Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

РОҒУН-АРСАИ НОМУСИ НАНГИ МИЛЛАТ 

Боиси хушнудӣ аст, ки  имрӯзҳо дар кишвари биҳишосоямон шурӯъ аз  таҷлили Истиқлолияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  то инҷониб саропо  ид болои ид  аст. Ҳама ин аз сулҳу суботи   миллати тоҷик  шабоҳат  медиҳад. Агар  саҳифаи таърихро  варақгардон намоем,  он рузҳое, ки  халқи азияткашидаи  тоҷик  паси сар намуд, ҳеҷ  аз гушаи  хотирот  намеравад.

Ба ғайр аз  аз нооромиҳои  кишвар  тарсу  ваҳми  мардум  зиндагии  на он қадар  хуб доштанд, ки  ба талабот ҷавобгӯ набуд. Аз ҷумла,  норасогии кувваи барқ фасли зимистон, сардию хунуки хукмфармо буд. Қувваи барқ, ки дар зиндагӣ  мавқеъи асосиро дорад  ба меъёр дода  мешуд. Аз  як  тараф  дилхунукии мардум аз вазъияти  онвақта  аз тарафи дигар  ин торикии  хонадон буд, ки миллати  тоҷик  интизор буданд, фикр мекарданд, ки  давлати парокандае, ки  қариб буд ки нест шавад  обод мешуда бошад?

- Оё  мо  барқро медида бошем?

Аммо  аз ҷониби Худованди  меҳрубон шахсеро  фиристод ба раҳмати  ӯ раҳмдил, оқилу доно ба   дили  халқаш  наздик. Ин шахси  равшанфикр Эмомалӣ Раҳмон буд. Аз минбарҳои  баланд  бо як  иродаи  рустамонона  бо боварии  комил даст  ба рӯи дил  гузошта  мардуми  шарифашро бо сабру таҳамулгароӣ   даъват намуд. Ваъда  дод, ки: «то ҷон дар бадан  боқист  барои  халку миллатам ҷон нисор мекунам. Мардуми тоҷик бисёр рӯзҳои  сахти  сангинро  паси сар  намуданд.

Ман шуморо  бовар мекунонам, ки Тоҷикистонро дар якҷоягӣ обод  менамоем. Шабонарӯз заҳмат кашида  торикиро  равшан  менамоем.        Агар лозим шавад бо нохунҳо канда- канда агрегати  Роғунро месозем, фақат барои ба ин мақсадҳо ноил шудан  вақт лозим аст. Бовар дорам, ки мардуми  шарафманди  тоҷик  ба ҳама сахтиҳо  тоб оварданад инро низ ба хуби дарк мекунанд». Мардуми  тоҷик,  ки дер  интизори  ин рӯзро  доштанд шабро- шаб нагуфта  сидқан  меҳнат  намуданд, инак  ба муроди  хеш  расиданд. Агрегати  Роғун- ин  нангу  номуси  миллат, ин  пешравии  соҳаи  иқтисодӣ, ин  намунаи  ибрати  дигар  давлатҳо  гашт, ки  онҳо  ҳасад  мебаранд.

Ин  ҳама  аз  рафтору  кирдор, гуфтору  меҳнаткаринии  Сарвари давлат буд, ки ҳастии хешро  ба халқаш  бахшидааст.  Пешвои муазами миллати мо  ҷавононро  ба бунёдкорию  созандагӣ, хайрхоҳӣ   ҳидоят  менамояд ва  водор  месозад , ки  ҳама  дар якҷоягӣ  Ватани азизи  худро  обод  кунем. Фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем, ба онҳо касбу  ҳунар, дониши замонавиро омӯзонида, соҳибтахассус гардонем, то дар оянда мавқеъи худро дар ҷомеа дарёбанд.

Хиради азалии Фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи қавии халқи тоҷик буд, ки ба куллаи мурод  расидем. Ба тамоми  халқи азизам,  санаи  тақдирсози миллатро,  ки ободии  кишвар аст, ҳамду сано бод!

 

Миҷгонаи Саидаброр,

омӯзгори МТМУ№7-и ноҳия

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top