Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Тафаккури ифротгароии динӣ ва хатари он барои идеологияи миллӣ

АНДЕША. Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минатқавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минатқавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст.      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ дар таърихи 20 январи соли 2016  дар мавриди афзоиши хатари терроризм ва экстремизм чунин таъкид намуданд, ки  “Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо - Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва бахусус дар кишвари мо нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии соддаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои  пайдо кардани ҷойгоҳи байналмилалии ин гурӯҳ  ба ҳисоб меравад.

Мушкилии аслии ҷавонони нооҳгоҳи кишварҳои мусулмоннишин ин аст, ки онҳо аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, бахусус,  аз гурӯҳи террористии  ба ном “Давлати исломӣ” иттилоъ надоранд ва ба фиребу найрангҳои онҳо содалавҳона дода мешаванд. Ҳоло он, ки идеологияи аслии ифротгароёни динӣ пеш аз ҳама бар зиддӣ  идеологияи миллии мо,  ватани мо,  истиқлолияти давлатии мо, мардуми мо ва  ҳар як нафари мо  равона шудааст.

Барои дарки дурусти хатарҳои  тафаккури ифротгароёни динӣ барои идеологияи  миллии мо ва умуман барои ватани азизамон чаҳор тезиси умумӣ ба тариқи саволу ҷавоб пешниҳод мегардад:

  1. Хатари тафаккури ифротгароӣ ба давлатдории миллӣ ва истиқлолияти давлатии мо дар чист?

 Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол шуда, ба таркиби “хилофати ягонаи исломӣ” дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи “хилофат” бе чуну чаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд. Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмоннишинро эътироф накарда, ҳамаи онҳоро дар таркиби “хилофат”-и худ маҳв менамоянд.

Ин тарҳ ва ин андеша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, дар низомномаҳо ва дар маводи таблиғотии гурӯҳҳои ифротии динӣ ба таври расмӣ, дақиқ ва возеҳ ифода шудааст ва ҳеҷ ҷойи шаккеро боқӣ намемонад. Масалан:

- ҳаракати ифротгарои Ҳизби таҳрир солҳост, ки дар оиннома ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ назарияи “бунёди хилофати ягонаи исломӣ”-ро таблиғу ташвиқ менамояд, ки дар он давлатҳои мустақилли минтақаи мо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, фақат ҳамчун ноҳияҳои хурди таркиби ин “хилофат” пешбинӣ шудаанд: умуман, таъсиси “хилофат” ва маҷбуран ба он тобеъ кардани давлатҳои мустақилли мусулмоннишин мақсади асосии оинномавии ин ҳизби ифротӣ ба ҳисоб меравад;

- созмони даҳшатангез ва ифротгарои “Давлати исломӣ” ( ДИИШ) бошад, харитаи сиёсии хилофати исломии худро тартиб дода, онро дар расонаҳо ҳамаҷониба паҳн ва таблиғ мекунад: агар ба ин харита нигарем, дар он ягон давлати мустақил вуҷуд надошта, тамоми минтақаҳо ва давлатҳои мусулмоннишини ҷаҳон, аз ҷумла давлати мустақилли мо, ҳамчун вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ин хилофат пешбинӣ ва нишон дода шудаанд.

Ҳамин тавр, ҳаракати имрӯзаи ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои ифротии динӣ бар зидди мавҷудият ва истиқлолияти давлатҳои мустақил буда, ошкоро мақсад гузоштааст, ки ҳамаи давлатҳои мусулмоннишинро бо зӯрӣ ишғол карда, ҳамчун вилоятҳо ва ноҳияҳои вобаста ба тобеияти худаш дарорад.

 

  1. Чаро гурӯҳҳои ифротии динӣ ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷикон душмании оштинопазир доранд?

