Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Терроризми интернетӣ

Ҷомеаи имрӯзаро  бидуни интеренет тасаввур  кардан мушкил аст. Чунки интернет қонеъкунандаи талаботи  аввалияи мағзии одамони асри нав гардидааст. Бархе аз  коршиносон бар ин назаранд, ки интернет воситаи расонидани иттилоот ва ё захираҳои қомуси маҳсуб меёбад. Албатта маводҳои зиёде пайдо кардан мумкин аст, ки ба инсон манфият бахшанд. Кулли он маводҳо дар ҷойгоҳи махсус нигоҳдорӣ шуда, ин шабака дар худ маъхазҳои махсуси маҳфузкунандаи ахборотро (Сервер) доро буда, ҳангоми ковиши мо он руй дасти равзанаи компютерҳо намудор мешавад.    Вале мутаассифона  ахбор  дар 5-солаи  баъди ба хатари  табдил ёфта,  шабакаи интернетӣ бо номи  терроризми интернетӣ унвон гирифт. Пас суоле ба миён меояд, чӣ гуна ин шабакаи маҷозие, ки инсон ихтироъ намуда, ба дастгоҳи тороҷкунӣ мубадал шудааст? - Дар мадди аввал ҷавоб содаю осон менамояд, аммо меҳвари як надошта идоракунандаи онҳо худи муассисонашон мебошанд.

Дар ин шабу рӯз  панҷ  банди асосии истифодабарии интернетро донистан зарур аст:

1.Дониста бошед, ки мактуб ва смспайёмакҳо ё эмйлёдрасҳои шуморо ҳатман мехонанд. (То ба дасти мусоҳиби шумо расидан ҳатман намояндагони сервер “маркази захиранамоии иттилоот” маҳфуз нигоҳдошта соле як маротиба муҳимтарини онро мехонанд).

2.Навиштаҳои шуморо дар сафҳаи сомонаи иҷтимоиятон ҳатман мониторинг мегузаронанд. (Тафтиш мекунанд, муҳокима мекунанд, пурсишҳои сотсиологӣ мегузаронанд).

3.Аксҳои шумо дар дигар расонаҳо чун сарчашмаи асосӣ аз  сомонаи иҷтимоии шумо истифода мекунанд, ҳангоми сарчашмаи хабаре ки шумо ба дигарон иттилоъ додаед.

4.Таҳдидҳои шаҳвонӣ ба воситаи барномаҳои танзимкунандаи компютерӣ метавонанд акси  шуморо  таъғирдода таҳдид намоянд. (Аксҳоро бевосита аз сомонаи иҷтимоии шумо мегиранд).

5.Дар саҳифаатон даъват ба дӯсти намудан равон мекунанд, то ин ки шумо бо онҳо дӯсти намоед. Баъдан бо вазни тафаккури Шумо қиссаҳои эътиқодӣ (динӣ) пешниҳод намуда, ҳадафҳои худро пушти қиссаҳо ва тугмаи компютер нишаста амалӣ менамоянд.

