Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

БАДАХШОН-БОМИ ТОҶИКИСТОН АСТ

Бадахшонро Бадахшон метавон гуфт,

Бадахшонро куҳистон метавон гуфт.

Адолатҳои Пешвои азизро,

Ба мисли хайру эҳсон метавон гуфт.

 

Дар ҳақиқат хонаи ҳар шахс аз панҷ рукн иборат аст, чаҳор девору сақфи хона, яъне боми хона мебошад. Агар яке аз ин рукнҳо набошад, на зимистону на тобистон зиндагӣ карда намешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз 5 рукни асосӣ иборат аст:

  1. Душанбе;
  2. Ноҳияҳои тобеъи марказ
  3. Вилояти Хатлон
  4. Вилояти Суғд
  5. Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон

Тоҷикистонро бе Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Бузургон фармудаанд, ки: «Агар дар яке аз кунҷи хона оташи хурде пайда гардад, пешгирӣ карда нашавад, он оташ тамоми хонаро фаро мегирад».

Шайх Аттор мефармояд:

 

Оташи андакро тавон куштан ба об,

Войи он соат, ки гардад илтиҳоб.

 

Сафари кори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон бисёр ба маврид буд. Зеро Пешвои миллат хоҳони ҳаёти осоиши мардум аст. Агар сокинони мамлакат тинҷу осуду умр ба сар баранд, Сарвари давлат низ хушҳол мегардад. Чуноне, ки Роҳбари давлат зимни суханронии бо фаъолону сокинони вилояти мухтори куҳистони Бадахшон иброз доштанд:

“Бо вуҷуди пешравиҳое, ки имрӯз дар ҳаёти сокинони вилоят ба даст омадаанд, баъзе камбудиҳое низ вуҷуд доранд, ки мо бояд онҳоро пинҳон накунем, балки ошкоро гӯем ва барои ислоҳу аз байн бурдани онҳо ҳама якҷо кӯшиш кунем. Зеро чунин камбудиҳо боиси халалдор шудани оромии мардум, суботи ҷомеа, амнияти давлат ва коҳиш ёфтани обрӯи миллат мегарданд.

Масалан, бо вуҷуди коҳиш ёфтани содиршавии баъзе ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои махсусан вазнин, сатҳи умумии содиршавии  ҷиноятҳо дар вилоят тамоюли болоравӣ дорад.

Аз ҷумла содир намудани ҷиноятҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳи оташфишон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бо истифодаи силоҳ содир намудани ҷиноятҳо, қаллобӣ ва худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин афзудааст».

Баъзе аз гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо зӯри силоҳ даст ба ҳар гунна амалҳои ношоиста мезаданд. Манфиати шахсии хешро аз манфиати боло медонистанд. Чанде пеш тавассути оинаи нилгун барномаи «Ахбор»-и шабакаи аввал гузорише аз вилояти мухтори куҳистон Бадахшон тамошо кардем, ки ҳангоми қоидаи роҳро вайрон кардан ронанда бо нақлиёти сиёҳшиша ба нозири роҳ итоат накардан он тараф истад, қариб корманди БДА-ро пахш мекард.

Худ қазоват намоед, ки агар шахси ҷинояткор нисбати кормандони ҳифзи ҳуқуқ чунин рафтор намояд, пас вой бар мо…

Дар ҳақиқат дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид аст. Мардуми сарбаланди Бадахшон, аҳли ҷомеа дар ҳамбастагӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ бояд наврасону ҷавонон дар роҳи дуруст ҳидоят намоем.  Чунки наврасону ҷавононро фарзандвор дӯст доштан ва дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия кардан вазифаи ҷони ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳеч як волидайн намехоҳад, ки фарзандаш богӣ дил нею доғи дилаш бошад. Орзуи ҳамешаи модарон ин ахлоқи ҳамидаи инсони фарзандон аст. Падару модар ҳеч вақт бар зарари ҷигарбанди хеш амали ноҷое ба сомон намерасонад. Ҳамеша кӯшиш менамояд, то фарзандонашро бо луқмаи ҳалол ба воя расонад. Вале на ҳама фарзанд аз ғамхориҳои волидайн бархурдор аст. Баъзан дар ҷомеаи мо низ фарзандоне ёфт мешаванд, ки ба васвасаи «шайтонҳо»-и хориҷӣ ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил мешаванд ва доғе боқӣ мегузоранд дар қалби пайвандони хеш.

Мо-тоҷикон бояд ба қадри ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ваҳдати ҷовидонамон бирасем. Агар дӯстию рафоқат миёни минтақаҳо набошанд, мо наметавонем пешрафт кунем. Бузурге фармудааст:

 

Тараҳҳум бар паланги тездандон,

Сипамгори бувад бар гӯсфандон.

 

Дар дини мубини Ислом на фақат рӯза асту намоз, балки дӯст доштани ватани низ аз гӯшаи имондорист. Ба қавли шайх Саъдӣ:

 

Ислом нафақат савту салот аст,

Илм аст, сиёсат асту ҳаёт аст.

