Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ҶАВОНОНРО ХУДШИНОСУ ХУДОГОҲ ТАРБИЯ НАМОЕМ

Ғамхорию дастгирӣ ва умеди хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҳар як фарди бедордилу соҳибхирад, худшиносу худогоҳро водор менамояд, ки пешниҳоду дастурҳои Ҷаноби Олиро дар амал татбиқ карда, сармашқи кори худ намоям. Чунончи дар яке аз суханрониҳояш Пешвои миллат гуфта буд. «Ман борҳо таҳкид  намуда будам ва боз иброз медорам, ки ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, муқаддасоти давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд ва муҳимтар аз ҳама озодию соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои оянда шуморанд».

Албатта, ҳар шахси оқилу худогоҳ, осоиштагию муттаҳидӣ, сулҳу ваҳдат ва адолату некукориро дар ҷомеа сидқан ҳифз менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар гузашта равшанфикрони тоҷик бо дарки инсондӯстию адолатпарварӣ баҳри густариш ва таҳкими амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми арзандаи хешро гузоштаанд. Мутаассифона, ашхоси носипосу бадандешони ин Ватан аз ҷавонони сабукфикру бедониш истифода намуда, ба ҳаракатҳои маҳкумшудаву нафратовар ҷавононро ҷалб карданӣ мешаванд. Аммо ба ҳадафи нопокӣ хеш ҳеҷ гоҳ комёб нахоҳанд шуд.

Чи тавре, ки аз расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ҳамарӯза дар ин ё он давлати дунё таркиш ба амал меояд. Чандин иншоот, манзил зист ва марказҳои хизматрасонӣ вайрону валангор гардида, нафарони зиёде маҷрӯҳу аксарияташон қурбони амалҳои ноҷавонмардонаи гурӯҳҳои ифротгаро мегарданд. Дар натиҷаи даргириҳои бераҳмонаи ифротиён занону тифлони зиёд гуруснаю бесарпаноҳ монда, тарки диёр намуда, ба коми обу оташ мераванд.

Як сухани нокасу нохалафе метавонад ҷавонони моро аз роҳ бароварда, ба гурӯҳҳои тундрав шомил созад. Бархе аз ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин гуна равияҳо ҳамроҳ шуда, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.  Ҳеч як хоҷаи хориҷӣ барои ҷавони гумроҳ накӯ намехоҳам. Ягона мақсаду маромаш ин аст, ки якеро аз роҳ бароранду аз пой афтонанд. Ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил намуда, ба марг мефиристанд ва ҳатто аз марги ҷавонони гулу гумроҳ хушҳолӣ низ месозанд. Нокасон ба ҷони ҷавонон ҷабр месозанд. Фирефташудагон дигар роҳи бозгашт надоранд.

Марав бо нокасон гар метавонӣ,

Сафар бо нокасон дорад гаронӣ

Ба нокас ҳар куҷое по бимонӣ,

Бимонӣ дар болои ногаҳонӣ.

Он нокасоне, ки ҳама гуна ҳодисаҳои харобиоварро ташкил месозанд, фирефта гашта, нишони ноҷавонмардию бевиҷдонӣ нисбати халқу миллат ва дину мазҳаб маҳсуб меёбад.

Дар мадди аввал ҷавононро месазад, ки дар ҷавоби ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тайи соҳибистиқлолии кишвар тамоми имкониятҳоро баҳри баланд гардидани сифати таълиму тарбияи насли наврас роҳандозӣ кардаанд, сипосгузорӣ намоем. Ҷавонон бо дарки ин масъулиятшиносӣ, ба омӯзиши илму дониш ноил гашта, бо ҳисси хештаншиносӣ муаррифкунандаи миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ бошанд. Худшиносию худогоҳии ҷавонон дар самти таҳкими ваҳдату Истиқлолияти миллиамон нақши басо босазоеро мебозад. Аз ин рӯ, ҳарчи бештар аз фарҳангу таърихи гузаштаамон сабақ андӯхта, саҳми арзандаву ибратбахши хешро дар тарбияи насли оянда бояд гузорем. Тарғиб намудани ҷавонон дар роҳи накукорӣ, садоқат ва Ватан, адолату ростқавлӣ ва дигар арзишҳои олии инсонӣ масъулияти ҳар як ватандорро ҳарчи бештар талаб менамояд. Мо ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри оромию осоиштагӣ ва барои фардои дурахшони миллат дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ воқеъбинона ва содиқона хидмат намуда, қарзи шаҳрвандии худро иҷро бояд кунем.

Агар нодон пазирад панди доно,

Намонад ҳеч нодоне ба дунё.

Агар нодон ба нодонӣ бимонад,

Ҷаҳолат гирад оламро саропо.

Мо ҳамеша бо ақлу виҷдони инсонӣ ва бо эътиқоду гуфтори дуруст амал карда, бо иродаю ниятҳои нек ба муваффақиятҳои беназири илму фарҳанги замон комёб хоҳем гашт. Хулоса, дар раванди тағйир ёфтани авзои сиёсии ҷаҳон ва ҷалб кардани ҷавонон ба ҳаракатҳои муташаккили ҷинояткорона рӯз аз рӯз меафзояд. Аз ин рӯ, худшиносии миллӣ, асолати инсониро мунтазам ба насли наврас омӯзонда, муқаддасоти миллӣ, сулҳу ваҳдат ва фарҳанги гузаштаву имрӯзи миллатро маҳз мо ҷавонони худшиносиву худогоҳ бояд ба ҷавонон ёд диҳем. Тарғиб намудани ҷавонон дар роҳи накукорӣ адолатпазирӣ, ростқавлию садоқат ба Ватан ниятҳои созандаву бунёдкоронаи ҳар як соҳибватанро тақозо менамояд.

Муҳаммадӣ Абдукодиров, имомхатиби масҷиди ҷомеаи ба номи ҳазрати Муҳаммад «САС», Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top