Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ХИШТИ АВВАЛ ГАР НИҲАД МЕЪМОР КАҶ        

Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунем, таълиму тарбияи насли наврас мақсаду мароми асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  буда, рушди ояндаи ҷомеа бе тарбияи дурусти насли наврас имконнопазир аст. Масъулияти волидон оид ба тарбияи фарзандон дар ин раванд бағоят калон ва зарур аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳри расидан ба ин ҳадаф ҷидду ҷаҳд менамоянд. Сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ оид ба тарбияи фарзанд Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар қисми 2 моддаи 34-и он масъулияти падару модарон барои тарбияи фарзандон пешбинӣ карда шудааст:  «Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд».

Ҳуқуқи волидайн дар тарбияи фарзандон, додани ному насаб, муайян кардан ва таъмин намудани ҷой истиқомат ва амсоли онҳо иборат аст. Ба ғайр аз ин падару модар уҳдадоранд, ки фарзандони худро тарбия намоянд ва аз ҷиҳати моддӣ таъмин кунанд. Дар иҷрои уҳдадориҳо низ онҳо баробар масъуланд.

Моддаи 5-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи кӯдакро барои зиндагӣ ва тарбия дар оила пешбинӣ менамояд. Чи хеле, ки аз қисми 2 моддаи мазкур бармеояд: «Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад, ки дар оила зиндагӣ карда, тарбия гирад. Тарбияи фарзанд ба дӯши волидон мебошад, дар муносибатҳои тарафайни фарзандону волидайн ва умуман ҷомеа саҳми падару модар бағоят бузург аст».

Кӯдак мавҷуде мебошад, ки қобилияти мустақилона ташаккул ёфтанро дорад. Дили кӯдак монанди тахтае мебошад, ки барои нависондан омодааст: чизе, ки нависанда дар он бинвисад, амсоли накуӣ ва ё бадӣ, ростӣ ё гуноҳ ва чизи дигар, дар вай абадан нақш мебандад. Кӯдак ба ғамхории волидайн, таъмини манфиятҳояш, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъни инсонии худ ҳуқуқ дорад. Яъне моҳияти моддаи мазкур чунин аст, ки барои амалӣ намудани ин ҳуқуқҳо волидон масъулият доранд, чунки танҳо волидон метавонанд ин муқаррароти қонунро амалӣ намоянд.

Инчунин дар баробари ин Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф, низ як қатор меъёрҳоеро фаро мегиранд, ки танзими ҳуқуқии ин муносибати ҷамъиятиро пурра менамоянд.

Падару модарон метавонанд ва ҳуқуқ доранд (чи хеле, ки дар моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки барои кӯдакони ноболиғашон муассисаҳои таълиму тарбия, шакли таълимиро интихоб (хоҳ мактабҳои намуди нав ё  МТУ) намоянд, ба мақомоти идораи давлатии маориф ва худидораи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон муроҷиат намоянд.

 

Қобили қайд аст, ки дар танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятии дар самти масъулияти волидайн оид ба тарбияи фарзанд нақши дигар меъёрҳои иҷтимоӣ, бахусус меъёрҳои динӣ ва ахлоқӣ низ ниҳоят калон ва ҳатмист. Бояд фарзандонро чунин тарбия намуд, ки онҳо дар оянда созандаи ҳақиқии давлат ва ватани худ шаванд. Тавре шоир мегӯяд:

 

            Хишти аввал гар ниҳод меъмор каҷ,

            То ба охир меравад девор каҷ.

 

Бояд мо аз он бифахрем, ки давлати ҳуқуқбунёд дорем. Мо-омӯзгорон бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки шогирдон, наврасон ва ҷавононро дар роҳи дурусти ватандорию ватанпарастӣ, дӯстию бародарӣ ва хештаншиносӣ таълиму тарбия диҳем. Чунончи Президенти кишвар Дар вохӯрию суҳбатҳои хеш таъкид менамоянд: «Ҷавонон созандаи ҷамъияти ояндаи мо ҳастанд».

 

Расул Султонҳайдаров,

ҷонишини директор оид ба таълим

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top