Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ДИНӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дарёфти арзишҳои милливу исломӣ, фарҳангиро дастгирӣ намуда, ҳаргуна монеаҳоро аз байн бурда, майдони фаъолиятро дар ин самт фаррох гузоштааст. Адои намоз ва дигар амалҳои ба он вобаста дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд.

Ақидаи пуч, тарғиби ҳар гуна равияҳо ва муҳимтар аз ҳама соддагӣ ва зудбоварии баъзе ҷавонон, ки бо ашхоси ношинос тариқи шабакаҳои интернетӣ ошноӣ пайдо мекунанд, дар ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст. Ин гуна афрод лофи мардӣ мезананду амалашон ба нияташон мувофиқ нест. Онҳо бо кирдори номатлуб ва ғайришаръии  худ ба ислом доғ меоваранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон хел маҳдудияти динӣ нест. Ҷойҳои намозгузории оммавии мардум,  ки бо иҷозати давлат муҳайё шудааст, бо тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла, меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар китобхонаҳо аз Қуръон сар карда, тамоми китобҳои зарурии динӣ ёфт мешаванд. Пеш аз адои намоз беҳтарин суханҳо аз оятҳои Қуръони Карим ва дигар китобҳо ба мардум расонида мешавад.

Иқдоми мазкур бори дигар собит сохт, ки дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод аст ва Ҳукумат барои боз ҳам баланд бардоштани фарҳанги динӣ ва дурӣ  аз ҳар гуна равияҳои ғайриисломӣ чораҳои заруриро амалӣ месозад.

Озодии эътиқод, виҷдон ва сухан самараи Истиқлолият аст, имрӯз мо чун мебинем, борони нооромиву бесуботӣ ва шиканҷаи давлатҳоро фаро гирифтааст. Зиракии сиёсӣ ва дӯст доштани Ватан асоси оромиву озодии ҳаёти осоишти аст. Ҳама чиз дар пеш аст ва ояндаро мо бояд равшан намоем.

Вақтҳои охир тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ мегардем, ки бархе ҷавонон, занон ба гурӯҳҳои ифродгаро шомил шудаанд ва ин дарди ҷонсӯзи миллату Ватан аст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифродгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва экстремизм ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти диниро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳаргуна гурӯҳҳои ифродгаро нагарданд. Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дар воқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқуъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динӣ дошта, аз ҷумла, ниқоби ислом дошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонад. Ҳар гуна дин, бахусус дини мубини ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба кулли рад менамояд. Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусулмон буда наметавонад ва кулан зидди ислом аст. Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифродгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дар воқеъ ба шаъну эътибори дини ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд.

Айни замон ҷомеаи моро тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонад, ба чашм мерасад. Мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошад. Бинобар ин, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли ватану давлатро намудан, шукри субботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Гар бишнавӣ насиҳати мардон ба гӯши дил,

Фардо умеду раҳмату афви худой дор.

Бишнав, ки аз саодати ҷовид бар хӯрӣ,

В-ар нашнавӣ, ҳузуҳу фа ғуллуҳу, пой дор.

Тавре аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти мухтори куҳистон Бадахшон тариқи расонаҳои хабари огоҳ гардидем, ки баъзе аз ашхос даст ба ҳар гуна ҷиноятҳо мезананд. Бо зӯрии силоҳу шиканҷа ба мақсадҳои нопоки худ мерасанд оқибат дорад. Барои пешгирии ҳар гуна амалҳои зишт аз қабили истифода ва қочоқи мавод мухаддир, хариду фурӯши аслиҳа, зӯровари баҳри расидан ба ҳадафҳои нопок афроди ҷиноятпеша мо аҳли ҷамоатчигиро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ тарбия намоем ва огоҳашро созем, ки ҳар ки ба кунад бо худ кунад. Зеро:

Мард дигар ҷавон нахоҳад буд,

Пирият ҳам бақо нахоҳад кард.

Чун дарахти хазон, ки зард шавад,

Кошкӣ, ҳамчунин бимонад зард.

 

 

Раҷабалӣ  Фатоев,

имомхатиби масҷиди ҷомеа

ба номи «Мирзо Ҷанбил», деҳаи «Меҳробод»,

Ҷамоати шаҳраки «Киров»-и ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top