Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

РОҒУН-ҲАЁТУ МАМОТИ МОСТ

16-уми ноябри соли 2018 чархаи аввалини НОБ-и Роғун ба фаъолият шурӯъ намуда, рӯшноии ин Кохи нур аз ҷумҳурии мо то ба давлатҳои ҳамсоя интиқол меёбад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ ин рӯзу ин соатро интизор буданд. Ҳар як фарди ватандӯст аз пайки ин нишот қалбаш аз фараҳ лабрез мегардад. Кулли мардуми шариф пиру барно боварӣ доранд, ки ин рӯзи таърихӣ, яъне 16-ноябри соли 201-ум дар саҳифаи таърих бо хати зарин сабт хоҳад гашт.

Бигзор НОБ-и Роғун мероси бошад, барои наслҳои оянда ва наврасони ҷавонон аз шуҷоатмандию далерии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирфита, дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Имрӯзҳо атрофии НОБ-и Роғун дар тамоми вохӯрию суҳбатҳо ба аҳли ҷамоатчигӣ, бахусус пирони 70-80-сола сухан меравад. Дар ҷавоб чунин иброз медоранд, пирони барнодил, ки: «Ба истифодадиҳии НОБ-и Роғун, ин як қахрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Рӯи сурху сари баланди халқи тоҷик Роғун мебошад. Фарзанди фарзонаи миллат дар рӯзгори аҳолии Тоҷикистон равшанӣ ахдохт», чунин андеша доранд, пирони рӯзгордидаи ноҳияи Вахш.

Боиси қайд аст, ки давлати абарқудрати Шӯравӣ натавонист, НОБ-и Роғунро ба кор дарорад.  Тоҷикистони соҳибистиқлол тавонист, дар тӯли 7-8 сол иншооти бузурги асрро ба кор даровард. Клли мардуми шарифи Тоҷикистон хуб медонанд, ки аз талошу захматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат ба ин рӯзи нек расидем.

16-уми ноябри соли 1992-юмро ба ин рӯз ташбеҳ диҳем, барои мо бояд як рӯзи хотирмону фаромӯшношудани бошад, зеро дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифт. Тоҷикон аз вартаи нобудӣ ба вартаи ҳастӣ овард. Халқи парешонро дар гирди як хон ҷамъ карда, сулҳу суботи деринтизорро барои халқи азизаш овард. Тоҷикон сад бор шукронаи Яздони покро намоянд, ки чунин сарвари оқилу дурандешро насибашон гардонида, аз ваҳдату ягонагӣ то ба истиқлолияти энергетикӣ расонид.

Дар сохтмони ин иншооти бузурги аср буданд, ашхоси дохилию хориҷие, ки зидди бунёд гардидани Роғун буда, монеаҳо эҷод мекарданд,  иродаи қавӣ ва шуҷоати мардонагӣ дар арсаи номусу нанг буд, ки чархаи аввали НОБ-и Роғун ба кор медарояд.

Имрӯзи фархунда ба тамоми мардуми сарбаланди тоҷик муборак бошад!!!

 

Ҳикматулло Сиҷоатов,

сархатиби масҷиди марказии ба номи

Ҳазрати Одам (а)-и ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top