Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Тоҷикистон – маҳди тамаддун, намод аз сулҳсубот ва тавсеа дар минтақа (Сафаргуфтаҳои равшанфикри афғонистонӣ

Мақола тавассути муҳандис Эҳсонулло Ҳомӣ, шаҳрванди Афғонистон аз натиҷаи сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нигошташудааст.

Навиштаи мазкур натиҷаи сафари чандрӯзаи камина ба кишвари дӯст ва ҳамсояи некамон – Тоҷикистон мебошад, ки барои хонандагони азиз ҷиҳати шинохти бештар аз ин ҳамсоякишвар муфид аст. Кишвари Тоҷикистон бо он, ки мисли кишварҳои дигар, таъми талхи рӯзгорро дар бистари такомули таърихии худ чашида, аммо бо он ҳам мардумони ин сарзамин бо дароят ва фаҳми олӣ, сиёсатмадорони он бо роҳбарии хирадмандона бо пешинаи фарҳангии бузурги мамлу аз корвони тамаддун ва пешрафт, бо заҳмати шаборӯзиашон дарахти тануманди инкишоф, тараққӣ,сулҳ ва таъолиро, ҳамвора пурбор ва бо самар доштаанд.

Тараққӣ ва пешрафти Тоҷикистон, ки дар миёни кишварҳои ҳамсояи худ, улгу ва намуна мебошад, марҳуни талошҳои пайгиронаи мардумони некхоҳ ва некписанде аст, ки бо хушбахтӣ, беҳрӯзӣ ва пешрафти кишварашон, меандешанд.

Тоҷикистон на танҳо дар эҷоди сулҳ барои худ, ки ҳатто барои таъмини сулҳ дар минтақа низ дастовардҳои чашмгире доштааст. Бистари фарҳангӣ, боварҳои инсондӯстона, рафторҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, мардуми тоҷик хушунатситез ва сулҳталаб мебошад.

Шодӣ, тараб, сурур ва беҳҷат(шодмон шудан, зебоӣ), таҳаммул, тасомух ва мадоро аз фарҳанги дерпойи мардуми Тоҷикистон мебошад, ки насл андар насл, ба мерос монда, имрӯза ба унвони яке аз кишварҳое, ки сулҳи куллро ба таҷриба гирифта, шинохта мешавад.

Раҳбарии хирадмандонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон гуна, ки дар ростои таҳқиқи сулҳ ва амният барои кишвараш талоши бедареғ намуда, барои сулҳу салоҳи ҷаҳонӣ ҳам аз ҳар гуна талош дареғ наварзидааст.

Вазъияти имрӯзи кишвари Тоҷикистон, ки мардумони он дар сулҳ ва амнияту рифоҳ умр ба сар мебаранд, бароянди мудирияти солим ва кишвардории Ҷалолатмаоби муҳтарам, Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, мебошад, Президенте ки ба манофеъ, рифоҳ ва осоиши мардум ва сулҳи ҷаҳонӣ меандешад.

Зебоиҳои мунҳасир ба фарди Тоҷикистон ва амнияту рифоҳи ҳоким бар ин кишвар, сабаб шудааст, солона ҳазорҳо гардишгари хориҷӣ, ба ин кишвар бираванд ва бо дидани манзараҳои зебо, табиати гуворо, мардумони некхоҳ ва фазои сулҳомез, барои лаҳазоте осудахотир бошанд.

Гиромидошт аз идҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ дар миёни мардум аз суннатҳои нек ва арзишманде аст, ки фазои зиндагиро мусолиматомез ва зинда нигоҳ доштани фарҳанги пурбори як ҳавзаи тамаддуниро, ба тасвир мекашад.Тоҷикистон ҳамон гуна, ки зодгоҳ ва хостгоҳи Наврӯз аст, меросдор ин фарҳанги азим ҳам мебошад, ки шукӯҳи баргузории Наврӯз дар Тоҷикистон, пайвандҳои бузурги отифиро миёни ворисони аслии як ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ барқарор мекунад ва ҳамасола ҳаққи ин мероси фарҳангӣ, тавассути мардуми тоҷик ба некӣ адо мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар баргузории Наврӯз - ин фарҳанги дерпо, саромад ва пештоз аст, бо иҷрои маросими нишотовар, фараҳбахш, иҷрои консертҳо, даъвати меҳмонон, суруру шодмонӣ ва даҳҳои расму ойини дигарро, ки ҳам дарси сулҳу сафо ва самимият дорад, дар маросими Наврӯзи Тоҷикистон баргузор менамояд.