Яке аз хусусиятҳои асосии ифротгароии динӣ, хусусан гурӯҳҳои салафияи такфирӣ, дар он аст, ки ин ҳаракат аз бисёр назар ба миллигароии ифротии арабӣ пайваст буда, араб буданро ҳамчун як имтиёз ва ифтихор ҳисоб мекунад. Масалан, гурӯҳи “Давлати исломӣ” барои асоснок кардани ҳуқуқи халифаи мусулмонон шуданро доштани роҳбарашон - Абубакри Бағдодӣ, на салоҳияти илмӣ, ахлоқӣ ё сиёсии ӯро, балки пеш аз ҳама, гӯё аз қавми араб ва аз аҳли қабилаи Қурайш будани гузаштагони дури ӯро далел овардааст. Дар айни замон, пайравони ин ҳаракат идомадиҳандаи ҳамон баҳси таърихии “арабу аҷам” буда, ба нажоду фарҳанги ориёӣ ҳамчун ба душмани таърихии арабҳо нафрати бисёр амиқ доранд.

Дар замони муосир низ ин баҳс дар сатҳҳои гуногун идома дошта, гоҳо зери шиорҳои миллӣ, гоҳо зери шиорҳои мазҳабӣ ва гоҳи дигар зери шиорҳои сиёсию геополитикӣ сурат мегирад. Омӯзиши муҳит ва рӯҳияи ифротгароёни динӣ дар Ховари Миёна нишон медиҳад, ки онҳо нисбати мардумони ориёӣ ва ориётабор ҳамвора истилоҳҳои таҳқиромезе чун «маҷусон», «оташпарастон», «рофизиҳо» ва ғайраро истифода намуда, номҳои ориёиро “номҳои маҷусӣ” ва забони тоҷикӣ-форсиро “забони аҳли дузах” меноманд.

Яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти гурӯҳҳои навпайдои ифротии динӣ дар он аст, ки онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан, ба тасаввуфу ирфон назари шадидан манфӣ дошта, онро умуман эътироф намекунанд. Хусусан пешвоён ва назариясозони равияи салафияи такфирӣ ҳамеша тасаввуфу ирфони исломӣ ва адабиёту осори ирфониро маҳкум намуда, дар бораи он ҳукмҳои қатъии худро эълон намудаанд. Аз назари онҳо, пайравӣ аз тасаввуф як навъи “бидъат” буда, изҳори ишқу муҳаббат ба Худо ва пайравӣ аз пирони тариқат, ки аз сутунҳои асосии назарияи тасаввуф мебошад, як навъ “ширк” дар ақидаю ибодати мусулмон ба ҳисоб меоянд.

Ҳамин тавр, яке аз хусусиятҳои асосии ифротгароии муосири динӣ зиддият бо мардуми ориёинажод ва нафрат ба фарҳангу тамаддуни тоҷикию  форсӣ мебошад.

  1. Чи гуна гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза моҳияти зиддифарҳангӣ  ва зиддитамаддунӣ доранд?

Дар бораи нафрат ва муносибати бадбинонаи гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, хусусан гурӯҳҳои салафияи такфирӣ ва ҷиҳодӣ нисбат ба фарҳангу тамаддуни ориёӣ  ва нисбат ба ирфону тасаввуфи исломӣ гуфта шуд. Аммо бояд зикр кард, ки нафрат ва бадбинии ин гурӯҳҳо бо фарҳангу тамаддун бо ин хулоса намешавад, балки ин гурӯҳҳо моҳиятан, хусусияти зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ доранд. Онҳо бо ҳама гуна осори ҳунар, фарҳанг, таърих ва тамадун дар ҷанг қарор дошта, чун як нерӯи торикию барбарии зиддитамаддунӣ тамоми осори фарҳангиву ҳунариву таърихиро огоҳона нобуд мекунанд.

Гарчӣ маҳкум кардани фарҳангу тамаддунҳо дар назария ва таълимоти ин гурӯҳҳо ҷойгоҳи марказӣ дорад, аммо таҷрибаи амалии “ҳокимият”-и онҳо дар нуктаҳои гуногуни ҷаҳони ислом моҳияти зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ доштани онҳоро комилан рӯшан сохтааст. Дар ин масъала метавон ба баъзе мисолҳое рӯ овард, ки дар ҳамин солҳои охир дар пеши чашми тамоми башарият рух доданд:

