Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Сайидюнуси наҳзатӣ мардумро ба қонуншиканӣ даъват мекунад

Сайидюнуси наҳзатӣ, ки дар зери домани охундҳои шиамазҳаб панаҳ бурдааст, аз ҳар имконияту фурсате истифода мекунад, то амали душманонае бар зидди Тоҷикистон анҷом диҳад, аз ҷумла вақтҳои охир мавзӯи Бадахшонро бештар мавриди ҳадафи нопоки худ қарор медиҳад. Ин дафъа ҳам фурсатро аз даст надода,  дар сомонаи ифротиаш мақолае зери унвони «Волоияти қонун, ҳарфи ҳаққест, аммо…»-ро ба нашр расондааст, ки ба масъалаи ВМКБ дахл дорад.

Тибқи иттилои  расонаҳои хабарӣ, 4 ноябри соли ҷорӣ дар Хоруғ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади пешгирии ҷиноят ва ҳимояи худ аз афроди мусаллаҳи ҳамлакунанда аз силоҳи пневматикӣ истифода кардааст. Дар натиҷа ду нафар ҷароҳати сабук бардоштаанд. Вобаста ба ин ҳолат гурӯҳи шаҳрвандон, ки ғолибан аз асли воқеа дуруст огоҳ набуданд, дар назди бинои маъмурии Ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҷамъ омадаанд, аммо баъди  дуруст фаҳмидани он пароканда шудаанд.

Вале Сайидюнус аз ҳамин як нофаҳмии ба миён омада сӯиистифода карда, иғвоангезӣ мекунад ва мехоҳад мардуми Бадахшонро бар зидди Ҳукумат шӯронад. Дар ин маврид қасдан аз ҳазрати Алӣ мисол меорад, сокинони минтақаҳои дигари кишварро таҳқир мекунад ва ба Роҳбари давлат туҳмат мезанад, ки амали ноҷавонмардона ва беинсофист.

Сайидюнус дидаю дониста масъалаи “Волоияти қонун”-ро бо каҷфаҳмию тарзи ғалат шарҳ медиҳад ва мехоҳад мардумро ба гумроҳию қонуншиканӣ водор намояд, то дар кишвар боз нооромию бесомонӣ ба миён ояд. Шояд хоҷагонаш супориш додаанд, ки мисли солҳои навадум ҳамроҳи ҳаммаслакони наҳзатиаш дар Тоҷикистон оташи ҷангро аланга диҳад?

Агар чунин набошад, чаро дар навиштаҳояш иғвангезӣ мекунад ва мардумро ба қонуншиканӣ даъват менамояд? Ҳол он ки «волоияти қонун» риояи тамоми қонунҳои амалкунандаи кишвар мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки тибқи қонун ҳар як шаҳрванд дар баробари ҳуқуқу озодиҳо уҳдадориҳо низ дорад. ВМКБ ҳам як ҷузъи Тоҷикистон аст ва сокинони ин минтақа низ бояд қонунҳоро бе чуну чаро риоя кунанд. Ҷинояткорию қонуншиканӣ новобаста аз маҳали зист ҷавобгарӣ дорад.

Сайидюунус то дараҷае бахтбаргашта аст, ки аз воқеаҳои манфӣ, зарар дидани одамон ҳамеша хурсанд аст ва ба манфиати худ истифода карданӣ мешавад. Агар чунин намебуд, аз як ҳодисаи дар Хоруғ рухдода воҳима намесохт ва гурӯҳи шаҳрвандонеро ки барои муроҷиат ба Раиси вилоят омадаанд, «тазоҳурот» наменомид.

Ҳолати ба амал омадаро албатта сохторҳои марбута мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд ва тибқи қонун арзёбӣ мекунанд. Лекин тавре аз хабари расонаҳо бармеояд, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи қоидаю қонуни муайян гардида амал кардааст. Яъне дар муқобили гурӯҳи мусаллаҳ муқовимат нишон додааст. Вай дар ин маврид аз силоҳи ҳақиқии ҷангӣ ҳам истифода  карда метавонист ва албатта аз худ ҷавонмардӣ зоҳир карда, танҳо силоҳи пневматикиро ба кор бурдааст.

Мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони ВМКБ албатта мефаҳманд, ки навиштаҳои иғвоангезонаи Сайидюнус ва ҳаммаслакони наҳзатии вай  бар зидди ватану миллат равона гардидаанд ва супориши душманони хориҷӣ мебошанд.

Ҷорӣ гардидани тартиботи ҷамъияти таъмини волоияти қонун дар кишвар ва хусусан дар ВМКБ кафолати болоравии сатҳи зиндагии мардум мебошад. Аз ин рӯ, бояд тамоми сокинони Бадахшон аз иқдомҳои Ҳукумат дар ин самт дастгирӣ кунанд.

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top