Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Дар соҳили дарёи нур

Вақте офтоб ғуруб  мекунад,  гармии   рӯзонаро ҳавои    салқини роҳатбахши бегоҳӣ иваз  мекунад. Фишори як рӯзи  зиндагӣ, ки  бешак, ба дарё шабоҳат дорад, кам гашта, нармии ҳавои муътадили  шом ва эҳсоси фориғӣ аз ташвишҳои рӯзи рафта ба инсон сабукӣ  эҳдо мекунад. Оҳиста-оҳиста рафтуои    мардум дар ҷодаҳо коҳиш ёфта, дар чойхонаву тарабхонаҳо мардум мешинанд, суҳбат меороянд, рӯзи рафтаро таҳлил мекунанд ва куфти рӯзгорро мебароранд. Қаноатмандӣ, ризоият, дилхушӣ, комёрӣ дар симои ҳар як тоҷикистонӣ бармало буда, баракати рӯзгор афзудан дорад. Сокинон шукргузори рӯзгори осудаву диёри ободӣ  хешанд.

Бисёр мехоҳам розу ниёзи ин мардуми заҳматқаринро ба риштаи тасвир кашам, онҳоро ба дигарон шиносонам, зеро дар нигоҳи ман ҳар кадоме аз онҳо шабеҳи чашмаи мусаффое фаввора зада, ба дарёи пурталотуми орзуву умедҳо мубаддал мешаванд ва ҷодаҳоро пур мекунанд.  Ба ибораи дигар, рӯдбори зиндагиро ҷӯшу хурӯши тоза  мебахшанд. Дар соҳили он дарё  нишаста, аз мавҷхези он,  аз нигоҳи рӯшани чашми  ҳубоб ва табассуми гарми офтобаш  маъниҳои  бикр дармеёбам. Аёнам мешавад, ки чи қадаре ин дарё пуршӯртар шавад, пеш равад, ҳамон қадар ин сарзамин  оромтар, мардумаш осудатар мегарданд.

Ин аз  файзи истиқлол ва баракати сулҳ  аст. Шак нест, ки нури ҳақ ба диёри мо дар болҳои кабӯтари сулҳ, бо хости Худо ва ҷаҳду талоши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргашт (мазмун аз устод Лоиқ).

Барои хеш ва халқу меҳани худ   такягоҳ меҷустам. Роҳи халосӣ фикр мекардам. Бошад, ки сухане созанда  ва ҳидоят кунандаро ба забон оварам. Аз ин рӯ, ба хиради азалии халқ такя кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро фоли нек, оғози ҳадафмандона ҳисобида, воқеан ҳам ҳис кардам, ки ба ҷуз роҳи хирад роҳи дигаре моро ба манзили мурод намебарад.

Хирадгароӣ, ба ақлу заковат ва зеҳнияти халқ такя кардан, ҳамеша чархи ҳаёти моро дар ҳаракат нигоҳ доштааст. Бо сафинаи хирад мо аз тӯфонҳои сахти таърих убур карда, аз қарн ба қарне бори ҳикмат кашидаем. Он қадар илми ахлоқро такмил додаем, ки таъсири ҳикмату андарзи тоҷикӣ дар такомулу рушди фарҳанги кулли миллатҳои дунё ба назар мерасад. Он меъёрҳои одамият, ки ниёгони мо тарҳрезӣ кардаанд, имрӯз дар меъёри ахлоқии башарият маҳаки асосӣ маҳсуб меёбанд. Миллати мо, ки зебоии ботин ва зоҳирии инсонро тавъам тарбият мекунад, дар ин самт низ ҳазорсолаҳо боз дар олам пешоҳанг аст. Мазмун розу ниёзи  зоҳириву ботинии инсон кашф, корбаст ва аз нигоҳи руҳию равонӣ таин гардидаанд, ки мо метавонем, аз он ифтихор кунем. Сарафрозӣ кунем, ки дар давоми таърих дастдарозие дошта бошем ҳам, он дар заминаи фарҳанг, ҳикмат, хирад, фазолату инсондӯстӣ сурат гирифтааст. Ёддоштҳои сайёҳони Ҳинду Чин, Аврупо, рус ва ғайра дар таърих симои миллати моро чун миллати тамаддунофар, батақвову батавфиқ борҳо зикр карда, таъсири тамаддуни ориёӣ, фарҳангу адабиёти форсиро бо далелҳои раднопазир нишон додаанд. Ҳамаи инро пеши назар оварда, рӯшан тасаввур мекунам, ки мо ҷаҳонро бо нури хирад тасхир кардаем. Ва аз торикии ҷаҳолат инсониятро ба сӯйи равшанӣ ҳидоятгар будаем.

