Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ДУНЁ ҲАМЕША ДАР ТАЛАБИ МАРДИ ҚОБИЛ АСТ

Ба гузаштаи таърихи  халқи тоҷик назар андозем, мебинем, ки  чи  қадар тағйироту  табадулотҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти миллати тоҷик рух додааст. Ҳукми тақдир будааст, ки  миллати  сарбаланду  худогоҳи  тоҷик бо вуҷуди шуру ошубҳои замона, боду боронҳои айём  тавонист, ки асолати миллии  худро нигоҳ дорад.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар ҳеҷ давру замоне бар сарзамини бегонае пой намонда, бар сари  миллате теғ накашидааст. Миллати тоҷик аз қадимуллаём миллати тамаддунофар буд. Аз маъхазҳои таърихӣ бар меояд, ки  халқи тоҷик дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти  иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ  пештоз будаанд. Дар ин замина қайд кардан ба маврид аст, ки пешво, вазирону подшоҳон дар рушду пешрафт ва тараққиёти ҷомеа саҳми босазои худро  мегузоштаанд. Маҳз фазилату заковати фитрии худовандӣ буд, ки миллати азиятдидаю ҷабрдидаи тоҷик тӯли солҳои начандон тӯлонӣ дар ҷаҳони муосир ҳамчун миллати сулҳофар ва ваҳдатофар шинохта шуд. Халқи тоҷик шукргузор аз тақдиру сарнавишти азалии худ мебошад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи рангину дурахшонеро сабт намуд, ки ҳамчун «Иҷлосияи тақдирсоз»  маъруф мебошад.                                                                                     

Даргириҳои дохилие, ки  дар ҷумҳурии азизамон ба амал омад, гӯё санҷиши тақдир буд дар сарнавишти миллати мо. Бар ивази хунрезию ҷонбозиҳои ҷавонмардони оқилу доно заковатманду ватандӯст халқи тоҷик ба орзуву ормонҳои ҳазорсолаи худ расид.

Дар айёме, ки кишварро гирдбоди яъсу ноумедӣ, даҳшати ҷанги бародаркуш фаро гирифта буд, Худованд барои миллати тоҷик фарзанди фарзонаеро қудрати сарварӣ дод, ки  ҷаҳониён шефтаи ҳунари роҳбарии ӯ гаштанд. Дар он лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсози миллат, ки Тоҷикистони азизамон бо чи қадар мушкилотҳои  сиёсӣ, иҷтимоӣ,  иқтисодӣ  рӯ  ба  рӯ гашта буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бовариву эътимоди устувор низоми давлатдориро ба роҳ гузошт. Ҳанӯз дар солҳои пурошуби   1994- ум вақте, ки мардуми ҷафокашидаи Тоҷикистони азиз умед ба ояндаи кишвар ва Сарвари ҷавони  худ доштанд,  бо барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно гаштанд. Ҳадафҳо ва самтҳои барнома хеле муҳим ва эътимодбахш буд. Зеро сухани ӯ ҷавонмардона, содиқона ва оқилона буданд: «Ман ба савганди худ, ки ҳанӯз дар рӯзи нахустини ба сари ҳокимият омаданам ёд карда будам, содиқам». Аз рӯзҳои нахустини ба сари вазифа омадан бо пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек, ки пандномае аз ниёгон аст, фаъолияти худро оғоз намуд, ки  моломоли  ташаббус,  эътиқод  ба халку миллат, мақсаду маромҳои  муваффақона буд.

Қабул гаштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Бахтномаи  миллат»  бо тағйироту иловаҳо,  Суруди миллӣ, Нишон ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон подоши  ранҷу заҳматҳои шабонарӯзии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишмандону олимон, коршиносону аҳли зиёи ҷумҳурӣ ба шумор мерафтанд.

Ҳадафҳои пайгиронаи Президенти кишвар аз таъмини сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии кишвар,  баргардонидани гурезагон,  демократикунонии  ҷомеа,  таҳкими давлатдорӣ,  ҳифзи ҳуқуқ  ва озодиҳои шахрванд,  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иборат буд.  Дар он айём яку якбора дар амал сохтани ҳадафҳо ғайриимкон буд. Зеро  ҳанӯз силоҳбадастон дар бархе  аз  минтақаҳои кишвар бо амалҳои ғайри қонунии худ мушкилотҳоро ба амал меоварданд. Гурӯҳҳои силоҳбадаст кӯшиш мекарданд, ки аз сари нав кишварро ба гирдоби ҷангҳои дохили афкананд. Қатлу куштори як зумра олимону зиёиёни миллат шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ аз зумраи чунин амалҳои ғайриинсонии он афрод буд. Муҳаммад Осимӣ, Сайф Раҳим, Олимпур, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Минҳоҷ  Ғуломов ва бисёр шахсиятхои маъруф, ки курбони силоҳбадастони ҷоҳил  гашта буданд, ба эътидол  овардани  вазъи  кишварро мураккаб мегардониданд.  

