Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Суханронии Раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло дар ҷаласаи комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, рӯзи 5 феврали соли 2018

Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич дорад.

Бо мақсади андешидани чораҳои маҷмуӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2013, №1504 Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 қабул гардидааст.

Бо мақсади амали намудани Стратегия муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, инчунин пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш мувофики мақсад шуморид, ки Барномаи идоравии (соҳавии) зидди коррупсиониро таҳия ва қабул намояд.

Ин зуҳурот решаҳои хеле қадимӣ дошта, мутаассифона, имрӯз мисли экстремизм ва терроризм ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст.

Ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.

Ҳанӯз 21 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» қабул гардида, дар он самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян карда шуданд.

Ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми шаклҳои рафтори коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин амалҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуданд.

Ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия ва дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд.

Дар даврони истиқлолият ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи вобаста ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд.

Дар ин самт ҳамаи санадҳои дахлдори байналмилалӣ, аз ҷумла соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ба тасвиб расонида шуданд.

Бо дарназардошти он, ки коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроти хатарноки глобалӣ мебошад, соли 2003 Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ба шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд шомил гардид ва дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳо оид ба мубориза бо коррупсия иқдомоти зиёдеро вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт амалӣ намуд.

Коррупсия дар тамоми шаклҳояш рафтори зиддиҳуқуқӣ эътироф гардида, нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин кирдор ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шуд.

Ҳамин тавр, заминаи ҳуқуқии мубориза бо коррупсия муҳайё карда шуда, мақомоти ба муқобили коррупсия муборизабаранда муайян карда шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар ва ҷиҳати фарогирии масъалаҳои марбут ба коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро қабул намуд, ки ба рафъи омилҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи онҳо мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ дар қонунгузории кишвар, тақвияти муқовимат бо коррупсия ва гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ҳамчун шарти ҳатмӣ муқаррар гардида, ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ санҷиши ҳолатҳои содир гардидани кирдори коррупсионӣ зарур шуморида шуд.

Дар натиҷаи ин чорабиниҳо шиддати коррупсия дар кишвар тадриҷан коҳиш ёфта, эҳсоси таҳаммулнопазирии мардум нисбат ба чунин амалҳои нангин хеле афзуд.

Афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба вазъи коррупсия дар кишвари мо низ ба таври мусбат тағйир ёфта, соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар индекси байналмилалии дарки коррупсия 16 зина боло баромад.

Аз ин лиҳоз, бо итминон метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳурот муваффақ шудааст.

Таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад.

Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, вазъи содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта то ҳанӯз боиси нигаронӣ боқӣ мемонад.

Таҳлили натиҷаҳои пурсиши сотсиологие, ки соли сипаришуда аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба арзёбии вазъи коррупсия дар байни аҳолӣ гузаронида шуд, метавонад ба тақвияти мубориза бо ин зуҳуроти нангин ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеа нақши муҳим гузорад.

Аксарияти мусоҳибон сатҳи коррупсияро дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милливу сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ баланд арзёбӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки амалиёт дар масъалаи ба ҳолати аввала баргардонидани заминҳои ғайриқонунӣ ҷудошуда, агар аз як тараф, амали қонунӣ арзёбӣ гардад, аз ҷониби дигар, боиси ба вуҷуд омадани норизоияти сокинон мешавад.

Ин натиҷаи назорати сусти сохтору мақомоти дахлдор аст, ки кор то марҳалаи сохтмон расидааст.

Дар робита ба ин таъкид карданиам, ки таъин кардани шахс ба мансаби давлатӣ нишонаи боварии давлат буда, сӯиистифода аз он комилан нораво ва таҳаммулнопазир аст.

Чунин шахсон бояд дар мақомоти давлатӣ кор накунанд. Бинобар ин, ба шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия зарур аст, ки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати муайян кардан ва аз мақомот барканор намудани шахсони фасодзада тадбирҳои судманд андешанд.

Лекин дар ин раванд дар хотир бояд дошт, ки танҳо бо роҳи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва аз озодӣ маҳрум кардани шахсони гунаҳкор тамоми мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намудан ғайриимкон аст.

Мо бояд тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсияро тақвият бахшем.

Тавре ки зикр гардид, дар мубориза бо коррупсия шаҳрвандон ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ низ метавонанд саҳми муҳим гузоранд.

Бо ҳамин мақсад, зарур аст, ки ҳамкориҳо дар ин самт тақвият бахшида шаванд.

Ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, махсусан, дар байни ҷавонон баргузории корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ аҳамияти махсус дорад.

Барои муқовимати фаъол нишон додан ба кирдорҳои коррупсионӣ зарур аст, ки чорабиниҳои иловагӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд. Чунин муносибат метавонад боиси боз ҳам баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон шуда, назари онҳоро нисбат ба коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир диҳад, то ки онҳо ҳуқуқу манфиатҳояшонро дар доираи қонунгузорӣ ҳимоя намоянд.

Ба шаҳрвандон бояд нишонаҳои ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, тарзу роҳҳои ҳуқуқии муқовимати мардум ба амалҳои коррупсионӣ, кирдорҳои коррупсионии шахсони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, алалхусус, дар самтҳои тақсим ва вобаста намудани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, таъсису барҳамдиҳии хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, хизматрасонии коммуналӣ, андоз, ҳуқуқвайронкуниҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми гузаронидани санҷиш, таҳқиқ ва тафтишот, ки айни замон боиси ташвиши шаҳрвандони кишвар шудааст, фаҳмонида шавад.

Мехоҳам ёдрас шавам, ки дар мубориза бо коррупсия фаъолияти Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бояд назаррас бошад. Комиссияи мазкур имконият дорад ҳамкориро бо мақомоти давлатӣ, шаҳрвандон, олимону коршиносон, муҳаққиқону рӯзноманигорон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ  густариш диҳад.

Дар ин раванд, тавассути барномаҳои фарҳангӣ бо роҳи нишон додани паҳлуҳои манфии кирдорҳои коррупсионӣ, оқибатҳои номатлуби иҷтимоиву иқтисодӣ, ахлоқиву маънавӣ, ҳуқуқӣ ва зиёни он ба саломатӣ, манфиати оила ва фарзандон, метавон ба раванди мубориза ва муқовимат ба коррусия таъсири мусбат расонид.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат нишонаи равшани мақсаду мароми қатъӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мебошад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳамаи мо бо амалӣ намудани чорабиниҳои дорои хусусияти фаҳмондадиҳӣ, огоҳкуниву пешгирикунанда ва ҳамзамон бо ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия, инчунин, иҷрои талаботи қонуну қарорҳо ва стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти мубориза бо коррупсия ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардем.

Бо ҳамин ниятҳои нек барои расидан ба ҳадафҳои назаррас дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани хавфу хатарҳои коррупсионӣ дар ҷомеа ба ҳар яки шумо муваффақиятҳои боз ҳам бештар ва барори кор орзу менамоям.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top