Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

БАРҚИ РОҒУН ШАРҚРО ПУРНУР КУН

Тоҷикон шукрона аз он мекунанд, ки Худованд барояшон неъматҳои бешумор ато кардааст. Кӯҳсори пур аз ганҷ, обҳои мусаффо, замини ҳосилхез, меваҳои шаҳдбор ва ниҳоят манбаҳои неруи барқ, ки аз номҳояшон ба миллати мо башорат доданд.

Норак-аз калимаи «нор», ки маънояш оташ, гармиро доросту ба ҳамагон маълум аст. Маҳз дар ҳамин макон сохтмон бузурги неругоҳи обии Норак сохта шуд.

Калимаи Роғун-роғ, яъне ба маънии рушноӣ дар байни мардум маъмулу машҳур гаштааст. Гӯё ин номҳо ишорае буданд, ки манбаи ну рва рушноиянд.

Сохтмони НОБ-и Роғун ҳанӯз дар замони Шӯравӣ оғоз гардида бошад, ҳам давраи ривоҷу равнақи ин сохтмон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар сурат гирифт. Маҳз бо ташабусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони пуриқтидори аср неруи тоза гирифта, чархаи якуми он ба истифода дода мешавад.

Агар заҳмату талошҳои бевоситаи Раҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, мо-тоҷикон ба бораи Роғун ҳарф намезадем. Бо корнамоиҳои ин Фарзанди фарзонаи миллат сохтмони Роғун ба майдони корзори аср табдил ёфт.

Барои сохтмони Роғун ҳам дар арсаи сиёсат ҳам дар корҳои сохтмонӣ фидокориҳои Пешвои миллат басо зиёданд. Халқи тоҷик бо қадамҳои устувор ба ин рӯзи нек расида, 16-уми ноябр ба ҷаҳониён исбот менамоянд, ки аввалин иишооти бузурги асри ХХ1 ба истифода медиҳанд ва истиқлолияти энергетикӣ ноил мегарданд. Ин чархаи аввалини НОБ-и Роғун бо нури хеш чун қосиди сулҳу ваҳдати тоҷикон ба мардум пайғом мерасонад.

Ин яке аз қаҳрамониҳои навбатии Пешвои миллат аст, ки ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузоштааст.

Мардуми сарбаланди тоҷик исбот карданд, ки дар пешрафт ва бархурди тамаддунҳо ба дастоварди бузурге ноил гардида, аврупоиҳо «гаҳвораи тамаддун будани Шарқ»-ро эътироф карданд.

 

Роғун ҳаёту мамоти мост, ҳамватан!

 

 

Шамсиддин Эмомалӣ,

омӯзгори МТМУ№8-и ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top