ва суханронӣ намуданд.

-Барои ҷавонон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин мактаби ҳаёт мебошад.  Ҷавонон сабақи шуҷоату мардонагӣ, муҳофизат намудани хоки Ватанро меомӯзанд. Вақте, ки мо аз ватандӯстӣ сухан меронем, пеш аз якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки  яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муҳофизони Ватан!

Шумо муҳофизони Ватанед, бояд ҳимояи Меҳанро вазифаи ҷонӣ ва фарзандии худ бидонед. Барои ҳифзи Ватан – Модар камар бастан, бояд орзуи ҳар як ҷавонписари кишвар бошад.    Ба ҳамаи шумо ҷавонони азиз, сиҳатию саломатӣ ва дар ҳифзи Ватан бурдбориҳоро орзу дорам-гуфт дар фуроварди сухан муовини раиси ноҳияи Вахш Фариштамо Зоҳидзода.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top