Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

СУЛҲ МАЪНИИ ТАЪРИХИИ МОСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо рисолату зеҳнияти модарзодии халқи азизамон эътимод карду дорад. З-ин рӯ, сулҳи тоҷикон маҳсули иродаи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки «Сулҳ маънии таърихии мост» мегӯяд. Дар  мавриде, ки сари заминаи боэътимод доштани сулҳи кишвар андеша меронем, барои зуҳури истиқрори он омили муҳиме буд, ки онро метавон Ваҳдати миллӣ номид. Яъне истиқрори сулҳи Тоҷикистон, ҳамин сулҳи пойдору устувори кишвари азизамонро агар унсурҳои ваҳдати миллӣ ба даст оварда бошад, дурнамои зиндаву ҷовидонии кишварро истилоҳи эҳё ба дӯш мегирад. Соли 1997 вақте ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, сари як дастархон нишастем,  гӯши шунаво пайдо кардем, бо таҳаммули сиёсӣ ҳамдигарро гӯш мекардагӣ шудем. Шукри зиндагии осудаҳолона, ки ин ҳама неъматҳои муқаддасро дарёфтем. Рӯ ба созандагӣ овардем, ки муҳимтарин ҳадафи он дар ҷавҳари ҷони ваҳдати миллӣ нуҳуфтааст.

Бале, ин ҳамон ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст, ки онҳоро зоҳиран ва ботинан пайванди маънавӣ мебахшад. Тамоми шаҳрвандони кишвари азизамон ҳамчун муқаддастарин рукни бо арзиши бақои хеш ҳамин Ваҳдатро пазируфтаанд. Ногуфта намонад, ки Ватан - Модар, Истиқлол ва Ваҳдат воқеан муқаддасанд. Мо ҳама ин муқаддасотро дар ҷавҳари ҷонамон мепарварем. Муқаддасоти ҳар фарди ватандӯст ин марзу буми ватан, Суруди миллӣ, Парчам, Артиш ва Пули миллиамон мебошанд. Ваҳдати миллӣ ва Истиқлол пойдевори азими давлати миллии мост ва мисли як пайкари муқаддас дар оғӯши гарми хеш фаро мегирад.

Эҳё мардуми кишварро ба сӯи созандагӣ ҳидоят мекунад. Ба сӯи созандагӣ роҳ гирифтани мардум, пеш аз ҳама, дар ҷавҳари ҷонашон худогоҳӣ ва худшиносиро тарбият медиҳад. Яъне  рукни мустаҳкаму муайянкунандаи бақои давлати миллиро маҳз Эҳё дар худогоҳиву худшиносии мардумон зоҳир менамояд. Моро зарур аст, ки аз бузургтарин дастовардҳои кунунии кишварамон на бепарвоёнаву бетарафона, балки огоҳонаву бедордилона бархурдор бошем, то бидонем, ки салоҳи кор куҷост.

Ба ҳар нафари мо возеҳ гашт, ки миллатро сарҷамъ намудан, халқҳоямонро ба як мароми устувори зоҳириву ботинии умумӣ ворид намудан, пеш аз ҳама, худи мардум ҳам зарурати чунин маромро дақиқан ва амиқан ба дарк гирифтаанд. 

Дар ин замина андешаву ҳуввияти миллӣ таҳкимбахши Ваҳдат ва Истиқлол аст. Акнун мо дарк намудем, ки истилоҳи ватан-модар сухани саридастӣ ва саҳлу содда набуда, балки дар ниҳояти муқаддасӣ ва такрорнопазирӣ мавҷуд аст.

Созишномаи истиқрори сулҳи комил миёни тоҷикон ба имзо расид. Ин рӯзи васл ва поёни шаби андӯҳи тӯлонӣ барои мардуми мост, ки бо дамидани субҳи сафобахши сулҳ рӯзгори моро таровату накҳати тоза ато намуд. Аз файзи Ваҳдат, ки бо талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, Тоҷикистони ғарқ дар гирдобҳо ба соҳили мурод расид.

Андешаи ваҳдатгароёнаи инсоният баробари мусаффо кардани ақлонияти халқ ва фатҳу ҷодае ҷониби маҷмӯи кушоишҳову даричаи музаффариятҳо барои кишвари тоҷикон камолот ато кард ва суроғаи абадиятро нишон дод. Мо-тоҷикон ба қадри он расем, будани ваҳдатро дар дилу хуну андешаву тафаккур эҳсос намоем, сабақҳои тозае бардорем ва боз ҳам дар ниёзмандии беандоза ба ин эъҷози муборак дар рӯзгори чӣ фарҳангиву маънавӣ бошем.

Бо нигаҳдошти нерӯи боваре, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод,  Рӯзи Ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ ба иди миллии халқи тоҷик мубаддал гаштааст.                                      

Абдувалӣ Қурбонов,

сардухтури КАТС-и ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top