Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ЗАБОН ҲАСТИИ МИЛЛАТ

5-уми октябр дар сар то сари кишвари азизамон мардум бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанхоҳӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии худ яке аз санаҳои муҳими барои миллати мо азиз ва гиромӣ рӯзи забони давлатиро ҷашн мегиранд.

Бояд зикр намоям, ки и ҷашни рӯзи забони давлатӣ ба даврае рост омадааст, ки мардуми шарифи кишвари азизамон дар фазои орому осуда ва  суботи сиёсии ҳамешагӣ дар зери сиёсати сулҳпарварона, иқдому ташаббусҳои наҷибонаи   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихори баланди ватандорӣ таҷлил карданд, ҳамзамон ба баргузории чорабиниҳо ба ифтихори эълон гардидани Соли 2018-Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуданд.

Инчунин ҳамасола таҷлили рӯзи забони давлатӣ ба рӯзи омӯзгорон дар ҷумҳуриамон рост меояд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми маорифчиёни ноҳияро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, хонаободию сарбаландӣ ва тинҷию осудаҳолии ҳар яки шуморо таманно менамоям.

Тавре, ки ба ҳамаи мо маълум аст забони миллат ин ҳастии миллат мебошад. Бо ифода аз ин сухани бузург дар Боби 1, моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон оварда шудааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад ва забони русӣҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ба ҳисоб меравад».

Забони тоҷикӣ дар тӯли қарнҳо ифодагари ҳастии миллати тоҷик буд ва тавассути пуштибонии фарзонафарзандони миллат ин рисолат то ба имрӯзҳо боқӣ монд,

 Инчунин дар ҳамаи давраҳои таърихӣ бо фишору таъсири аҷнабиён нигоҳ накарда, фарзандони баору номуси миллат барои тозагӣ ва побарҷо мондани забони тоҷикӣ ҷонбозиҳои зиёде кардаанд.

Инро мо дар мисоли фарзандони сарсупурдаи ин миллат, ба монанди Салмони Форс,  Абу Ҳанифа Ибни Собит, Имом Бухорӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Имом Ғаззолӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,  Мавлоно  Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Ҳофизи Шерозӣ, Шайх Саъдӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ,  Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва садҳо нафар шахсиятҳои дигар мебинем.

Аз даврони ошкорбаёнӣ ва азнавсозии солҳои 80-уми асри гузашта бо пешниҳоди аҳли зиёи мамлакат аз 22-юми июли соли 1989 тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд.

Бо дастгирӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 2009 ҷамъомади бошукӯҳ ба муносибати рӯзи «Забони тоҷикӣ» баргузор гардид ва аз он рӯз инҷониб ин рӯзро ҳамчун рӯзи «Забони давлатӣ» ҷашн мегирем.

Маданияти шахс пеш аз ҳама дар маънавиёт, дар ҳусни муомила, муошират ва хулқу атвори ӯ зоҳир мегардад. Дар зуҳур ва ривоҷи маънавиёти одам забон аҳамияти бағоят калон дорад. Мавқеъ  ва мартабаи забон дар ҷамъият маҳз аз ҳамин бармеояд.

Чи тавре, ки  Роҳбари давлатамон қайд намудаанд «Донистани забони миллӣ  далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст».  Мо забони миллиро дар баробари Модар – Ватан эътироф  намуда, ин андешаро бо як ифтихори бузург аз миллати соҳибтамаддуни хеш дар зеҳни наслҳо низ парвариш медиҳем.

Зеро забон шиноснома, устувортарин  поя, барҷастатарин аломат ва тавонотарин  қувваи бақои миллат аст. Бо назардошти он, ки забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ,  воситаи ягонаи муомилоти узви ҷомеа буда, бо сарнавишти миллат, таърихи ҳар як халқ алоқаи ногусастанӣ дорад, дар даврони соҳибистиқлолӣ, он ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дода шуда, барои рушд ва таҳкими он дар умури сиёсии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида мешавад.

Яке аз тадбирҳои ҳадафмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлат дар бораи забон, таҳия ва пешниҳоди Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад, ки он дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ин сиёсат барои солҳои тӯлонӣ ҳамчун роҳнамои  муфид истифода шуда истодааст.

Агар ба таърихи гузаштаи халқҳо назар андозем, мардумоне, ки аз худ осор ва тамаддун ба мерос гузоштаанд кам нестанд, вале бештари ин мардумони соҳибтамаддун  ва соҳибдавлат бо иллати аз даст додани рӯҳи миллӣ, яъне забони модарӣ  бо номи қавму миллати хеш вуҷуд  надошта, аз саҳифаи таърих хориҷ шудаанд.

Дар шароити имрӯзаи равандҳои ҷаҳонишавӣ давлатҳои абарқудрати дунё маҳз тавассути забон ва фарҳанги миллии худ мехоҳанд ҳадафҳои ғаразноки худро дар ин ё он давлатҳои рӯ ба тараққикарда ҷой намоянд,

Аз ин рӯ, ба ҳар яки мову шумо дар ин маврид зарур аст, ки бо истифода аз ақлу заковат, дониш ва зиракии сиёсии худ  воридшавии чунин равандҳоро пешгирӣ намуда, нагузорем, ки ба фарҳанги ниёгони хеш,  бахусус забони миллиамон  халал ворид гардад. Айни замон аҳолии дунё бо 5 ҳазор забон сухан гуфта аз 65 хел алифбо истифода мебаранд.

Дар асоси сиёсати пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан пуштибонии  Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4-уми октябри соли 2011 Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бо тағйироту иловаҳо қабул гардид, ки дар коргузории расмии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқҷорӣ гардид.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии забони  давлатиро муайян ва ифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Дар асоси моддаи 3-и қонуни мазкур ҳар як шаҳрванди  Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони давлатиро донад.

Мо имрӯз бояд ба бузургии Сарвари давлатамон фахр намоем, ки ӯ тавонист бо забони Рӯдакии бузург аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид баромад намуда, бори дигар тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Ҳар як ҷашну чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар покизагӣ ва рушду такомули  минбаъдаи забони давлатӣ ва савияи баланди забономӯзии шаҳрвандони кишварамон заминаи босамар мегузорад.

Бояд қайд кард, ки донистани забони давлатӣ, эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш буда, омӯзиши забонҳои дигари хориҷӣ, хусусан русию англисӣ талаботи замон ба ҳисоб рафта, воқеияти сиёсию фарҳангӣ дорад ва дар шароити  имрӯзаи тараққиёти илму техника  зарур мебошад.

Бинобар ин насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш намуда, забонҳои дигари хориҷиро хуб аз худ намоянд.

Агар ҳар як фард масъулиятшиносӣ  ва ҳисси эҳтиром нисбат ба халқу миллати худ ва забони модарии худ дошта бошад, бо саъю кӯшиши зиёд дар амалӣ гаштан ва риояи  пурраи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ҳиссагузорӣ карда метавонад.

Бигузор  забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат, нишонаи  давлату  давлатдории миллӣ ва чун рамзи ҳамбастагӣ  ва иттиҳоди воқеии ҳама сокинони  Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол  ҳамеша устувору  поянда бошад.

Рӯзи забони давлатӣ муборак!

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top