Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Паёми табрикии Раиси ноҳияи вахш Шарбатулло Азизулло ба муносибати «Рӯзи Модар»

Модарони меҳрубон, бонувони гиромӣ ва хоҳарони азиз!

Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳтиром ва гиромидошти хизматҳои модар дар феҳристи иду ҷашнҳои кишварамон ҳамчун саҳифаи нав ворид гардидааст, ба кулли сокинони диёрамон, бахусус модарону бонувони ноҳия самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.

Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.

Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси  ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ гардонид.

Бо мақсади тавсеаи ҳарчи бештари нуфузи онҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расидааст, ки барои боз ҳам фаъолтар шудани занон заминаи мусоид фароҳам овард.

Зан – модар посдори забони миллӣ низ мебошад. Беҳуда халқ забони давлатиро забони модарӣ намегӯянд. Ин ҳақиқатест, ки кӯдакон онро аз синни хурдӣ шунида, бо ҳамин забон фозилу донишманд ва сухангӯву машҳур мегарданд.

Имсол барои мардуми шарифи Тоҷикистон аз лиҳози таърихӣ соли басо пурифтихор ба ҳисоб меравад.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.

Умедворам, ки ҳар яки Шумо модарону бонувони азиз бо ифтихори баланди ватандорӣ ҷиҳати пуштибонӣ аз ин ташаббуси навбатии роҳбари давлатамон тамоми неруи ақлониву зеҳнии худро рӯи кор оварда, бо ин васила дар рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои ҷавон саҳми арзанда мегузоред.

Бо ифодаи ҳамин орзуҳои нек бори дигар Рӯзи модар ва иди баҳорро ба ҳар яки Шумо ва аҳли хонадонатон муборакбод мегӯям.

Ҳамеша хушбахту хуштолеъ бошед!

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top