Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ҲАР КӢ ПО КАҶ МЕГУЗОРАД…

Яке аз масъалаҳои доғи рӯз, ки он на танҳо сари волидайн, балки ашхоси бедордили ҷомеа, ҳамаи онҳоеро, ки барояшон Ватан - модар, ободии Тоҷикистон, осудагии ҳар як хонадони Тоҷикистони азиз аст, ба дард овардааст, ин иштироки баъзе ҷавонони сабуксари тоҷикистонӣ дар муқовиматҳои ДИИШ, ТЭТ, ҲНИ мебошад. Аксарияти онҳо ба хотири ба даст овардани пули муфт ҷони худу  аҳли оилаашонро зери хатар мегузоранд, саводи комили динию дунявӣ надоранд. Пеши чашмашонро ман-манӣ, ишқи пулу пайсаи муфт, ваъдаи «биҳишт» кӯр кардааст. Онҳо ҳатто инро низ фаҳмидан намехоҳанд, ки касе барояшон пули муфт нахоҳад дод. Худованд  низ  ба  ивази  ризқи  ҳаминрӯза  расонидааш  рӯзеро аз умри мо хат мезанад. Он хоҷаҳои хориҷӣ ин ашхоси гумроҳу ҳамдиёри моро  то лаҳзае лозиманд, кор мефармоянд, ваъдаҳои осмонӣ медиҳанд, биҳишти ҷовидонро барояшон муҳайё  сохтанӣ мешаванд, вале ҳамин ки  харашон аз ҷӯйбор гузашт, як тир дар пешонаашон зада, онҳоро ба чуқурие ҳаво медиҳанд. Ҳатто гӯр карданашонро ҳам барои худ ҳайф медонанд.  То ҳол мо нашунидаем, ки ягон ҷавони иштирокчии муковиматҳои Сурия бой шуда бошад, қасру кӯшк сохта бошад. Баъдан, мо намефаҳмем, ки онҳо ба чӣ хотир  худро ба обу оташ мезананд, қурбон мекунанд, модару падар, хоҳару бародари худро синачоку ғамбемор месозанд?  Ду гурӯҳе, ки дар Сурия муқобили якдигар меҷанганд, ҳарду сангар низ мусулмонанд. Оё ба муқобили ҳамдини худ ҷангидан ва ӯро куштан гуноҳ нест? Дар кадом китоби осмонӣ гуфта шудааст, ки мусулмон ҳамдини худро аз ҷоне, ки Худованд ба ӯ ато фармудааст, ҷабран ҷудо созад?   Шиори «Муъмин – бародари муъмин» ва тараҳҳуми исломии мо чӣ  мешавад?

  Бародарони маргталаб ва «ҷиҳодкунанда»! Оё боре шумо фикри хешу ақрабо ва аҳлу авлоди худро кардаед?  Вақте  ки  шумо  худро  ба коми марг ба пойи худ тела медиҳед, медонед, ки чӣ қадар ба ҳаёти маънавии ҷомеа, ба миллат, дину мазҳаб, дӯстону ҳампешагони худ таъсири бад мегузоред?  Агар шумо бо номи  баланд, барои дифои номусу нанги  волидайн, хоҳару бародар, зану фарзанд, марзу буми ватани азизамон- Тоҷикистон шаҳид шавед, боке нест, зеро номатон дар саҳифаи таърихи Ватан ва миллат бо хати заррин   навишта хоҳад шуд, вале  барои  «якпула савдо садпула ғавго» бардошта, миред, марги шумо  пайвандонатонро дар  ҷомеа  сарпаст  намуда,  барои  ҷомеа  низ асари бад мегузорад.

Ман ҳамчун имомхатиб аз амали нобакоронаи чунин ашхос, ки ба номи волидонаш иснод меорад маҳкум менамоям. Ман боварӣ дорам, ки шахси  шири инсони бошуурро хӯрда, ҳар як инсоне, ки барояш ҳар зарраи хоку санги хонаи падар, кӯҳҳои сарбаланди Тоҷикистон, модари меҳрубон, ҳамсари дилбанд ва дидори мубораки фарзанд азиз аст, ба чунин корҳои пасту нангин даст намезанад. Қувваи  бозуи худро дар ободу зебо гардонидани як  порча замин, сохтмони иншоотҳои азими  кишвар, тарбияи  фарзанд масраф месозад, то ин  ки баъди  сараш аз амалҳои неки ӯ ёд кунанд, ба арвоҳаш дуруд фиристанд.

Маҳз ҳамин доғи ҷаҳл, ғӯтидани бархе аз ҷавонон ба ботлоқи ҷаҳлу нодонӣ онҳоро ба чунин амалҳои бемаънӣ таҳрик додааст. Даст  дар  занҷир  дар  Ватан  будан  садҳо  бор  аз  оне,  ки  хуни ноҳақ  мерезед  ва  то  китфатон  дар  хуни  бегуноҳе  меғӯтед, авлотар аст.  Саъдии бузургвор фармуда:

                           Пой  дар    занҷир  пеши  дӯстон,

                           Беҳ,  ки  бо  бегонагон  дар  бӯстон.  

Ҳамагон  медонанд,  ки  аксари  онҳое,  ки  ба  муқовиматҳои  ДИИШ, ТЭТ, ҲНИ  шомил  шудааанд,  тавассути  «харидоронашон»  ҳангоми  муҳоҷирати  меҳнатӣ  дар  Федератсияи  Русия,  ҳамчунин  рафтан  бо  раводиди  сайёҳӣ  ба  Туркия,  таълимоти  як  идда  ҷавонон  дар  марказҳои  динии  кишварҳои  хориҷӣ ба  гирдоби  ҷангҳои  бемаънӣ  ғӯтидаанд.  Тасаввур  кунед, ки  ҳолати  рӯҳии  волидон  ва  зану  фарзандони  ашхоси  фавтидаро.  Агар  онҳо  дар  назди  падару  модар,  дар  канори  хешу  ақрабо  мефавтиданд,  дар  дили  волидонашон  то ин  дараҷа  дарду  доғ  боқӣ  намемонд.  Яқин  аст,  ки  дарди  ғарибгӯр  шудани  фарзанди  фавтида  волидонро  то  охири  умр  думболагир  хоҳад буд  ва  зарра-зарра,  лаҳза  ба  лаҳза  таноби  умри  онхоро  борик  месозад.  Алҳазар  аз  чунин рафтори  нораво,  алҳазар  аз  чунин фарзандони  нохалаф, ки  ангушти  шашумро  монанд:

«Агар  набурӣ, айб  кунанд ва агар  бурӣ,  дард  кунад».

Имрӯз вақти он  расидааст,  ки  зиёиёну фаъолон, пиру  барно,  аҳли ҷомеа,  тарбияи  наврасону  ҷавононро  тахти  назар  намоянд.  Ҳар  қадам,  ҳар як  рафтору  гуфтор  ва  ҳамсуҳбату  ҳамнишини  фарзандону  наздикон,  ҳамдеҳагону  ақрабои  худро  бинанд,  ислоҳ  кунанд,  онҳоро  ба  роҳи  росту  мустақим  ҳидоят  намоянд, зеро:

Ҳар  кӣ  по  каҷ мегузорад, хуни дил мо мехӯрем,

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо.

Саид Давлатов,

имомхатиби масҷиди ҷомеаи ба номи

«Абӯбакри Сиддиқ», деҳаи «Пахтаобод»,

Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top