-Гурӯҳи ифротгарои “Толибон”-и Афғонистон баробари ба ҳокимият расидан дар соли 1996 ба нобудсозии пайвастаи тамоми осори ҳунарӣ, таърихӣ ва тамаддунии ҳудуди ин кишвар оғоз намуд. Толибон бойгониҳои таърихӣ ва ҳунарӣ, дастхатҳои чандҳазорсола, ёдгориҳои арзишманд ва осори гаронбаҳои таърихиро аз марказҳои фарҳангӣ, донишгоҳҳо, архивҳо ва осорхонаҳои таърихии Афғонистон берун кашида, онро чун “осори куфру бидъат” бераҳмона нобуд сохтанд. Аз ҷумла, нобудсозии маъбади ҳиндуҳо дар Кобул ва бо тири тӯп ва маводи тарканда пора кардани ёдгориҳои таърихии вилояти Бомиён аз машҳуртарин қадамҳои зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунии “Толибон” дар даврони ҳокимияташон ба ҳисоб меравад. Ҷойи зикр аст, ки ёдгориҳои чандҳазорсолаи Балху Бомиён дар замони тамоми подшоҳони гузаштаи исломии Афғонистон, аз ҷумла, дар аҳди Сомониёну Ғазнавиёну Темуриён барпой монданд ва уламои исломии ин сарзамин дар тӯли таърих ба хароб кардани онҳо фатво надоданд, аммо “Толибон” бо моҳияти зиддитамаддунии худ корро аз харобсозии ёдгориҳои таърихӣ оғоз намуданд. 

-Гурӯҳи ифротгарои динии “Боку ҳаром” ва “Аш-шабоб”, ки дар кишварҳои Нигер, Сумолӣ ва Молӣ фаъолият доранд, соли 2011 пас аз ишғоли шаҳри таърихии Тумбакту, бузургтарин ганҷинаи китобҳо ва дастхатҳои нодир дар Африқоро огоҳона хароб карда, бино ва китобҳои онро ба коми оташ кашиданд. Дар ин раванд на танҳо дастхатҳои қадими бостонӣ, балки ҳазорон нусха китобҳои нодири илмии даврони исломӣ ва санаду ҳуҷҷатҳои нодири таърихи ин кишварҳо ба оташ кашида шуданд.

-Гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” дар ду соли ҳокимияташ бар баъзе минатқаҳои Ироқ ва Сурия, даҳшатноктарин амалҳои зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддуниро ба намоиш гузошт, ки барои ҳамгон маълум аст. Онҳо баробари ишғоли шаҳрҳо чун қабилаҳои ваҳшӣ вориди музейҳо шуда, тамоми ёдгориҳои ҳунариву фарҳангии бостониро бо табару зоғнулу арраҳои барқӣ мешикастанд ва тамоми китобу мусаввараву нигораҳоро пора мекарданд. Ҷанги ваҳшиёнаи ДИИШ бо фарҳангу таъриху тамаддуни башарӣ дар шаҳри бостонии Полмирои Сурия башариятро ба ҳайрат гузошт, зеро онҳо ин шаҳри таърихии чандҳазорсоларо, ки аз даврони Ошуриён ҳамчунон ҳифз шуда буд,  бо тамоми воситаҳо хароб мекарданд: агар зурашон расад, бо дасту табару зоғнӯлу арра ва агар зӯрашон нарасад, бо тарконидани биноҳову манораҳову ёдгориҳо.

Умуман, набард бо ҳунару фарҳанг, ҷанг бо мактабу маориф, душманӣ бо илму огоҳӣ, нафрат ба таъриху тамаддун ва зиддият бо рушду ободӣ як ҷузъи унсурии моҳияти гурӯҳҳои ифротгарои динӣ мебошад. Онҳо таълимоти исломиро аз фарҳанг, аз ҷумла, аз фарҳанги исломӣ ҷудо карда, онро аз арзишҳои олтарине чун илм, огоҳӣ, раҳм, шафаққат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ, некӣ, зебоӣ, созандагӣ ва ғайра холӣ мекунанд. Яъне, фаҳмиши онҳо аз ислом як фаҳмиши дур аз фарҳанг ва дур аз арзишҳои тамаддунофарини исломӣ аст. Онҳо як “ислом”-и холӣ, танг, хашин, тира ва торики худро сохтаанд, ки ҳеҷ умумияте бо таълимоти асили исломӣ надорад.