Мардуми Тоҷикистон дар канори соири хубиҳои инсоние ки доранд, мардуми меҳмоннавозанд. Ҳамасола меҳмонони зиёде ки аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, ҷиҳати сайёҳат ва ё иштирок дар рӯзҳои миллӣ ва фарҳангӣ ба ин кишвар меоянд, миннатдори бархӯрди нек ва меҳмоннавозиҳои мардуми тоҷиканд. Гардишгарони хориҷӣ ва меҳмонон зимни хушҳолӣ аз меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон, хотираҳои шириниро низ бо худ мебаранд.

Шаҳри Душанбе яке аз зеботарин шаҳрҳо дар ҳавзаи Осиёи Миёна мебошад, ки аз амнияти комил бархӯрдор буда ва дараи Варзоб, ки яке аз сарсабзтарин дараҳо дар ин шаҳр мебошад, ки бо доштани обу ҳавои гуворо таваҷҷуҳи ҳар раҳгузарро ба худ ҷалб мекунад. Ҳамин гуна Суғд аз вилоятҳои зебо ва дидании Тоҷикистон мебошад, ки бо доштани табиати зебо, фабрикаҳои бузургеро дар худ дорад ва ба ҳамин тартиб, шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, Ҳисор ва вилояти Бадахшони Тоҷикистон, аз табиати зебову гуворо бархӯрдоранд.

Дар кулл, ҷуғрофиёи Тоҷикистон бо доштани шаҳрҳои зебо, манзараҳои диданӣ, табиати гуворо, фазои самимият, амнияти комил, мардумони меҳмоннавоз ва бархӯрди самимона бо меҳмонон ва сайёҳони берунӣ, аз ҷумла аз кишварҳои камназир дар сатҳи ҷаҳон мебошад.

Афғонҳои муқими Тоҷикистон ҳамвора аз рафтори шаҳрвандони ин кишвар, изҳори хушӣ ва ризоят мекунанд, онон ба соддагӣ метавонанд, ба фаъолиятҳои бозоргонӣ, бипардозанд. Рафтору ва равияи неки шаҳрвандон, полис ва умуман мардуми Тоҷикистон, сабаб шудааст, бозаргонони афғон дар бозорҳои ин кишвар ба фаъолияти густурда даст бизананд ва ҳеч гуна ҳаросе ҳам надошта бошанд.

Сарзамини Тоҷикистон, зодгоҳи шоирон, фарҳангиён ва андешварзон будааст. Шоирони номдор ба адабиёти оламшумули тоҷикӣ - порсӣ, шукӯҳ ва ҷалоли ҷолиб зам кардаанд. Бо ин пешинаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ, Тоҷикистон аз нодир кишварҳое ҳаст, ки соҳиби як Ҳукумати нерӯманд ва қонунмадор ба раҳбарии хирадмандонаи Ҷалолатмаоби муҳтарам, Президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Қонун дар саросари ин кишвар болои мардум яксон татбиқ мешавад ва мардум дар партави қонун ва Ҳукумати посухгӯ, ба зиндагии мусолиматомези худ идома медиҳанд.

Бо он, ки аз Истиқлоли ин кишвар, 26 сол мегузарад, аммо таҳти раҳбарии волои Президенти ин мамлакат, ба қуллаҳои шомих аз тараққӣ, ва пешрафт даст ёфтааст ва барои фарди тоҷик, заминаитаълиму тарбия, кор ва иштиғол,фароҳам гардида ва мардум нисбат ба Ҳукумат, розӣ ва ба нисбат ба ояндаи худ, умедвор мебошанд.

Мардуми тоҷик ба Раиси Ҷумҳури ин кишвар, ба унвони Пешвои Миллат, нигоҳ мекунанд. Пешвое, ки зиндагии мардуми тоҷикро сару сомон бахшида ва аз бебанду борӣ, хушунат ва фақру бекорӣ, ҷилавгирӣ кардааст.

Бароямон ҳувайдо гашт, ки Пешвои Миллати тоҷикон, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, умри азизи хешро дар рози хидмати содиқона ва пешрафт,тараққӣ, сулҳ, субот, сарф карда ва тӯли умри гиромиашонро, аз Худованди манон, таманно медорем.

Ва дар охир, мақолаи хешро бо як шеър аз шоири номдори шимоли Афғонистон, Муҳаммадшарифи Искандарӣ, ба поён мебарам:

Тоҷикистони азиз, ҳар кӯҳсорат, дилфиреб,

Рост гӯям, гулшану боғу баҳорат, дилфиреб.

Раҳмати Ҳақ бодо ба ҳамчу ту, ки тухме бикишт,

Зодони шахси ғаюру бовиқорат, дилфиреб.

Аз Душанбе то Хуҷанд аст, водии зебои ту,

Қиссаҳои нағзу ширин аз диёрат, дилфиреб.

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top