Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

РОҲ БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Ҳангоми шунидани номи Яман нафароне, ки аз таърих хабар доранд, медонанд, ки ин сарзамин аз ҷумлаи куҳантарин давлати арабист, таърихи зиёда аз 3000-сола дорад. Миллати ин кишварро дар замонҳои қадим Қаҳтонӣ мегуфтанд. Дар тӯли таърих ин кишвар гоҳе ба шакли мустамликаи кишварҳои абарқудрат ва гоҳо ба шакли мустақил ҳаёт ба сар бурдааст. Ин чунин баъзе ҳолатҳо бинобар гаравидани қисме аз ин мардум ба ин дин ё он дин, ба ин мазҳаб ё он мазҳаб дар ҷангҳои дохили низ машѓул гардидааст.

Баъди талошҳои зиёд ин мардум тавонистанд, ки соҳиби як давлати мустақил гардида, дар арсаи ҷаҳон дар қатори дигар миллат миллатҳо ҳаёти осоишта ба сар баранд. Ба созандагиву бунёдкорӣ шуѓл варзиданд. Ба тариқи райъпурсии умумӣ ба тарзи қонунӣ ба сари қудрат омадани Абдуллоҳ Солеҳ кишвар рӯ ба тараққӣ овард. Зиёда аз 25-сол ба ин халқ роҳбари намуда, кӯшиш кард, ки давлати Яман дар арсаи ҷаҳон соҳиби обрӯю нуфуз гардад. Зисту зиндагонии мардум хуб шуд ва аз фақру нодорӣ раҳо ёфта, ба баъзе аз давлатҳои абарқудрат хуш наомад. Баҳри барҳам задании ин пешравиҳо дар Яман ҳасудхӯрони хориҷӣ нақшаҳо тарҳрезӣ намуданд. Чуноне, ки тавассути васоити ахбори омма огоҳӣ дорем, Ҷумҳурии Исломии Эрон ақалияти шиамазҳабиро таъбини молӣ намуда, ба ин хотир геополитикии худ дар ин минтақа ҷанги шаҳрвандиро ба роҳ андохт. Дар ибтидо хост тавассути табаддулоти давлатӣ ин мардумро асири худ гардонд. Аммо халқи азияткашидаи Яман дар атрофии сардори кунинии худ ҷамъ омада, ба мубориза бархостанд ва зиёда аз як сол мешавад, ки дар ин давлат бо дахолати хоҷагони хориҷӣ ҷанг идома дорад. Ҳамарӯза дар ин кишвар ба ҷойи хандаю нишоти кӯдакон  садои гиряи модарон ба гӯш мерасад. Ба ҷойи садои белу каланд дар корҳои ободониву созандаи садои тиру тӯб садҳо деҳаҳои ободро валангор мекунад. Ташкилоту корхонаҳо, мактабҳо, биноҳои истиқомати харобу валангор мегардад. Садҳо кӯдакон ятиму занон бешавҳар монданд. Абдуллоҳ Солеҳ, ки бо сад ранҷу машаққат мардумро сарҷамъ намуда, ин мулкро обод гардонида буд, ба харобазор табдил ёфта, шахсе кафолати яксоата ҳаёти аҳолиро дода наметавонад. Кафолат он тараф истад нангу номуси ватандорӣ як тараф аст ва ин ҳадиси пайѓамбар низ омадааст:

«Эй фарзанди Одам (а) рӯзии босаодатро дорӣ, оне, ки саркашат мекунад талаб дорӣ, на ба кам қаноат мекунӣ ва на бар бисёр сер мешавӣ. Ҳангоме, ки аз хоб бармехезӣ, баданат солим аст, ором аз рахти хобат хестӣ ва рисқу рӯзии басанда дорӣ. Пас, хок бар дунё».-Яъне солимӣ, тинҷӣ, оромӣ, рисқу рӯзии басанда дорӣ, пас ин беҳтарин неъмат аст.

Дар давлатҳои Ироқу Сурия низ бо «ташаббус»-и давлатҳои абарқудрат чунин вазъ аст. Дар ин давлатҳо ҳамарӯза тифлакон, занон, пирони барҷомонда аз таркишҳои беохир ба ҳалокат мерасанд. Кӯдакону занон зери таҳқиру фишор қарор доранд. Ҳар нафаре, ки дар ин даргириҳо ба ҳалокат мерасад, фавран завҷаи ӯро ба дигар кас ба шавҳар медиҳанд. Аз ҳоли зори ин мардум ягон «хоҷагони хориҷии ѓамхор»-ро парвое нест. Давлатҳои абарқудрате, ки бо ном «Ҳуқуқи инсон»-ро дар асл парвое нест. Бевосита мақоли халқиро ба ёд меорад, ки «Буз дар ѓами ҷону қассоб дар ѓами чарбу».

Ҳар нафаре, ки ақли солим дорад, бояд ба хулосае ояд, ки мо-тоҷикон дар атрофи Сарвари давлат ҷамъ омада, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем, то онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифроти шомил нагарданд. Ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани ҷавонон фирефтаи ваъдаҳои болохонадори «хоҷагони хориҷӣ» нагарданд, зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Як хатоӣ ҷавонон метавонад, ки номи тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ доѓдор созад.

Яке аз амали ношоитае, ки чанде пеш ҷавонони фирефташуда ба анҷом расониданд, мо-аҳли ҷамоатчигиро бетараф гузошта наметавонад. Мо дигар намехоҳем, ки он рӯзҳои наҳси аз сар гузаронидем, бори дигар такрор ёбад. Мо ба иродаи қавии ҷавононамон боварӣ дорем. Онҳо ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсии худро аз даст надода, дар зери Парчами партавфишони Тоҷикистони азиз, ки дар фазояш кабӯтари сулҳу ваҳдат дар парвоз аст, содиқона ба сӯи ояндаи дурахшон гом мезананд.

 

Олимҷон Давлатов,

имомхатиби масҷиди ба номи «Ҳоҷӣ»Қувваталӣ»-и Ҷамоати шаҳраки «Киров»-и ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top