Бинобар ин, омадани онҳо ба тамоми арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ таҳдиди нобудӣ меофаранд. Бо омадани онҳо дар ҷомеа дигар барои таърих, тамаддун, илм, огоҳӣ, ҳунар, мусиқӣ, наққошӣ, хушӣ, озодӣ, муҳаббат, зебоӣ ва ғайра ҷой намемонад. Ин аст моҳияти зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунии ифротгароии динии имрӯза. Ин аст, ки ҳар як инсони бофарҳангу ботамаддун ва ҳар як инсони огоҳу озод бояд худаш, шахсан, дар мубориза бо ин офати азим  саҳм гирад ва ба ин муборизаи тамаддун алайҳи ҷаҳл, ба ин муборизаи фарҳанг бо бефарҳангӣ ҳамроҳ шавад.

Ифротгароёни навпайдои динӣ, ки асосан пайравони равияи салафияи такфирӣ ва ҷиҳодӣ ҳастанд, худи мазҳабро ҳамчун чорчӯби пайравӣ аз ислом эътироф накарда, пайравӣ аз мазҳабро “бидъат” меҳисобанд. Онҳо фақат худашонро пайравони воқеии ислом дониста, тамоми ибодатҳоеро, ки мусулмонон дар доираи мазҳабҳо анҷом медиҳанд, қабул нашуморида, танҳо эътиқод ба тарзи салафигии диндориро дуруст медонанд. Пешвоёни ин равия ҳам дар масъалаҳои ақидатӣ ва ҳам дар масъалаҳои ибодатӣ ин мавқеъро талқин ва таблиғ мекунанд.

Масалан, дар рисолаи «Тавҳид»-и бунёдгузори ваҳҳобият Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ва дар рисолаи «Равиши намозгузории Паёмбар(с)»-и Носируддини Албонӣ яке аз  пешвоёни асосии салафияи муосир метавон дид, ки чи тавр пешвоёни ифротгароён талош намудаанд, то меъёрҳои мазҳабҳои исломиро нодуруст нишон дода, равиши махсуси салафии худро ба пайравонашон омӯзонанд. Онҳо фақат фаҳмиши худро “исломи ноб” номида, ҳамаи фаҳмишҳои дигарро инкор мекунанд. Пайравони мавҷи нави ифротгароён, яъне пайравони гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” бошад, ғайр аз худашон тамоми мусулмонони ҷаҳон, ҳатто уламои исломии маъруфи оламро кофир эълон карда, қатли онҳоро барои худ раво медонанд ва ғорат карда гирифтани моликият ва зану фарзанди онҳоро барои худ дуруст мешуморанд.

  1. Чаро пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хиёнат ба ватану миллат ҳисоб мешавад?

Имрӯз шаҳрвандоне, ки ба сафи равия ва ҳизбу ҳаркатҳои ифротии динӣ ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоинони ватан ва миллат ҳисобида мешаванд. Шояд дар зеҳни касе ин савол ба вуҷуд ояд, ки чӣ гуна онҳоеро, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, хоинони ватану миллат номидан мумкин аст? Таркиби ҷинояти онҳо чун хоини ватану миллат дар чист?

Тавре аз зикри хатарҳои ин гурӯҳҳо маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои гурӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақаи мо, аз ҷумла аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Онҳо ин нияти худро расман эълон карда, кишвари моро ҳамчун як ноҳияи хурди “хилофат”-и худ пешбинӣ мекунанд. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон, ки онҳо таҳия карда, дар расонаҳо расман паҳн кардаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман, вуҷуд надорад. Илова бар ин, онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихии мо муқобил буда, нисбати онҳо нафрати беандоза доранд. Хулоса, омадани онҳо  ба маънои аз байн рафтани давлати мустақилли мо, нобудии таъриху фарҳанги мо ва нобудии миллати мо мебошад!

Пас, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои  ифротӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва дар фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик мешавад. Яъне, ин шаҳрванд барои аз байн бурдани давлати худ ва барои нобуд сохтани миллати худ ҳамроҳ бо ифротиён меҷангад, барои амалӣ шудани ин мақсади онҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад. Ҳамин тавр, ӯ дар муқобили давлати худ, бар зидди ватани худ ва дар душманӣ бо миллати худ қарор мегирад. Ҳамин тавр, ӯ хоини ватан ва хоини миллат мешавад!

