Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

МАРОМИ ВАҲДАТИ ЯГОНАГӢ

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демоктарӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон карда шудааст. Баъзе аз шаҳрвандон шукри тинҷиву оромии кишвар накарда, ба гурӯҳҳои тундрав шомил гардида, зидди сохтори конститутсионии кишвар ба амалҳои террористӣ даст мезананд.

Дар суханронии худ оид ба вазъи Бадахшон собиқ генерали амнияти давлатӣ Давлат Мамадризобеков қайд намудаанд, ки: «аз кор гирифтани раиси ВМКБ кори дуруст аст, зеро ӯ хатоҳои зиёд дошт». Тағйиротҳои кадрие, ки дар вақтҳои охир Президенти кишварамон кардаанд, саривақтӣ мебошад.  Ба андешаи Пешвои миллат, «Дар Бадахшон сафи кормандони сохторҳои қудратӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ афзоиш ёбад, зеро нафароне, ки аз дигар минтақаҳо меоянд, то дараҷаи зарурӣ наметавонанд бо мардуми маҳаллӣ забон ёбанд».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба сафар намуда, бевосита бо аҳолӣ вохӯриҳо гузарониданд.

Ба ақидаи Генерал Давлат Мамадризобеков, ТТЭ ҲНИ, ки дар Тоҷикистон фаъолияташ манъ карда шудааст, бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи алоқа ба мафкураи ҷавонон таъсир расонида, ки ин антипропаганда мебошад. Мо бояд бо  мулоқоту вохӯриҳои таъсирбахш ва далелҳо шайъӣ ҷавононро аз гумроҳи баргардонида, ба роҳи рост ҳидоят намоем ва бо роҳи гуфтушунид барои баргардонидани фирефташудагон аз хориҷи кишвар мусоидат созем. Аксари фирефташудагонро ҷавонон ташкил медиҳад, ки онҳоро ба воситаи интернет гумроҳ карда, ба гурӯҳҳои ТТЭ ҲНИ шомил карда, ба воситаи онҳо амалҳои террористӣ роҳандозӣ месозанд, ки ин хатарнок мебошад. Чуноне, ки ҷавонони раҳгумзада дар шоҳроҳи Душанбе-Данғара сайёҳонро ба қатл расониданд. Ба муқобили чунин ашхос бояд ҷазои вазнинтарро татбиқ намуд. Он гумроҳоне, ки ба чунин амалҳо ҷалб карда мешаванд, дониши кофӣ надоранд. Агар чунин афрод ислоҳшаванда бошанд ва аз кори кардаи худ пушаймон шаванд, онҳоро аз роҳи бад баргардонидан лозим аст.  Чунин ашхосро зери назорати махсуси давлат ва ҳифзи ҳуқуқ гирифта шаванд. Воситаҳои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо ин гузаронидани корҳои пешгирӣ ва профилактикӣ ба ҳисоб меравад.

Моро лозим аст, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия созем, то дар оянда онҳо парчамбардори миллатамон бошанд.

ҲайатиомӯзгорониДДҚбаномиН. Хусрав

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top