Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

Дар Ватани азизи мо – Тоҷикистон сулҳ асту оромӣ. Ваҳдат ба мо  ободонӣ ва зиндагонии  тинҷу серу пурро дод. Ҳамаи ин  неъматҳо аз осоиштагӣ асту он ба туфайли кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбатамон гаштааст.

Ҳамасола рӯзи 5-уми октябрро ҳамчун Рӯзи Забон таҷлил намуда, шукри ваҳдату дӯстӣ, ободии диёри биҳиштамонро мекунем ва беихтиёр он рӯзҳои сахту сиёҳи ба сари мардумамон  омадаро пеши рӯ  меорем.

Он рӯзҳои наҳси ҷанги шаҳрвандӣ ба сари мо, тоҷикистониён бадбахтиҳои зиёде овард. Ҷанг харобӣ, ҷудоиҳо дорад, он манзили харобу мардуми ба ҳам дӯсту бародарро ба якдигар душман гардонду парешон сохт.

Мо-аҳли оила ва наздикони худ бо хуқми тақдир гуреза шудем. Тарки хонаву дари обод, ҷудоӣ аз дӯстони дерин осон набуд. Ҳарчанд тани пӯшидаву шиками сер доштем, аз неъмату муқаддасоти худ дур будем.

Шукри Худои меҳрубон, ки ба мо, ба миллати тоҷику тоҷикистониён Роҳбари ғамхору меҳрубон, марди ҷасурро ато намуд. Марди худодод, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд карданд, ки ҳамаи мардуми гурезаю парешонгаштаро то нафари охирин ба ватан бармегардонанд. Ин гуфтаҳои роҳбари давлати мо, ташнагони Ватану сулҳро қувват мебахшид.

Он рӯзи деринтизори шодию дидорҳо ҳам фаро расид. Мардуми парешон боз дар диёри биҳиштосою бобоии худ ҷамъ омада, аз пайи меҳнати озод, ободии сарзаминихеш камар бастанд.

Рӯзи 27-июни соли 1997 дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда аст. Ин рӯзест, ки аз паси абрҳои тираву тори даҳшатафзо хуршеди Сулҳ чеҳра барафрохт ва саросари Тоҷикистонро бо амвори ҳаётофарини хеш мунаввар сохт. Дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид ва дар таърихи сиёсии Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз гардид.

Халқи тоҷик баъди ҳазорсолаҳо соҳиби давлату давлатдории миллӣ ва истиқлолияти сиёсӣ гардиданд, ба ҷойи шукргузори ва ифтихори Ватандори таҳти таъсири омилҳои гуногуни хориҷӣ ба муноқишаҳо ва мухолифати мусаллаҳона рӯ ба рӯ омад ва ин ҳодиса барои миллати сулҳдӯсту тамаддунофарини мо доғи нангине гузошт. Нангин аз он сабаб, ки фитнаву дасиса дастболо шуд ва боиси ҳалокати ҳазорон-ҳазор бегуноҳон, харобии кишвар ва ба фирори гардидани беш як миллион ҳамватонони мо расонид. Ин ҷанги манфуру нангини шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар миллионҳо сомонӣ зарар оварда, зиёни маънавии он беҳадду ҳисоб буд.

Боиси ифтихор аст, ки дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз ақли солим боло гирифт. Ниҳоят ҳам ҳукумати қонунӣ ва ҳам мухофилин ва тамоми мардум ба андешаи амиқ фурӯ рафтанд ва бо суннатҳои волои сулҳпарварӣ ва озодипарастии ниёгони хеш гӯш доданд. Ин амал якпорчагии Тоҷикистон, истиқлолияти он ва умуман миллатро аз хатари нобудшави эмин дошта тавонист.  Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Ваҳдату Истиқлолият тантана дорад. Дар ин рӯз дар хонадони ҳар як миллати тоҷик шодию сурур баланд садо медиҳад.

Дар ин рӯзи саиду таърихи барои ҳар яки мо азизу муқаддас халқу азизу сулҳдӯстамонро бо ваҳдати худоди табрику муборакбод намуда, орзуи онро мекунам, ки дар сарзаминамон ҳамеша ваҳдату сулҳу танинандозу мардумаш шод бошад. Бо ҳамин ният мегӯям:

Одамон аз дӯсти ёбанд бахт,

Душмани орад ба мардум рӯзи сахт.

Мирзо Сулаймон.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top