Албатта, аъзои ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ ба сабаби барангехтани низоъ, даст доштан дар ҷангу хунрезӣ ва қатлу кушторҳои бешумор аз ҳар ҷиҳат ҷинояткоранд, аммо илова бар ин, бо сабаби дар муқобили ватану миллати худ қарор гирифтан, онҳо хоини ватану миллат низ ба ҳисоб мераванд. Ин аст масъалаи хиёнат ба ватану миллат дар таркиби ҷинояти ин гуна шахсон.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ аз 26-уми июли соли 2015 дар бораи ин гуна шахсон чунин гуфта буд: “Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан - модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад.”

Аз тарафи шаҳрвандон пурра дарк шудани ин ҷанбаи масъала барои ташаккули муносибати оштинопазири онҳо  нисбат ба гурӯҳҳои ифротӣ бисёр муҳим мебошад.

Холиқназар Худойбердӣ, Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз маводи Конференсияи ҷумҳуриявии ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо»

 

“Озодандешон”-и хоин ва “демукросӣ”-и хунин

 

АНДЕША. Ҳар инсони худогоҳу хештаншинос ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ин ақидаҳои дуруғини бадхоҳони миллат ва давлатро бинад, хомуш истоданаш аз рӯи виҷдон нест. Дар ин маврид шоири бузурги тоҷик Бедили Деҳлавӣ гуфтааст:

Чашме, ки надорад назар ҳалқаи дом аст,

Ҳар лаб, ки сухансанҷ набошад, лаби бом аст.

Санаи 12 феврали соли 2018 дар шабакаҳои интернетӣ бо дидани баёнияи анҷумане бо ном «озодандешони тоҷик», ки аъзоаш аслан на озодандешанду на тоҷик, огоҳ гардида, дар зери он номи шахсиятҳои дар гузашта бо амалҳои ношоистаашон “машҳур” Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Равшани Темуриён, Саидюнуси Истаравшанӣ ва ҳам Аюб Эгамовро дида, сари андешае омадам, ки иддаои ин ғамхорони «Тоҷикистони озод» идомаи мантиқии ҳамон андешаҳои муғризонаи «Гурӯҳи 24» ва ТЭТ ҲНИТ мебошанд.

Ба ифодаи устоди сухан Абулқосим Лоҳутӣ: «Гург ин дафъа дар ҷомаи меш омадааст».

Онҳо иддао доранд ва худро ҷамъе аз фаъолону донишмандон ва озодандешони тоҷик дониста, мақсади худро тақвияти “демукросӣ” медонанд. Ба ин миллатфурушону мазҳабфурушон мегӯем, ки ба мо “демукросӣ”-и охундҳои эронии шумо лозим нест. Дида истодаем, ки худашон чи гуна “демукросӣ” ҳастанд. Мо ҷонибдори ҳамин демократияе ҳастем, ки имрӯз давлатамон ободу мардумамон осуда аст.

Дар ин маврид ҳар шахс аз диди воқеият ва адлу инсоф бояд дарк намояд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи дигар халқу миллатҳои маскуни он аз баракати сулҳу ваҳдат ба созандагиву ободонӣ машғуланд. Дар ин роҳ заҳматҳои мондагори фарзанди ҷонфидои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки халқ ӯро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат» эътироф кардааст, ба ҷаҳониён равшан намуддор аст.

Кишвареро, ки бо дассисаву маблағи ғаразноки аҷнабиён шумо ҷонибдорони “демукросӣ” ба коми оташ кашида ва бародарро ташнаи хуни бародар гардонида будед, дар натиҷаи ҳамбастагии азму иродаи халқ бо роҳбарии Сарвари воқеъбину дурандеш ба ҳам омада, кинаро аз дилҳо дур кард, оромию суббот ва пешрафти кишварро таъмин намуд.

Мо ҷавонони Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ва рӯ ба тараққӣ муҳтоҷи ҳеҷ гуна маслиҳат ва «ғамхориҳои» хоиноне дар ниқоби “озодандеш” нестем.

Марг ба шумо курдилон! Мо намегузорем шумо дигарбора рӯзи сиёҳи солҳои навадумро ба сари миллати тоҷик биёред!

Диловар ХОЛОВ, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Панҷ.

