Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Баромади Раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло дар вохӯрӣ бо занону модарони ноҳияи Вахш

Модарони меҳрубон!

Бонувони муҳтарам!

Хоҳарони азиз!

Бо шукргузорӣ аз тинҷию оромӣ, сулҳу суботи кишвар мо мардум ва миллати сарбаланд, алалхусус занону модарони тоҷик бо ташаббус, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати сулҳпарварона, созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Истиқлолияти давлатӣ шарафманд гардидаем.

Бояд қайд кард, ки нақши модарону занон дар пойдорӣ, густариши тинҷию оромӣ ва сулҳу суботи комили мамлакат, инчунин дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд аст.

Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон буда, онҳо дар ҳифзу нигоҳдошти расму ойинҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгон нақши муҳим доранд.

Ҳукумати мамлакат, алалхусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, зимни яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро «Нигини пурҷилои тоҷи миллат» номидаанд.

Дар ин замина, Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани вазъи занон, ҳифзи ҳуқуқии оила ва модару кӯдак, ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди оила ва сиёсати демографӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣбарои занону духтарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо, яъне баланд бардоштани нақши иҷтимоии бонувону духтарон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

 

Модарону хоҳарони азиз!

 

Новобаста аз дастгирии давлату ҳукумат, алалхусус ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон, мутаассифона занону модарони тоҷик имрӯз фазилати худро баҳри таълиму тарбияи фарзанд, нигоҳдорию пойдорӣ ва солимии оила, пешгирӣ ва мубориза бар зидди амалҳои номатлуб худкушию худсӯзӣ миёни бонувон, ҷинояткорӣ байни занону духтарон, ҷалби хонандагон, аз ҷумла духтарон ба таҳсил, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, террористию экстремистӣ ба пуррагӣ истифода набурда истодаанд.

Бояд занону бонувони мо ба қадри суханони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бонувони тоҷикро чи тавре, ки дар боло қайд кардам «Нигини пурҷилои тоҷи миллат» номидаанд, ба пуррагӣ, бо тамоми ҳастӣ ва бо маънои томаш эҳсос ва дарк намоянд.

Албатта, зарурати баргузории мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо, маҳз ба масъалаи бори дигар ҳушдор сохтани бонувон ва модарону хоҳарон ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ашки ғаму андӯҳе, ки модари тоҷик солҳои 90-уми асри гузашта дар бари рухсори худ эҳсос карда буд, таълиму тарбияи фарзанд, нигоҳдорию пойдорӣ ва солимии оила, пешгирӣ ва мубориза бар зидди амалҳои номатлуб худкушию худсӯзӣ миёни бонувон, ҷинояткорӣ байни занону духтарон, ҷалби хонандагон, аз ҷумла духтарон ба таҳсил, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, террористию экстремистӣ бахшида мешавад.

 

Модарон ва хоҳарони меҳрубон!

 

Қайд кардан ҷоиз аст, ки ба хотири таъмин, пойдории сулҳу субот, тинҷию оромӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати саросарӣ ва якпорчагии давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як баромад, суханронӣ ва Паёмҳои ҳамасолаи худ оид ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ, оид ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ, маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, пойдории оила, тарбияи ҷавонон, бекоршавии ақди никоҳ, ҳолати никоҳи хешовандони наздик, кӯдакони маъюби модарзод аз ҳисоби никоҳи хешовандӣ, бемории масъунияти норасоии бадан, муоинаи пешакии тиббии навхонадорон, солимгардонии оила, исрофкорӣ зимни барпо намудани маъракаҳо ва таҳдиди амалҳои номатлуб, аз ҷумла терроризм ва экстремизм бо маром таъкид ба амал оварда, аз ҳар шахси солимақл иҷрои онҳоро талаб менамоянд.

Пас чаро модарон, хоҳарон ва бонувони тоҷик ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нодида гирифта, рисолати азалии худро дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт ба таври бояду шояд анҷом надода истодаанд.

Худ қазоват намоед, бинобар сабаби ба таври зарурӣ ба роҳ намондани корҳои фаҳмонидадиҳӣ, эҳсос нагардидани ҳамкорӣ бо оилаҳои рӯзгордида ва намунавӣ, фаъолияти сусти занону бонувон танҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ 27 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ зиёд мебошад.

Дар самти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми барпо намудани тӯи домодию арӯсӣ, ҳамзамон бар хилофи талаботҳои қонуни мазкур арӯсбинон, домодталбон, қудоталбон, гаҳворабандон ва амсоли инҳо алалхусус аз ҷониби аксарияти занону бонувон ба зиёдаравӣ, исрофкорӣ, хароҷоти беҳудаю бемаънӣ ба назар мерасад. Дар ҳоле, ки аслан занону бонувон бояд танзимгари иқтисодиёти оила ва ҷонибдори чунин иқдом бошанд.

Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд.

Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест.

Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд.

Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд.

Магар ин аст, рисолати зан- модари тоҷик?

 

Бонувон ва хоҳарони азиз!

 

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, бонувон ва хоҳарони мо ба ҷои сайқал додани дониш, маҳорат, малака ва ҳунари худ дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат, роҳи муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр кардаанд, ки мутаасифона ин амали онҳо ба пайдоиши бемориҳои сироятӣ ва шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ мегардад. Айни замон, дар ноҳия 720 нафар занону бонувони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Омили дигаре, ки обу рӯ, шаъну шараф ва мартабаи зан-модарро дар ҷомеа коста мегардонад, ин албатта ба ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ даст доштани баъзе аз занону модарон мебошад.

Гарчанде, сатҳи ҷинояткорӣ миёни занону бонувон дар соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат кам ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, ин албатта ғайриқаноатбахш мебошад.

 

Модарони меҳрубон!

Бонувони муҳтарам!

Хоҳарони азиз!

 

Бо вуҷуди таҳлилҳои вазъи воқеӣ оид ба камбудию норасогиҳои ҷойдошта, имрӯзҳо бонувони ноҳияамон баробари мардон номуси  ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ як гӯшаи Тоҷикистони азиз - ноҳияи Вахшро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар зиёда аз 658 нафар ҷавондухтарони ноҳия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин ҳамасола тариқи квотаи президентӣ аз ноҳия 14 нафар ҷавондухтарон соҳиби номи пурифтихори донишҷӯ мегарданд.

Бо назардошти он, ки ҳамасола муассисаҳои таълимии ноҳияро шумораи зиёди  ҷавонон хатм менамоянд, ин рақам ба талаботи имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ набуда, аз ҳар яки шумо модарони азиз хоҳиш карда мешавад, ки дар масъалаи дохил шудани фарзандон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар масъулияти бештареро ба ҷо оварда, барои соҳибкасб шуданашон мусоидат намоед.

Имрӯз 80 нафар занону ҷавондухтарони ноҳия ҳамчун роҳбар дар ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот фаъолият бурда, 171 нафари дигар ба соҳибкорӣ машғул мебошанд.

Барои рушди соҳибкории хурду миёна  соли 2017 ба 4 нафар  соҳибкорзанони ноҳия ба маблағи умумии 90 ҳазор сомонӣ Гранти Президентӣ ва Гранти раиси вилояти Хатлон ҷудо карда шудааст.

455 нафар занони ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардида, 295  нафар занони дигар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд, ки ин рақам ру ба афзоиш ниҳодааст.

Аз шумораи умумии 6 ҳазору 34 адад хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар ноҳия мавҷуд мебошад, 1830 адади онро занон роҳбарӣ намуда, дар баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолшуда саҳми беандоза мегузоранд.

Дар ноҳия айни ҳол 14 адад коргоҳҳои хурд таъсис дода шуда, дар самтҳои гуногун фаъолият мебаранд, ки дар онҳо 127 нафар занону ҷавондухтарон ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар аксари ин коргоҳҳо занону  бонувони  ноҳия ба эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон аз қабили қолинбофӣ, зардӯзӣ, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, бандбофӣ, муҳрабофӣ ва қуроқдӯзӣ машғул буда, ҳамзамон нозукиҳои ин ҳунарҳои аҷдодиро ба наслҳои ҷавони имрӯза меомӯзонанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозии хар яки мову шумо аст,  ки  рӯзи 16 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,   Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳияи Вахш дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти Маркази таълимии атласу адрасбофии ноҳия расман оғоз бахшиданд.

То ин дам ин маркази таълимиро 50 нафар занони хонаниши ноҳия хатм намуда, 20 нафар ҷавондухтарону бонуфони дигар айни ҳол аз пай омӯзиши нозукиҳои ин ҳунари мардумӣ мебошанд.

Чи тавре, ки дар боло қайд намудам, яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор рафта, дар ин амри хайр нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад.

Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад.

Бузургони гузаштаи мо, ба мисли устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Имоми Аъзам, Унсуралмаолии Кайковус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон оид ба тарбияи фарзанд ва нақши оила рисолаву осори зиёде таълиф намудаанд, ки дар онҳо доир ба мақоми падару модар, интихоби ҳамсар, одобу маърифати зан ва монанди инҳо дастуру насиҳатҳои бисёр арзишманд мавҷуданд.

Аз қадим тарбияи фарзанди солим, некиродаву солеҳ ва ватандӯст дар таърихи халқи тоҷик яке аз вазифаҳои муқаддаси оила ва ҷамъият ба шумор мерафтааст.

Бо ин масъала ҳам дар тамаддуни ориёӣ, ҳам дар фарҳанги исломӣ ва ҳам дар адабиёти оламшумули мо таваҷҷуҳи бисёр ҷиддӣ зоҳир шудааст.