Пас аз хирад кор гирифтани Роҳбари давлат ва ба қувваҳои ақлонии ҷомеа такя кардани ӯ мантиқи қавии таърихӣ дорад. Дар ин замина эҳёи анъанаҳои миллӣ, рушди фарҳанг, забон, омӯзиши таҷрибаи таърих омилҳое мебошанд, ки зеҳнияти моро тақвият бахшида, эҳсоси худшиносии аҳли ҷомеаро ба таҳрик меоранд. Дар ин асос пайванди наслҳо барқарор гардида, асолатхоҳӣ ва чизе аз худ илова кардан ба фарҳанги миллӣ дар замири насли ҷавон туғён карда, хоҳиши шинохти хеш боло мегирад.

Ин ҳама дастовард ва асосҳое, ки аз қаъри дарёи хирад берун кашидаем, беҳтарин ҷавҳари ҳаёти моянд. Онҳоро дар замони муосир бояд нигоҳдорӣ кунем ва инкишоф диҳем. Рафта-рафта гавҳари ҳастии мо чун дури шоҳвор пурарзиш шуда, рӯи ҷаҳониёнро сӯи мо мегардонад.

Бо ин ҳадаф дар замони истиқлолият оростани ҷашнвораҳо, тантанаҳои таърихӣ беҳтарин усули татбиқи  сиёсати фарҳангдӯстонаи Ҷаноби Олӣ арзёбӣ  шуда, омили муҳими нигоҳдорандаи арзишҳои миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ба шумор мераванд. Хулоса, чунин мешавад, ки Роҳбари давлат ба тақдири миллату Ватан, аз оғози таърих то имрӯз назари фарох илман асоснок дошта, манфиатҳои миллиро ҳамеша боло мегузоранд. Бо ҷаҳду талоши ҳамешагӣ бар рағми бадхоҳони миллат нақши халқҳои Тоҷикистонро дар инкишофи равандҳои минтақавӣ ва башарӣ бештар ба ҷилва меоранд ва бо асосҳои мутамад собит мекунанд, ки хиради азалии ин миллати фарҳангӣ дар ваҳдати халқҳои ҷаҳон нақши муҳим дошта метавонад. Ва маҷмуи хирадномаҳои ниёгони бузурги мо дар густариши гуфтугӯи тамаддунҳо ва манфиат ҳосил кардан барои аҳли башар асоси боэътимоде метавонанд бошанд.

Муҷиби дар сарзамини мо пойдор шудани сулҳ, таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ, эҳё гардидани суннатҳои мардумӣ ва пешрафтҳои беназир дар риштахои ҳуқуқ, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, сохтмон, саноат, маориф ва ғайра, пеш аз ҳама самараи ташаббускорӣ, ҷонфидоӣ ва халқпарварию меҳандӯстии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз ана ҳамин сифатҳои неки роҳбарӣ ва инсонӣ буданд, ки фаъолияти густурдаи Эмомалӣ Раҳмон дар  арсаи ҷаҳон эътироф гардида, ба ӯ  унвони  Пешвоиро сазовор  донистанд. Чаро?  Зеро ӯ густариши сиёсати фарҳангию миллатсозии хешро дар  заминаҳои  муътамад        роҳандозӣ мекунад, ки   башарият аз он фоида дида, тамаддуни       муосир   ғановатмандтар  мегардад.

Мисли  ситораи бахти одамон  ҷилва  мекунанд. Ё гуфтаи Мавлоно Муҳаммад Иқбол амалӣ шудааст.

 

Фурӯғи  хокиён аз нуриён афзун шавад рӯзе,

Замин аз кавкаби тақдири мо гардун шавад рӯзе.

 

Дар ҳар сурат  ахтари бахти мо  аз гардун дигар намеафтад. Зеро шоми Тоҷикистони азиз ҳар лаҳзаву ҳар соат  нуронитар мешаванд. Пешвои миллат моро ба сӯи нуру рӯшноӣ мебарад ва яке аз ҳадафҳои стратегиамон таъмини истиқлолияти энергетикӣ буда, сохтмони даҳҳо неругоҳҳои хурд, НБО Роғун ояндаи зиёбор моро интизор аст ва мо имрӯз дар соҳили дарёи нур истиқомат дорем. Ба  шарофати ин аз як сӯ зеҳну хиради мардуми мо рӯшан шудан дорад. Аз сӯи дигар зиёи хуршеди ҳастии мо гармтар гардида, ҳатто дили сардтаринро ҳидоят ба орзупарварӣ мекунад.  Заврақи  ормонҳои моро  насими руҳбахши кӯҳҳои  сарбафалаккашида, туғёни  мавҷ ва раҳнамоии шамси хирад ба соҳили нуробод мерасонад, бо нури азалӣ ҳамошён месозад.

Зи кӯҳҳо зӯр мебояд гирифтан,

Зи дарё шӯр мебояд гирифтан.

Ба гармию зиёбахши чу хуршед,

Ҷаҳон бо нур мебояд гирифтан.

У. Билолӣ

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top