Гузаронидани ҷаласаву вохӯриҳо бо сокинони шаҳру нохияҳои кишвар, гуфтушуниду мулоқотҳо дар   ҳолату   вазъиятҳои  хатарнок  байни гурӯҳҳои даргир,  суҳбату  вохӯриҳои  судманд бо сарони давлатҳои мухталиф оид ба эътидол овардани кишвар ҷанбаҳои муҳими таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо  мебошад, ки  нақши  муҳиме  дар ин замина мегузорад.   Ба имзо  расидани созишномаи  сулҳи  тоҷикон, ки 27-уми  июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба вуқуъ пайваста буд, дар бунёди давлати демократии  ҷумҳурии азизи мо  заминаи мустаҳкам гузошт. Ин рӯзи муборакро  тамоми мардуми Тоҷикистон  бо  ашки  шодию фараҳмандӣ интизор буданд.                  

Зина ба зина, давра ба давра  рушди соҳаҳои  хоҷагии халқи мамлакат дар Паёмҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ҳар сол ба Маҷлиси Миллии  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, дар  рушду  пешрафти   соҳаҳои мухталифи  хоҷагии халқи  мамлакат тарҳрезӣ мегардад, ки яке аз дастовардҳои  замони истиқлолият маҳсуб меёбад.

Паи ҳам ба тасвиб расидани як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти занону бонувон, масъалаҳои гендерӣ, дастгирии занону бонувони лаёқатманд   дар  сохторхои давлатӣ, рушди соҳаи соҳибкории хурду миёна дар байни занони соҳибкори  ҷумҳурӣ дастоварди  муҳиме дар таърихи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад, ки дар кишвар чунин меҳрубонию, илтифот, қадрдонию эҳтиром нисбати Зан-Модар набуда.

Солҳои  баъди ҷанги шаҳрвандӣ  хонаҳои сӯхтаву валангор, заводу фабрикаҳои  бекор хобида, вазъи кори ташкилоту идораҳо хуб набуд, фаъолияти кори кормандони  соҳаҳо  бо вуҷуди набудани маош пеш  мерафт. Барои навиштану ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузориҳо  аз варақҳои сиёҳнависи замони шӯравӣ истифода мебурдем. Медонистем, ки  сифати кор на чандон хуб аст, аммо кӯшиш менамудем, ки  натиҷабахш бошад. Ҷои музди  меҳнат  маводи хӯрока, аз қабили равған, гандум баъзан сабзавот дода мешуд, ки шукр мегуфтему қаноат мекардем. Зеро наҳсии  ҷангро  ҳис мекардем. Аз  китобҳо хонда будем, ки дар кадом кишваре, ки ҷанг сар занад, аз паи худ харобию офатҳои зиёд, бемориҳои сироятӣ, қаҳтию хушксолӣ пеш меорад. Ончунон ҷанг дар дили мардум  даҳшат афканда буд, ки  ба забон овардани он  қалбҳоро  пора мекард. Зеро шаҳди  ҷангро аз  кӯдаки хурд то пири барҷомонда  чашида будем. Алҳазар аз он рӯзҳои   мудҳиш! Бадбахтие, ки ба сари  мардум омада буд, аз ҳама бештар ташвишовар ва дардноктар буд. Зеро аксар хонаводаҳо бесаробон, паҳну парешон гашта буданд.

Тибқи нишондодҳои омории солхои 1992 – 1993 дар вилояти Хатлон 17976 нафар кӯдакони хонаводаҳо бепарастор монда, 16226 нафар аз як сарвари оила ва 1750 нафар аз ҳарду сарвари оила ятим монда буданд, ки ҳамчун ятими кулл ба шумор мерафтанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайи бартараф сохтан ва беҳбудӣ бахшидан ба ин масъала дурандешӣ менамуд. Президенти  кишвар бо ҳисси масъулиятшиносӣ ҳанӯз дарк карда буд, ки кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд.  Борҳо дидаем, ки  дар ҳар вохӯрию  суҳбатҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳо  дар назди мардум  мегузаронад,  аз ҳаёти кӯдакону оилаҳои  ҳамон маҳал  ошно  гашта,  дар баробари ин кӯмакҳои моддию маънавӣ мерасонад. Сохторҳои давлатиро сафарбар месозад, то  вазъи оилвии онҳоро  омӯхта мусоидат намоянд.