Замоне, ки мардумони ориёӣ бузургтарин давлатдориҳои дунёи қадимро асос гузошта буданд, усулҳои тарбияи маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд дар онҳо ба ҳукми одат табдил ёфта буд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки масъалаи никоҳи байни хешу таборони наздик аз ҷониби намояндагони мазҳаб, олимон ва донишмандони гузаштаву  ҳозира ривоятҳо ва таъкидҳои зиёде мавҷуданд, ки дар онҳо никоҳи хешутабории наздик маҳкум карда мешавад.

Боиси таасуф аст, ки дар натиҷаи барпо намудани оила аз ҳисоби хешовандони наздик аз давраи соли 1997 то ин ҷониб дар ноҳия 35 нафар кӯдакон бо нуқсонҳои модарзодӣ, маъюбу маслуқ таваллуд шудаанд.

Масалан, яке аз саҳобагони пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад ривоят овардааст, ки “ба хешу ақрабои худ издивоҷ накунед, вагарна фарзандони шумо лоғар ба дунё меоянд”.

Унсурмаолии Кайковус менависад, ки “зан аз қабилаи дигар интихоб намо, то бегонагонро хеш карда бошӣ, ки ақрабои ту аҳли ту бошанд”.

Ё худ дар изҳороти уламои Донишгоҳи ал-Азҳар омадааст: “Ба шарике издивоҷ кунед, ки дорои бемориҳои меросӣ набошад ва аз издивоҷ бо хешу ақрабои худ худдорӣ намоед”.

Мо бояд аз ин ишораву фармудаҳо хулоса бароварда, эҳтиёткор бошем, таъкидҳо ва гуфтаҳои гузаштагонро фаромӯш накунем, аз илми муосири тиб ва дастовардҳои он огоҳона истифода намоем ва якҷоя пеши ин хатарро гирем, то ки генофонди миллати азизамон ҳифз гардад ва наслҳои солим оилаҳои моро боз ҳам хушбахттар намоянд.

Аз ин рӯ пеш аз он, ки падару модарони азиз барои бунёди оилаи фарзандони худ мақсад мегузоред, қаблан барои соҳибмаълумот ва дорои касбу ҳунарҳои гуногун гардонидани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешед, то ин, ки дар ҳаёти минбаъда ба мушкилиҳои зиёд дучор нагарданд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки рафъи мушкилиҳои ҷойдошта вобаста ба масъалаи таҳкиму пойдории оила, тарбияи ҷавонон, бекоршавии ақди никоҳ, ҳолати никоҳи хешовандони наздик, кӯдакони маъюби модарзод аз ҳисоби никоҳи хешовандӣ, бемории масунияти норасоии бадан, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби худкӯшӣ ва худсӯзӣ миёни занон, муоинаи пешакии тиббии навхонадорон ва солимгардонии оила дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 ҷилавгирӣ карда шуд. 

Ҳамаи ин бори дигар моро водор месозад, ки аз пештара дида ба масъалаи мазкур зиёдтар мароқ зоҳир намуда, ҷиҳати солимии ҷомеа ва амалӣ гардидани  дастуру супоришҳои Роҳбари давлатамон тадбирҳои судманд ва саривақтиро андешем.

Зан - модар посдори забони миллӣ низ мебошад. Беҳуда халқ забони давлатиро забони модарӣ намегӯяд. Ин ҳақиқатест, ки кӯдакон онро аз синни хурдӣ шунида, бо ҳамин забон фозилу донишманд ва сухангӯву машҳур мегарданд.

Аз ин рӯ, модарони азиз ва хоҳарони меҳрубон, ҳар яки шумо бояд ба фасоҳати забонамон диққати махсус диҳед, ба фарзандон дар баробари одоб ёд додан тарзи сухан гуфтан, тарзи муомила намуданро омӯзонед ва дар қалби онҳо меҳру муҳаббатро ба забони модарӣ афзун намуда, забонро поку беолоиш ва софу бегазанд нигоҳдорӣ кунед.

Дар баробари ин завқи фарзандонро ба азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ бедор карда, барои онҳо шароит муҳайё созед, то фарзандони шумо забондону соҳибихтисос ва шоистаи даврон гарданд.

 

Модарон ва хоҳарони меҳрубон!

 

Чи тавре, ки қайд намудам, бо ташаббус ва ибтикори  Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ифтихор аз ватану ватандорӣ  соли 2018 - Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон гардид.

Умедворам, ки ҳар яки шумо бо ифтихори баланди ватандорӣ тамоми нерӯ ва заковати хешро барои пуштибонӣ намудан аз ҳадафҳои ин соли таърихӣ сафарбар мекунед ва бо ин васила дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таълиму тарбияи насли ҷавону ояндасоз, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои ҷавон саҳми арзанда мегузоред.

Дар ин роҳи ниҳоят пурифтихор ба ҳар кадоми шумо барори кор орзу менамоям.

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top