Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН БЕҲТАР

Хабарҳои воҳимаангези ҷанги шаҳрвандӣ, аз қабили амалиётҳои куштору сӯхтор, мардумро ба таҳлука овард. Онҳо аз тарси ҷон дороии солҳои зиёд бо заҳмати ҳалол ба дастоварда ва манзили бо обилаи даст бино кардаи хешро партофта, рӯ ба гурез ниҳоданд. Хурду бузург фирорӣ шудаю таваккал карда, ба самти номаълум мерафтанд. Ҳатто намедонистанд, ки дар пеш онҳоро чӣ интизор асту фардояшон чӣ сон ранг мегирад. Хати ҳаракати онҳо ҷараёни селобаро мемонд.

Дар байни издиҳоми гурезагон оилаи ҷавони Шарифаю Давлатбек низ буданд ва ин ҷараён ҳамонҳоро бо худ мебурд. Онҳо соле пеш бо орзую ниятҳои нек оила барпо карданд. Акнун зан ҳомиладор шудаю фарзандро интизор буданд. Вале ба ин нигоҳ накарда ба роҳ баромаданд. Илоҷи дигар надоштанд. Роҳгардии зан мушкил мегашт. Вале ба ҷуз ба пеш ҳаракат кардан дигар чорае набуд. Пеши қонунҳои нонавиштаи қисмат оҷиз мондаю ба тақдир тадбире намеёфтанд.

Гурезаҳо роҳи дурӯзаро пойи пиёда ва баъзан савора тай намуда, ба соҳили дарёи Панҷ - шуъбаи 5-уми ноҳияи Қумсангир расиданд. Дар ин мавзеъ барои гурезаҳои тоҷик гузаргоҳи иловагӣ кушоданд. Мардум дарёро убур карда, тарафи Афғонистон гузашта, дар сарзамини давлати ҳамсоя сарпаноҳ меҷустанд. Марди хайрхоҳи афғон бо кемаи худ гурезаҳоро  аз як соҳил ба соҳили дигар мерасонд. Хизматрасонии ӯ ҳамон рӯзҳо ройгон буд.

Моҳи декабри соли 1992. Ҳаво сарду сербориш буд. Барфи тар беист меборид ва боди сарди назди дарёӣ ба мағз-мағзи устухон мерасид, сару рӯй яхча мебаст. Аз дуриҳо садои тиру туфанг ба гӯш расида, тарсу ваҳми гурезаҳоро дучанд мегардонд.

Гурӯҳи гурезаҳои навбатӣ савори кема шуданд. Он ҳанӯз 50-60 метр нарафта Шарифаро дарди фарзанд гирифт. Зан аз марди афғон зорию тавалло мекард, ки ба соҳил баргардад. Кемачӣ ғур-ғур карда, ба пеш ҳаракат менамуд. Зан «маро ба соҳил расонед, вагарна худамро ғарқ мекунам», гӯён марди афғонро тарсонданӣ шуд. Аммо  ин ҳам  суде надод. Ҳамагон  аз зан «талаб» мекарданд, ки сабр кунаду дар соҳили ҷониби Афғонистон таваллуд намояд. Зан бошад, бо исрор талаби ба соҳил баргаштанро мекард. Афғони ба ғазаб омада ноилоҷ ба қафо баргашт.

 Дар назди соҳил тележкаи (ядаки) трактор мехобид. Ҳамагон гирду атрофи онро бо шолчаю кӯрпаю плёнка маҳкам намуда,  сарпаноҳе сохтанд.

- Ман тифламро  дар Тоҷикистон таваллуд мекунам, то соҳибватан бошад, хуни нофаш дар хоки бобоӣ бирезад, - мегуфт зан. Зан вақти говгум духтарча таваллуд кард. Садои гиряи тифли навзод гирду атрофро фаро гирифт. «Ин  фоли нек аст», мегуфтанд калонсолони гурӯҳ. Падари ҷавон духтарчаашро Саёҳат ном гузошт. «Саёҳати ман қосиди сулҳ хоҳад шуд», гӯён тифлро рӯи  даст гирифт. Ҳамагон бо ин ният даст ба дуо бардоштанд.

