Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЗИ ҶОНАМ ҚИММАТ АСТ

Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих,

Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таасуб,

Бар  фарқи саре найзаву ханҷар накашидаст....

Ҳамин аст ҳақиқати таърихӣ, аммо мардуми соҳибназари мо бо адабиёту  шеъри оламгир, асарҳои арзишманду  беназирашон  дилу андешаи мардумони заковатманди оламро тасхир намудаанд.  Миллати тоҷик намунаи олии эҳтирому одоби башарист, ки дар гуфтору навиштаҳои бузургтарин файласуфону суханварон, таърихнигорону ҷуғрофидонон ин нукта таъкид шудааст.

Ҳимоя ва пуштибонии ҳамин арзишҳои баланди маънавӣ рисолати таърихии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвари азизамон мебошад, зеро дӯстдорӣ ва парастиши ватан муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад.  Аммо боиси таассуф аст, ки дар ҷомеаи мо як гуруҳ инсонҳое дучор мешаванд, ки ба қадри ҳамингуна арзишҳо намерасанд, оромиву суботро халалдор месозанд ва андеша намекунанд, ки “ҳар ки бар душмании халқ равон аст чу баҳр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад”.

Ҳамингуна гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ тайи чандин солиёни дароз дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият доштанд, ки  22-юми октябри соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа Айёмбеков Толиб Абдураҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозоровичро ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд. Нисбати ҳар яки онҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф мегардад.

Ҳимояту дӯстдории марзу бум қарзи фарзандии ҳар сокини Тоҷикистони азиз буда, мо вазифадорем, ки ватани биҳиштосоямонро мисли гавҳараки чашмамон муҳофизат намоем. Аз ин  рӯ кирдорҳои ҳамингуна гуруҳҳои ҷиноятпешаро маҳкум намуда,  аз ҳамингуна  саркардагону пайравонашон талаб менамоем, ки ба амалҳои ҷинояткорона қатъан хотима бахшанд  ва ба номи бузургтарину садоқатмандтарин фарзандони Боми Ҷаҳон иснод наоваранд ва аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, ба Ватани аҷдодии худ, давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва миллати тоҷик ҳамеша содиқона хизмат намоянд.

Умеди Нуронӣ, фаъолиҷомеаишаҳрвандӣ

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top