Анҷумани “озодандешон” қадами навбатии ТЭТ ҲНИТ ба сӯи дузах

АНДЕША. Ҳанӯз соли 1996 дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Ватан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки дар ҳар як ҷомеаи демократӣ ҳизбҳои сиёсӣ танҳо аз тариқи муборизаҳои осоиштаи парлумонӣ ба ҳадафҳои сиёсии худ бояд муваффақ шаванд. Дар ин амр роҳи дигаре нест. Тариқи зӯроварӣ ва фиребу найрангро ҳеҷ гуна давлати ҳуқуқбунёду демократӣ намепазирад. Ин оянданигарии Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2015, баъди амалҳои хиёнаткоронаи сарварони ҳизби террористии аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон манъшудаи ТЭТ ҲНИТ исботи худро ёфт. Бинобар он бамаврид аст, ки боз як таъкиди Ҷаноби Олиро иқтибос биорем: «Мову шумо бояд як қувваи ягонаро ташкил дода, онҳоеро, ки сулҳу салоҳро дар ҷомеа халалдор карданӣ мешаванд, ҳамдигарфаҳмии байни қувваҳои сиёсиро аз байн бурданӣ мешаванд, ҳушдор диҳем».

Имрӯз, ки сарвари ТЭТ ҲНИТ Кабирӣ аз номи дини мубини Ислом, барои ба мақсади нопоки худ: барҳам додани соҳибистиқлолии Тоҷикистон, дар гӯшаҳои гуногуни олам, дар назди хоҷагони бедину бедиёнаташ гиряву зорӣ дорад, бояд фаромӯш насозад, ки халқи тоҷик ва тоҷикистониён дигар фирефтаи «фатвоҳои шайтонии» вай намегардад. Дуввум ин, ки тамоми олам, онҳое, ки маънои демокративу давлатдории демократӣ ва давлати миллӣ барояшон шинос аст, аз амалҳои фиребгаронаи ин ташкилоти экстремистиву террористӣ бохабаранд. Ба назар чунин мерасад, ки ҳатто он хоҷагоне, ки аз аввал фаъолияти ин ҳизби ватану фарҳанги миллии худашро ба фурӯш мондаро танзиму бо маблағ таъмин мекарданд, дигар ба вай боварӣ надоранд. Агар ин тавр набошад, пас барои чӣ аъзои ин ҳизби террорристии бо ном исломиро дар олами насронӣ (Олмон, Австрия, Чехия…) ба минбарҳои сиёсӣ мекашанд? Аз ин амалҳо як чиз мусаллам аст, ки Кабирӣ фарди сиёсатбоз ва дар талоши вазифаву сарват ва қудрат, яъне дар пайи конеъ кардани талаботи НАФС аст ва дар ин роҳ наҳзатиҳо на таваккал ба Худо доранду на ба Куръони карим.

  Сеюм ин, ки ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва нашрияҳои машҳури дунё, аз ҷумла «Ал-Аҳром»-и Миср ин ТЭТ ҲНИТ-ро ҳамчун «Ҳизби шайтонӣ» ном бурда, ва яке аз ҳамсафону ҳаммаслакони чунин ташкилотҳои террористии ҷаҳон ба мисли ДИИШ, «Ҷабҳат-ун нусра» ва ҲИӮ шуморидаанд.

Ҳоло ТЭТ ҲНИТ дар охирин нафасҳояш, дар охирин лаҳзаҳои ҷонканиаш хост боз мардумро фиреб дода анҷумане бо ном “озодандешон” таъсис диҳад. Вале ин пинҳонкориву луъбатбозии ӯ дигар ба ҳама маълум аст. Баръакс бо ин кор масъулини ТЭТ ҲНИТ оташи ҷаҳаннамро, ки солҳост дар дузах барояшон омода аст, бештару зӯзонтар карданд.

Аслам ШАРИФОВ, шаҳри Бохтар

АОТ – анҷумани бемағзону ҷоҳилон

АНДЕША.Соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои мардуми сарбаланди тоҷик ба осонӣ ба даст омад, вале нигоҳ доштану ҳифз намудани он барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик гарон афтод. Зеро дар он рӯзҳо гуруҳҳои мухталифи бадандеш, манфуру ҷоҳил ҳузур доштанду пойдории кишварро наехостанд. Хушбахтона, ин бадкешон натавонистанд ба он мақсадҳои нопоки худ бирасанд, чунки бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат пояҳои асосии ҳокимияти давлатӣ (қонунгузор, иҷроия ва судӣ) мустаҳкам гардид. Ҳамагон хуб медонанд, ки имрӯз давлату Ҳукумати мамлакат тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри беҳтар гардонидани зиндагии мардум ба сомон мерасонад.