Онҳо акнун як оиларо мемонданд ва шабро бо бедорхобӣ рӯз карданд. Дар якҷоягӣ тифлро аз сардӣ эҳтиёт мекарданд. Рӯзи нав марди афғон барои бурдани гурезаҳо омад. Гурезаҳо қабл аз тарки Ватан кардан ба  зону зада, замини диёрро бӯса мекарданд, хоку гили онро  ба дида мемолиданд, ашк мерехтанд, ашки сӯзони ҷудоӣ мерехтанд. Вақти ҳаракати кема Давлатбек банохост худро ба об андохта, ҷониби соҳил баргашт. Марди афғон кемаро боздошта, мегуфт:

- Воло, ту девона шудаӣ. Боз ба куҷо меравӣ, ба таваллуд кардан?

- Не, коко, Ватанамро ба худ мегирам, - посух дод Давлатбек.

Давлатбек бо як каф хоки Ватан баргашт. «Бале, Ватанамро бо  худ мебарам, то он моро дубора ба Ватан баргардонад» гӯён хокро зери сари  тифл гузошт. – «Духтарам, бо бӯйи хоки муқаддаси Ватан калон шав».

Гурезаҳоро дар яке аз собиқ пойгоҳҳои ҳарбӣ, воқеъ  дар фурудгоҳи ҳавоии вулусволии Имом-Соҳиби шаҳри Қундуз ҷой карданд. Бӯйи ғализи борут ба димоғ расида, «сокинон»-и навро нороҳат менамуд. Ба болои ин якбора бемории вабо хуруҷ карда, одамонро ба марг мерасонд. Гурезаҳоро оҷилан ба шаҳри тоҷикнишини Толиқони вилояти Тахор, ки хушбоду ҳаво буд, кӯчониданд.

Зиндагӣ  дар ғарибӣ ширин набуд. Дар замини бегона, дур аз Ватану хешу ақрабо азоб доштанд. Гӯё дасту пойи аз  замину осмон канда доштанд. Дар фироқи меҳан ҷигархун мешуданд ва ёди ошноҳо қалбашонро реш-реш мекард. Дар ин лаҳзаҳо Давлатбек ва Шарифа хоки Ватанро ба даст гирифта, мебӯйиданду ба дида мемолиданд.

Солҳои ғарибӣ паси сар мешуд. Дар Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардид. Вале  гурезагон дар ҳиҷрат ба овозаҳои зиёд, ки гӯё ҳоло ҳам дар Тоҷикистон нооромӣ ҳукм меронад, бовар карда, ҷуръати ба Ватан баргаштан намекарданд. Боре  тоҷики солҳои сиюм ба Афғонистон гуреза шуда ба онҳо гуфт: «Ман 90 сол қабл бо ҳукми тақдир ба мулки Афғонистон муҳоҷир шудам ва ҳоло ҳам шаҳрванди  ин давлат нестам. Тамғаи муҳоҷириро якумра ба ман доданд. Ҳаргоҳе афғонҳо ба ман «муҳоҷири тоҷик» гӯён муроҷиат мекунанд, нороҳат мешавам. Аз ин рӯ, ба Ватан баргардед.

Сарвари тозаинтихоби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон сулҳ овард. Ба нуқтаҳои гарм сафар карда, бо гурезагон вохӯрд ва онҳоро ба ватани аҷдодӣ даъват намуд. Бо кӯшишу талошҳои зиёд тоҷиконро бо ҳамдигар оштӣ андохт, мардуми парешонгаштаро ба ҳам овард.

Нури умед қалби гурезаҳоро равшану гарм  кард. Оилаи ҷавони Давлатбеку Шарифа баъди интизорию азобҳо моҳи июни соли  1994 ба макони зисташон баргаштанд. Давлатбек ба умеди ояндаи нек як кафи хоки бо худ бурдаи Ватанро ба рӯи ҳотаи назди ҳавлигиаш пошид. Хоки Ватан барояшон як муқаддасоте буд, ки онҳоро дубора ба Ватан баргардонд. Зиндагии онҳо баъди ғарибиҳо ҷараёни тоза гирифт.

…Саёҳат имрӯз соҳиби оилаи  худ аст. Худро  дар Тоҷикистони азизаш хушбахттарин инсон меҳисобад, намехоҳад, ки он рӯзҳои шуми паси сар шударо дигарбора бинад. Шукронаи  ободию шукуфоии кишвар, сулҳу ваҳдат, шукри Сарвари ғамхору сулҳпарвари тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунад. Шукр мекунад, ки инсони озоду комилҳуқуқи замон аст.

С. АТТОР

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top