 

Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд, ки: -Хабар кунам шуморо ба кори хайре, ки савобаш аз намозу рӯза бисёр аст.

Саҳҳобагон гуфтанд: -Ё Расулаллоҳ савобе бошад аз намозу рӯза бештар?

Расули Акрам дар ҷавоб гуфт:-Оре. Шахсе дар ҷои нотинҷу нороҳат бошад, дар он макон сулҳу ваҳдат орад, беҳтар аз 100-сола намоз. Агар шахсе 100 сол дар рӯи ҷойнамоз тоату ибодат кунад, савобаш танҳо ба худаш мерасад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ба қадри хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо-тоҷикон бирасем. Хидматҳои Фарзанди Фарзонаи миллат буд, ки мо ба рӯзҳои нек расидем. Агар дар ҳамбастагӣ мо-аҳли ҷомеа ҳазорон қасру кушк бисозем, ба заҳмати 1 соатаи солҳои 1992-1997 баробар шуда наметавонад. Мо-тоҷикон бояд мардонавор қоил шавем, кия гона ғамхори миллату давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

 

Шоҳро беҳ бувад аз тоати садсола зуҳд,

Қадри як соати умр, ки дар ӯ дод кунад.

 

Ҳикматулло Сиҷоатов,

сархатиби масҷиди марказии ба номи

Ҳазрати Одам (а)-и ноҳияи Вахш

 

 

Худкардаро даъво нест….

Ҳар як шахс оиди амоли нек ё бадаш бояд ҳисоботдиҳанда бошад ва пеш аз он, ки чӣ амалеро иҷро мекунад, бояд ақлро корфармуда андешаи чуқур намояд, ки оқибати кори ӯ бо чӣ анҷом меёбад. Умри инсон ба монанди кишту кори деҳқон аст. Агар деҳқон дар замин хуб меҳнат кунад, ҳосили хуб ба даст ораду ризқи ӯ зиёд мегардад ва агар дар замин хуб меҳнат накунад, оқибат зарба ба ризқу зиндагии ӯ мегардад. Дар зиндагии инсоният низ шахсонеро вохурдан мумкин аст, ки аз нооромиҳо истифода бурда ба қавле худашон шоҳ ва таъбашон вазир ҳисобида даст ба амоли бад зада андеша намекунанд, ки ин амалҳои зишти онҳо рӯзе саволу ҷавоби худро дорад. Дар шабакаҳои интернети маводе бо номи «Лидерони Бадахшон хостори мулоқот бо Президент шудаанд» паҳн гардид, ки гӯё чаҳор нафар аз лидерон ё раҳбарони ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон–ТолибАйёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабов–бо дархости мулоқот бо президенти Тоҷикистон аз Хоруғ ба Душанбе омадаанд ва гӯё ҳадафи онҳо мулоқоти боз ва рӯ ба рӯ бо раиси ҷумҳур дар бораи вазъи кунунии Хоруғ аст. Дар мулоқот бо мардуми Хоруғ нисбат ба лидерон ҳарфҳои ноҷо рафта ва номашон "сиёҳ" карда шудааст. Инҳо мехоҳанд, собит кунанд, ки дар асл чунин нест."Кас дар ҳайрат мемонад, ки ин шахсон паҳн кардани чунин хабарҳои бардурӯғ ба манфиати кист. Маводҳое, нисбати саркардагони роҳбарони ғайрирасмии Бадахшон аз тарафи сохторҳои қудратии мамлакатамон чамъ оварда шудааст, бас нест, ки боз агар ба шарте, ки ин гап рост бошад, ин ашхосон барои худсафедкунӣ ба Душанбе омада бошанд. Қаблан мақомоти интизомии Тоҷикистон раҳбарони ғайрирасмии вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро ҳафт нафар ва “саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ” дар Хоруғ эълон карда буданд.

Рӯзи 22-юми октябр расман ба онҳо огоҳинома супурда шудааст, ки аз авбошиву таҳқири намояндаи ҳукумат, “сходка” ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир даст кашанд, “вагарна нисбат ба онҳо аз чораҳои ҳуқуқӣ кор гирифта хоҳад шуд”. Ва онҳо хуб медонанд, ки дар ҳолати даст задан ба амалҳои номатлуб онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Лекин ба фикри банда ин дурӯғи маҳз аз тарафи душманони миллати миллат боз як найрангии навбатии онҳо мебошад ва бо ин роҳ боз мехоҳанд, ки вазъи ороми кишварро халалдор намоянд. Ба душманони миллати гуфтани ҳастем, ки аз пашша фил насозанд. Онҳо фикр намекунанд, ки халқи тоҷик як роҳбар ё як  лидер дорад, ки барои пешравию гулгулшукуфии Ватани азиз мо шабу рӯз заҳмату меҳнати зиёд намуда асту самарии онро мо ҳамарӯза мебинем ва ин ҳам бошад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Исломиддин Нарсов

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top