Зани  солхӯрдаеро  дидам, ки ашк аз чашмонаш ҷорӣ гашта, бо ҳисси  ифтихор  мегуфт: дар ҳаёти сарам чунин  подшоҳро надидаам, ки  ба сағиру кабир  ин қадар меҳрубон  бошад. Он қадар меҳрубон ва дилсӯз аст, ки лабу даҳони кӯдаки ятимро бо румолчааш пок месозад, ки ин бузургию  ҷавонмардии Сарвари моро нишон медиҳад. Худованд давлаташро зиёда созад, умраш дароз бошад…

Мурод аз ин суҳбати зан он буд, ки ҳангоме Президент Эмомалӣ Раҳмон  ба куҷое сафар намояд, ҳатман аз ҳаёти иҷтимоии  шаҳрвандон, кӯдакону барҷомондагон, хурду калони он маҳал огоҳ мегардад, кӯмакашон менамояд.  

Ҳама он нобасомониҳое, ки  тӯли  ҷанги шаҳрвандӣ рух дода буд,  давра ба давра  таъмиру тармим сулҳу ваҳдат ва якпорчагии мамлакат  пойдор гашт, ки ин ҳама маҳсули   кӯшишу  заҳмат ва ранҷҳои кашидаи  ҷавонмардони баору  номуси  миллати тоҷик мебошад.  Дар ин раванд  хизмати  шоиста ва бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  назаррас аст. Ҷаҳониён   аз мактаби Эмомалӣ Раҳмон, ки намунаи барҷастаи  ҳунари роҳбарииву давлатдориро  инъикос менамояд,  меомӯзанд ва  ба кор мебаранд.

Шукр мегӯем, ки Худованд ба сарзамини Тоҷикистон  чунин фарзанд бахшид.  Шукр аз он месозем, ки  имрӯзҳо ҳаёти осоишта, сулҳу субот  якпорчагии мамлакат побарҷост. Вазъи орому осуда  моро водор месозад, ки пайи тадбирандешӣ оид ба  масъалаҳои иҷтимоӣ дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия бошем. Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки бархурди давлатҳои абарқудрат аз болои халқу кишварҳои нисбатан сусттараққиёбанда ё дар холати рушд қарордошта масъалаи ҷаҳонишавӣ манфиат ва суду зиёни он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳуқуқу озодиҳо, авҷи таассубу дину мазҳабҳо шиддат гирифта истодааст.

Вазъи ҷаҳони имрӯза ҳар як фарди худогоҳро водор месозад, ки паи тадбирандеши бошем. Имконияту шароити хубе, ки бо баракати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ба ивази ҷоннисориҳо  ба  даст омадааст, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, арзишҳои миллиро қадр созем.

Нооромиҳое, ки  дар кишварҳои  абарқудрат  ба  амал  омада,  дар  оташу  гирдоби  ҷанги  ифротгароён  қарор  доранд  ва  ҷомеаи  ҷаҳониро  ба  ташвиш  овардаанд,  моро  водор  месозад, ки  ҳушёрии  миллиро  мустаҳкам созем, насли  ҷавонро  дар  рӯҳияи  худогоҳӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром  ба  обу хоки сарзамини  азизамон  таълиму тарбия  намоем. Насли  ҷавон  бояд  дар хотир  дошта бошанд,  ки  ин  ҳама  ободию  озодии  кишвар  подоши  ҷоннисориҳои  ҷавонмардони  худогоҳи  миллат, сарвари  тамоми  тоҷикони  дунё, фарзанди  баруманди миллати тоҷик Эмомалӣ  Раҳмон    ба  даст  омадааст. Бо  ифтихори  бузург  гуфта  метавонем, ки  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  шахсияти  барҷастаи  ҷаҳонист. Ӯ  хизматҳои шоиста   ва  бесобиқа  барои  халқи  тоҷик, Тоҷикистон  ва  ҷаҳониён  менамояд. Бо  вуҷуди  мушкилоти  сиёсиву  иқтисодӣ, зиддиятҳои  душманони  миллати  тоҷик  тавонист, ки  Тоҷикистонро  ба  ҷаҳониён  муаррифӣ намуда,  ваҳдату якпорчагии  кишвари азизамонро, ки ном Тоҷикистон аст, бо эҷодкорию шукуфоӣ  шуҳраи ҷаҳон гардонид. Зеро  Худованд  ба  худододагон  марҳамати  зиёде  менамояд. Ба  қавли  шоир: 

     Ноқобилони   давр  ба  мақсад  намерасанд,

     Дунё  ҳамеша  дар  талаби  марди  қобил  аст.   

Мардони  қобил  дар  ҳама  давру  замон  ангуштшуморанд. Барои  ҷомеаи башар  хизматҳои  арзанда   менамоянд  ва  дар  назди  таърих  чун  шахсиятҳои  барҷаста  ҷовидонӣ  мемонанд.

 

Шарофати  Дониёр         

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top