Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Аз маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид, ки дар он фаъолияти тамоми сохторҳои хоҷагии халқи ноҳия аз ҷониби раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло аз масъалаи муқовимат бо коррупсия дар сохторҳои мақомоти давлатӣ ва дигар идораву ташкилотҳо ҳангоми иҷрои вазифавӣ мавриди гуфтугӯ дод. Раиси ноҳия зимни суханронии хеш аз ин зуҳуроти номатлуб сухан карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар раванди корҳои ҳамарӯза бар зидди ин зуҳурот муборизаи ҷиддӣ бурдан лозим. Зеро муносибати нохуб дар ин ё он самт метавонад боиси сар задании нохӯшиҳо дар ба амал омадани кирдорҳои коррупсионӣ шуданаш мумкин аст. Муқовимат бо коррупсия ин вазифаи на фақат Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар мақомотҳои қудратӣ аст, балки ҳар як шаҳрванд ва тамоми ҷомеа мебояд бар зидди ин зуҳуроти номатлубу бегона ба ҷамъияти мо муқовимат нишон диҳад.

Таъмини иҷроиши қисми даромади буҷети ноҳия, пардохти сари вақтии музди меҳнат, нафақа яке аз масъалаҳои муҳими кори ҳамарӯзаи ҳар як роҳбари ташкилоту идора ва ҷамоату дигар кормандони соҳа буда, барои ҳалли онҳо тадбирҳои муҳим андешидан лозим меояд,-иброз дошт раиси ноҳия Ш. Азизулло.

Ба низом даровардани кори соҳаи фарҳанг, махсусан дарёфти кадрҳои соҳибтахассус ва ҷорӣ намудани кори бонизоми клубу китобхонаҳо, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷалби бештари хонандагон ба китобхонӣ, дӯст доштани ватани хеш, ободониву сарсабзии ин диёри маҳбубамон мебошад.

Кор бо оилаҳои ҷавон, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо байни ҷавонону наврасон низ яке аз масъалаҳои рӯзмаррае буданд, ки раиси ноҳия ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин дастур ва супориш доданд, ки дар ин масъала тадбирҳои судманд андешанд.

Доир ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо падару модарон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҳаргуна бемориҳои сироятӣ ҳам дар байни аҳолӣ ва ҳам дар байни чорво, назоратӣ ба фурӯш набаровардани маҳсулотҳои пастсифат, аз ҳоли тандурустии мардум тез-тез хабар гирифтани духтурони тибби оилавӣ аз  он  масъалаҳое буданд, ки раиси ноҳия дар маҷлиси назоратӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дар хусуси номгузории деҳаҳо дар ҷамоатҳо ва бо об таъмин намудани баъзе қисмати деҳаҳои Ҷамоати шаҳраки Киров раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло таваҷҷуҳ намуда, дастур доданд, ки дар раванди иҷрои ин норасогиҳо чораҳои лозима андешида, дар маъракаи ободонию хуррамгардони маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро вусъат дода, шинонидани  ва гулу гулбутаҳоро тезонанд.

           

                                                                                            

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top