Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ДОМАНИ НЕКОН НАГИРАД ҲАР КИ БУНЁДАШ БАД АСТ

Чуноне, ки тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ гаштем, нимаи моҳи октябри соли 2018 конфронси байналмилалӣ Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ» дар шаҳри Қоҳираи Мисри Араб, таҳти роҳбарии Раиси Ҷумҳрии Мисри Араб Абдулфатоҳ ас-Сисӣ баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур аз 73 кишвари ҷаҳон муфтиён, сафирону намояндагони баландпояи Мисри Араб, кумитаҳои дин ширкат доштанд. Ҳамчунин дар ин конфронс раиси Шӯрои уламои Маркази исломшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода суханронӣ намуд. Мавсуф зимни суханронии хеш қайд кард, ки вақти он расидааст, то ТЭТ ҲНИ ба сифати ташкилоти террористии байналмилалӣ эътироф гардад».

Дар ҷомеаи мутамаддини демократӣ барои инкишофи гуногунандешӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, назарҳои мухталифи ҳизбу гуруҳҳо баҳри дарёфти ҳалли мушкилот бояд ёрӣ расонанд. Дар ин росто фаъолият бояд дар доираи талаботи оромию озодии шаҳрвандон ва асосҳои давлат таҳдид накунад. Аммо агар ТТЭ ҲНИ-ро ба риштаи таҳлил кашем, равшан мебинем, ки гуфтору рафтори узви ин ҳизб мувофиқ набуд. Онҳо дар фаъолияти хеш дурӯягӣ зоҳир карда, ба хотири расидан ба ҳадафҳои ғаразнокашон манфиатҳои Ватан ва миллатро сарфи назар менамуданд. Онҳо ғояи миллатро не, балки мафкураи бегонаро ҷонибдорӣ ва ба андешаи миллӣ муқобил буданд.

Онҳо симои аслии хешро ҳанӯз дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта нишон доданд ва ҳодисаҳои он солҳо чӣ натиҷа оварданд, ба ҳамагон маълум аст. Аммо ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳ, истиқлолият ва мутаҳҳид сохтани кишвар ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ин ҳизб иҷозат дода шуд. Вале тавре рафти ҳодисот ва мавқеи ин ҳизб нишон дод, наҳзатиён манфиати хоҷаҳои хориҷии хешро ифода карданд. Мавқеи нисбат ба аҳдофи миллии мо бегонаро ишғол намуданд. Дар ҳама маврид узви ин ҳизб ба пешрафту комёбиҳои халқҳои Тоҷикистон хати бутлон кашида, дар арсаи ҷаҳон ҷор мезаданд ва пешрафти бемайлони кишварамонро зери шубҳо ва танқиди беасос мекашиданд.

Ҳадафи аъзоёни ин ҳизб муайян буданд. Онҳо мехостанд худро дар назди маблағгузарони хориҷиашон содиқ нишон диҳанд. Магар кӯрнамакӣ аз ин зиёд мешавад? Магар онҳое, ки Ватанро паст мезананд, имони қавӣ доранд? Ҳаргиз наметавон фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро аз оғоз то ба анҷом мусбат арзёбӣ кард. Зеро оне ки ба модари хеш бадбинӣ  мепарварад ва ба умеди моиндор мешавад, расвои ду олам мегардад. Ва онҳое, ки дар ҷомеа тарсу наҳсу ифротгароӣ ва терроризмро ҷонибдорӣ мекунанд, нисбат ба додаҳои худо ношукранд, албатта, ба коми дил намерасанд.

Аз сӯйи дигар бо ташвиқи хоҷагиашон ором наистода, мекӯшиданд вазъро дар кишварамон номуътадил гардонанд. Аҳамияти осоиштагӣ, озодӣ ва шукуфоии меҳанро нодида мегирифтанд ва ҳамеша ҳангомаҷӯйи карда, худро аз мардуми Тоҷикистон ҷудо намуда, вазъи ҷомеаро муташаниҷ кардан мехостанд.

Аммо халқҳои кишварамон ба даъвати Президенти мамлакат мутаҳҳид шуда, аз мавқеи манфиати Ватан дастовардҳои демократиеро дар кишварамон пуштибонӣ карданд. Тири фитнаву дасиса ва ифратгароии узви ТТЭ ҲНИ хок хӯрд онҳо. Онҳо бо ин қаноат накарда, бо сарварии генерали хиёнаткор Ҳ. Назарзода исён бардошта, табаддулот кардан хостанд, дар моҳи сентябри соли 2015 ва ифротгаро будани хешро нишон доданд.

Ҳақ ба ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки борҳо такрор карданд. «Терроризм ватан, миллат ва дин надорад». Наҳзатиён дар сухан гӯё дӯстдори ватан бошанд, аммо дар амал тундгароӣ майл доштанашонро пинҳон намекарданд.

Дар асоси қонун, бо далелҳои раднопазир ва муътамад Суди олии кишвар фаъолияти ин ҳизби ифротгароро манъ кард. Мардуми Тоҷикистон ин қарорро дастгирӣ намуданд. Аммо наҳзатиён берун аз кишвар фаъолияти иғвогаронаи хешро идома дода, мехоҳанд номи миллату ватани моро сиёҳ кунанд. Амалҳои ифротгароёнаи онҳо дар давлатҳои Эрон, Полша гувоҳи ин фикр аст. Онҳо моҳи июли соли 2018-ум ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла карда, ба амалҳои нопоки хеш расиданд ва шаъну шарафи мардуми сарбаланди тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ паст карданд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ саривақт ноҷавонмардони ифротгароро безарар гардониданд ва нафарроне, ки даст ба амали зишт заданд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд.

Бигзор тамоми мардуми ҷаҳон донанд, ки ТТЭ ҲНИ мақсадҳои нопок дорад, ки саркардагони ин ташкилот душмани миллату давлатҳо мебошанд. Дар арсаи ҷаҳонӣ ин ТТЭ ҲНИ-ро чашми дидан надоранд, чунки ин зархаридон дилу нияти нек надоранд.

Аз ин рӯ, мо-шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ҷомеаи солиму орому озоди худро аз ифротгароёну тундгароёни ТТЭ ҲНИ ҳифз намоем.

 

Ҳикматулло Сиҷоатов,

сархатиби масҷиди марказии ба номи

Ҳазрати Одам (а)-и ноҳияи Вахш

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top