Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ВАҲДАТИ ҶОВИДОНИ МО

Аз таърихи инсоният пайдост, ки омилҳои муҳими ҳамзистӣ ва якдигарфаҳмии қавмҳо дар кадом давру замоне набошад, барои мутаҳҳидӣ, оромӣ, ваҳдату субот ёрмандӣ мекунад. Маънии вожаи Ваҳдат-ягонагиву иттиҳод буда, саодати рӯзгори зиндагӣ ва шукуфоии имрӯзу ояндаи миллат аст.

Вазифаи ҷонии ҳар як шахси худшиносу худогоҳ, бонангу номуси кишвар неъмати бебаҳои таърих-ваҳдати миллиро эмин нигоҳ доштан аст. Зеро дар замони муосир гурӯҳҳои манфиатдоре ҳастанд, ки осудагиву амнияти кишвари моро намехоҳанд. Онҳо ба гурӯҳҳои тундгаро таваҷҷуҳ дошта, мехоҳанд ҷавононро мағзшӯӣ карда, суботи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлолро халалдор созанд. Сӯи истифода аз камтаҷрибагӣ, надоштани саводи казоӣ, ихтисос, шуғле ҷавонони моро гулу гумроҳ сохта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо аз ҷумла ТЭТ ҲНИ шомил месозанд, ки ин ташкилот ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ эълон гардидааст. Ин ТЭТ ҲНИ чанде пеш як гумроҳ ҷавонони гумроҳи тоҷик, ки бо фанду фиреб ва ваъдаҳои болохонадор ба ҷони сайёҳони хориҷӣ сӯи қасд ташкил карданд. Дар натиҷа ҷавонони раҳгумзада ҷони худро аз даст доданду доғи якумра дар қалби пайвандонашон гузоштанд. Ин амалҳои зиште, ки ба анҷом расониданд, нобахшиданист. Зеро халқи тоҷик ҳодисае нангине, ки соли 1992-ро аз сар гузаронид аз ёдҳо нарафтааст. Лаҳзаҳое буд, ки писар душмани падар, бародар хуни бародарро мерехт, аз куштаҳо дар пуштаҳо мехобид. Баъзеҳоро дар гӯрҳои алоҳида, аксарияташон дар гӯрҳо дастҷамъи ба хок спориданд. Ҳатто лаҳзае шуд, ки сагҳо гӯшти инсонро тановул мекарданд. Оё он лаҳзаҳои мудҳиш аз ёди модарони зор, падарони чашминтизор рафтааст? Ҳаргиз на!

Ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки хиёнаткори зиште бо чашми бад ба сӯи меҳанамон бингарад. Кӯрро бодо чашме, ки бо нияти нопоке ба сӯи ватан бингарад. Ҳаргиз барои чунин ашхос, бахусус Муҳиддин Кабирию дастобрезонаш дар Тоҷикистони биҳиштосо ҷой нест! Мо-аҳли ҷамоатчӣ ҳаргиз намехоҳем, ки чунин ҳамватани мисли Кабирӣ ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро дошта бошем. Барои пешгирии амалҳои номатлуб ҷомеа саъю талош менамоем ва зиракии сиёсиро аз даст намедиҳем, чунки ваҳдати миллии мо-тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст, дар он армони ҳазорсолаи халқ инъикос ёфтааст. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии кишварамон доираҳои муайяни сиёсӣ, душманони сиёсии халқи тоҷик баҳри ноором кардани вазъи Тоҷикистон. кӯшиш ба харҷ доданд, то ин ки давлати куҳанбунёди дорои маданияту фарҳанги тараққикардаи дунявиро несту нобуд созанд, аммо тири онҳо хок хӯрд.

Халқи тоҷики бонангу номус саршор аз меҳри Ватан, ғурури ҷавонмардӣ бо заҳмату талошҳои Роҳбари вафодору хирадманди худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳимояи сарзамини аҷдодии худ, миллату фарҳанги нотакрори миллӣ сарҷамъ шуда, ваҳдати миллиро бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ба даст оварданд.

Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ дар кишварамон хеле барҷаста мебошад. Аввалин муроҷиате, ки Фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи азияткашидаи тоҷик муроҷиат карда, чунин суханҳоро гуфта буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!» Ин суханони пурмуҳаббати Пешвои миллат дар дилу дидаи мардуми тоҷик ҷой гирифт ва он ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо намеравад. Дар умқи дили ҳар як фарди равшанзамир ин суханҳо ҳаққоқӣ гардидааст.

Дар замони пешравии миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дар хатар гузошта, чандин маротиба бо роҳбарони дастаи муҳолифин дар Ҷумҳурии Афғонистон, Федератсияи Россия ва дигар ҷойҳо гуфтушунид намуд. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ин боиси сарбаландии тамоми миллати тоҷик гардид. Ин рӯзро мо ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил мекунем. Шукрона аз Сарвари ғамхори хеш мекунем, ки баҳри расидан ба чунин дастоварди нишотбахш ҷоннисориҳо кардааст.

Пешвои муаззами кишвар дар муддати на он қадар тӯлонӣ миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ машҳур гардонд. Таҷрибаи сулҳу ваҳдатофарии тоҷикон дар миқёси байналхалқӣ эътироф гардида, ба мактаби таҷрибаи сулҳофарӣ табдил ёфт. Ин хитоби машҳури Пешвои миллат ба мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ёдҳо фаромӯш намешавад. «Миллати бузурги ман! То зиндаам бо номи ту сидқан ифтихор мекунам, туро самимона дӯст медорам ва тамоми ҳастии худро дар роҳи хизмат ба ту бедареғ мебахшам!».

 

Дӯстон бо ҳам бисозед ин замони Ваҳдат аст,

Ҳамдилу ҳамдард будан, ҷисму ҷони Ваҳдат аст,

Ҳусну неруи Ватанро мекунад, Ваҳдат фузун,

Тоҷикистон, хонадони ҷовидони Ваҳдат аст.

 

Мо-аҳли ҷомеа низ Пешвои миллати худро самимона дӯст медорем ва доимо баҳри ваҳдату сулҳу суботи кишвари азизамон хидмат менамоем. Дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони оянда ин гуфтаҳоро зикр карда, даъват ба амал меоварем, ки то ҷавонони мо фаъолтар бошанд, дар бунёди ояндаи дурахшон ва таҳкими демократия бо ахлоқи худ ва дониши мукаммал ҳисса гузоранд. Зеро насли ояндаи Ватан дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстӣ тарбия меёбанд. Ваҳдати миллиро ҳамчун ҳисси миллии хеш дар руҳу равони худ эҳсос кунанд. Чунки ин ҳама пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат аз пойдории Ваҳдат сарчашма мегирад. Тоҷикистони мо ободу зебост, ки меҳмонони хориҷи кишвар васфи зебоию бемисл будан ва оромию осудагии Ватани моро мекунанд.

Бигузор, то дунё боқист Ваҳдати миллии тоҷикон поянда бошад!

Ҳусейн Обидов, имомхатиби масҷиди ҷомеаи ба номи «Имоми Аъзам»-и Ҷамоати шаҳраки Киров

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top