       Фаромӯш набояд кард, ки барномаҳои мухобиротӣ Viber, whats-App, Imo, Telegrom  ва дигар мененҷерҳо аз ин захиракуниҳои иттилоотӣ орӣ нахоҳанд буд. Инҳо низ дар худ муколамаро маҳфуз нигоҳ медоранд. Воқеъан ҳамаи ин ба воситаи интернет пайваст гардида, моро доиман дар контрол қарор медиҳанд. Шояд дигар роҳҳое низ бошанд, ки барои он таҳлилӣ мудом зарур аст? Дар сомонаи Google  дар як дақиқа беш аз 3 миллион калима хабар интишор мегардад, ки ин омор таъғирёбанда буда вобаста ба мавзӯи муҳими ҷамъияти сахт алоқаманд мебошад. Дар пай ин хабарҳо ҳатман сиёсатҳои террористии худро сомонаҳои иҷтимоӣ дар маркази ҷустуҷӯйи гугл пахш мекунанд. Сомонаи видеоии YouTube барои гузоришу роликҳои эксклюзивии аъзоёнашро аз ҳисоби бинандагони зиёд дастмузд пешниҳод намудааст, ки онҳо барои ба даст овардани пул воқеаҳоро ба сохту шакли пешниҳоднамудаи сомонаи мазкур инъикос мекунанд. Таваҷҷуҳ бояд дод, ки сомонаи зикргардида ҳатман назари хосаи террористию иттилотии худро ҷойдода тамошобинонро ҳатман ба гуногунандешӣ мебарад. Чунки мардум вобастаи ахбор шуда қонеъшавии онҳо аз ҳад гузашта ҳатто ҳаёти худро зери таъсири дигарон мондаанд. Ҳатто бархе аз гурӯҳҳо дар сомонаи иҷтимоияшон вақти куштани худро муайян намуда ба дигарон низ мерасонанд. Ин гурӯҳҳо дар сомонаи иҷтимоии “В-контакт” бо номи “суицит” ё ҳалокшаванда муаррифӣ намуда, соати охирини ҳаёти худро нишон медиҳанд. Вале мутаасифона худро онлайнӣ ба ҳалокат мерасонанд. Мисоли дигар истифодабарандагон “Руфер” ном доранд онҳо ба ошёнаҳои баланди  хатарнок баромада худро чун қаҳрамони ҳақиқӣ мешуморанд. Ҳангоми нодуруст амал намуданашон дар ошёнаҳои баланд афтида  ба ҳалокат мерасанд. Ин ҳама дар шабакаи интернет-портал ё саҳифаи махсуси сабтшуда ҳазорон нафар ҳалокати онҳоро дида лайк ё класс мегузоранд. Ба истилоҳи нав худ аксгирӣ -salfe   маъмул шудааст. Ин ду нуқтаи охирине, ки ёдрас гардидем танҳо дар Русияву Амрико ва қитъаи Аврупо маъмул буда, дур нест, ки дар Тоҷикистон ин амалҳо дар кӯбанд. Чунин аксгирӣ танҳо дар саҳифаи иҷтимоӣ гузоштанд, ки бевосита ба интернет бастагӣ дорад, одамон талош ба худнамоишдиҳӣ майл намудаанд. Дар ин баробар акс навор ва иттилое, ки ҷой дода мешавад, метавонад бар худи нашркунанда таъсири  манфӣ расонад. Метавон гуфт, ки имрӯз нест нафаре худро бидуни ин шабака тасаввур кунад, зеро талабот ба ин торнамои сунъи зиёд гардида ҳатто бозори махсуси он ташкил шудааст. Махсусан бо ҳамбастагии сомонаҳои иҷтимоӣ аз қабили www.ok.ru, www.fasebook.ru, www.VK.ru ва амсоли инҳо муколамавӣ бештар худро тарғиб карда, метавон ин ҷараёни тарѓиботиро раванди терроризмӣ интернетӣ номид. Чунки мубаллиғони раванди террористӣ ба ин васила одамонро мойли ақидаҳои худ намуда, ҳатто саҳифаҳои махсуси худро доро мебошанд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ ки 23-уми апрели соли 2014 вобаста ба ҳамлаҳои киберӣ  воситаи ахбори электронӣ ёдрас гардида буд: «Имрӯз шабакаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет, аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша бо мақсади ҷиноятҳои киберӣ, яъне барои паҳн намудани ғояҳои ифротгароёнаву тундравона, бахусус дар байни ҷавонон ва ноболиғон, ба таври васеъ истифода мегарданд. Вобаста ба ин, ҳамаи мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа, алалхусус дар байни наврасону ҷавонон, бо дарназардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла пешгирӣ кардани таъсири манфии ҷаҳонишавии фарҳангӣ ва дар ин раванд таъмин намудани амнияти иттилоотӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд». Аз ин рӯ, дар сомонаҳои интернетӣ маҳз наворҳои қатлу кушторро ба хусус дар YouTube гузошта таваҷҷуҳи сомеонро ҷалб месозанд. Моро зарур аст, ки барои чунин монеаҳои сунъии сохтаи мағзшӯён омода шуда, муҳим аз ҳама забони онҳоро дониста, бо забони худашон ҷавоби қотеъона бояд дода худро ҳифз намоем.

 

Умед Назаров,

Омӯзгори кафедраи рӯзноманигории

ДДБ ба номи Носири Хусрав

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top