Бо назардошти ин пешравиҳое, ки дар тамоми минтақаҳои кишвари азизамон ба чашм мерасанд, баъзе курдилони миллат наметавонанд ин ҳама комёбиҳоро бубинанд. Дар расонаҳои марбут ба ТЭТ ҲНИТ ва дар фейсбук аз ташкил намудани як гуруҳи нав бо номи «Анҷумани озодандешон тоҷик», ки дар шаҳри Утриши Автрия таъсис ёфтааст, хабар шуд. Ин як таҳдиди душманони миллат барои амнияту давлату миллати мо мебошад. Аммо ин курдилон фаромӯш карданд, ки имрӯзҳо дар саросари кишварҳои дунё ин гуна ташкилоту анҷуманҳо, иттифоқу созмонҳои ифротӣ яке пайи дигар сари худро хурда истодаанд. Ба ин фикри хоми худ мехоҳанд ба мо ҳушдор диҳанд, ки аллакай душманони халқу Ватан қадаме ба пеш гузоштаанд, аммо ба сӯи нестии худ. Ҳамаи ин овозаву дасиса дигар таметавонад, чизи дигаре бошад. Чунки мехоҳанд боз давлатро сари ин аҷумани ифротии худ ҷалб намоянд, то ба бозиҳои сиёсӣ овора кунанд. Ростӣ кироӣ набуд барои як анҷумани бадандешон вақти худро сарф намоям. Вале мехоҳам он бадандешон хуб андеша кунанд ва шояд як зарра инсонгарӣ дар вуҷудашон монда бошаду тавба кунанд.

Баъзан таъсиси гуруҳу созмонҳои сиёсӣ ба фоидаи созмонҳои байналмиллалӣ ва мақомоти дахлдори мамлакатҳои аврупоӣ ва ҷаҳон рост меояд ва онҳо ин гуна созмонҳоро ба хотири расидан ба он нақшаҳои ифротии таҳрезӣ намудаи худ дастгирӣ мекунанд, ки гӯё Тоҷикистон як кишвари ноамн аст ва касе ҳуқуқи озод сухан карданро надошта бошад. Лекин бояд дар хотир дошт, ки ҳар он баднадеш на ин ки дар дохили кишвар, балки дар хориҷи кишвар низ хору залил ҳастанд ва хоҳанд буд. Чунки он бадбахтони миллат ба қадри давлат, миллат, модар, Ватану торомиву амнияти он нарасиданду ҳадафҳои палиди худро бо тариқи расонаҳо амалӣ намудан мехоҳанд.

Бояд қайд кард, ки ин анҷуман дар доираи он нафароне ташкил шудааст, ки на маърифат доранду на дониши сиёсӣ ва на фаҳмиши таҳлилкунӣ.

Ман бисёр афсус мехурам аз ин бечораҳои беватан, ки дар ғарибӣ ҷони сиёҳ мекананду миёни беҷони худро мешикананд. Ҳамаи пайравони ТЭТ ҲНИТ ва анҷумани бадкешон донанд, ки шумо танҳо ҳадафҳои нопоки роҳбарони газофи ин ташкилотҳои ифротиро амалӣ менамоед. Шумо гумроҳиро ба ҷои амну оромӣ харидед. Огоҳ бошед, ки аллакай мо мардуми осоиштаи тоҷик ҳадафу мақсадҳои нопоки шуморо ҳудуди ҳашт соли охир бо факту рақамаш дарк намудем. Ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳем, ки курдилони миллат амнияти давлату миллати моро халалдор кунанд. Имрӯз Тоҷикистони азиз фарзандони баномусу номбардор дорад, ки баҳри тамоми он созмону анҷуманҳои ифротӣ муборизаи беамон мебаранд, то решаи ононро баркананд.

Алиакбар ҲАЁТЗОДА, узви фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top