Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Баромади раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло дар мулоқот бо ҷавонони ноҳия

Ҷавонони арҷманд!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯзҳо ҷаҳони муосир дар марҳилае қарор дорад, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, як қатор давлатҳои мутаррақӣ зери таҳдиду хатарҳои глобалӣ қарор доранд.

Дар марҳалаи кунунӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва сиёсати сулҳҷӯёна, ваҳдатофар, бунёдкоронаю созандаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир андешида, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.

Бояд қайд кард, ки сабаби асосии ба гирдбоди нооромиву низоъҳо гирифтор гардидани давлатҳои ҷангдида пеш аз ҳама дар он аст, ки ашхоси алоҳида аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таърих ва фарҳанг огоҳӣ надошта, шуур ва мафкураи ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ дар онҳо коҳиш ёфта, бозичаи дасти дасисабозони «Хоҷагони хориҷӣ» гардидаанд.

Ҷавонони арҷманд!

Ҳадафи мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо, маҳз ба масъалаи бори дигар ҳушдор сохтани ҷавонон ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳақиқати талху нангине, ки бар асари гумроҳӣ ва фирефтаи дасисаҳои хоҷагони хориҷӣ гардидан ба сари миллати тоҷик солҳои 90-уми асри гузашта омада буд, инчунин ҳодисаи нангини барои мо миллати ваҳдатофар, ки санаи 29-уми июли соли ҷорӣ аз тарафи се нафар мутаасифона ҷавонони тоҷик ҷинояти ваҳшиёна, хиёнат ба Ватан дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе садама ва ҳамла ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ рух дод, ки дар натиҷа 2 нафар шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, 1 нафар шаҳрванди Нидерландия ва 1 нафар шаҳрванди Швейтсария ба ҳалокат расонида шуда, 3 нафар шаҳрвандони хориҷии дигар ҷароҳат бардоштаанд, бахшида мешавад.

Ин ҷиноят ва куштор аз ҷониби 3 нафар ҷавонони тоҷик дар ҳоле содир карда шуд, ки бо мақсади муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон дар мамлакат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, ин амали ноҷавонмардона ва хиёнаткоронаи онҳоро, ки маҳз ба хотири халалдор сохтани суботи ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ бо дастур ва супориши ҳизби мамнӯъ ва эктремистию террористӣ дар Тоҷикистон ҳизби наҳзати Ислом, инчунин саркардагони давлати ДИИШ ба амал оварда шуд, албатта хиёнат ба Ватан номидан ҷоиз аст.

Вобаста ба амали хиёнаткоронаи ҷавонони тоҷик субҳи рӯзи 30-юми июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп, ба Подшоҳи Шоҳигарии Нидерландия Виллем Александр ва ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ален Берсе барқияи тассалият ирсол намуда, фоҷеаи ба ҳалокат расонидани сайёҳонро амали золимона номида, ба ин васила бори дигар мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам дар самти сиёсати хориҷии худ арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки гунаҳкорони ин амали золимона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида хоҳанд шуд.

Албатта, душманон ва хоинони Ватани биҳиштосои мо, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар чунин шароити кунунӣ бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръати кайҳонӣ роҳи ободонию созандагӣ ва мустаҳкам намудани муносибатҳои байналмилалиро тай намуда истодааст, намехоҳанд, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот, тинҷию оромӣ ва амнияти ҷомеа таъмин гардида, ба ҳар роҳу восита, яъне ба роҳ мондани амалҳои террористию экстремистӣ ба сохти давлатдории мо халал ворид сохта истодаанд.

Ҷавонони арҷманд!

Ҳозирини гиромӣ!

Бо назардошти заҳмату машаққатҳои шабонарӯзии мардуму миллати сарбаланди тоҷик ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри неъмати бебаҳои Худодод тинҷию оромии саросарии кишвар бирасем ва барои боз ҳам муваффақ гардидан дар пешрафт ва рушди тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ҷидду ҷаҳд намоем. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.  

Воқеан, имрӯз ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардааст.                             

Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки ҳамаҷонибаи ҷавонони кишварро дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Тавре ки огоҳ ҳастед, Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус дар марҳалаи гузариш аз як низоми сиёсиву иҷтимоӣ ба низоми сифатан нави идоракунӣ ба бисёр мушкилиҳои сахту сангин рӯ ба рӯ гардид. 

Зеро ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, яъне замоне, ки аксари шумо ҳанӯз хурдсол будед, ҷомеаи моро ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдан буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, дар баробари талафоти гарони ҷонӣ, ки мутаассифона, қисми зиёдтарини онҳо ҷавонон буданд, иқтисоди кишварамон ба хисороти вазнини моддӣ дучор омад.

Бо вуҷуди ин, аз ҳамон марҳалаҳои душвори таърихӣ сар карда, то ба ҳол давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва  ҷойи кор гардидани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. 

Бояд қайд кард, ки дар самти дастгирии ҷавонон ҳамагӣ баъд аз шаш моҳи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ парламенти кишвар Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”-ро ба тасвиб расонид, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд.

Баъди мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони мамлакат аз 23 майи соли 1997 худи ҳамон сол мақоми ваколатдори соҳа - Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи ноябри соли 2006 дар заминаи ин мақоми давлатӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар марҳалаҳои минбаъдаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳа як силсила ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд.

Ба хотири гиромидошти нуфузи ҷавонон дар мамлакат соли 2017 «Соли ҷавонони Тоҷикистон» эълон гардид.

Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 22 декабри соли 2017 таъкид карданд, ки иқдоми пешанамуда, яъне эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон дар мамлакат дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид.

Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Таъкид карда шуд, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.

Танҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз соли 2011 то 2016-ум беш аз 1400 иншооти варзишии нав бунёд гардида, қариб 1100 иншоот таъмиру таҷдид карда шуд.

Имсол танҳо дар шаҳри Душанбе 75 майдону марказҳои хурду бузурги варзишӣ бунёд гардида, дар аксари гулгаштҳо ва боғҳои фароғату истироҳат ҷойҳои алоҳидаи машқу тамрин сохта шуданд, ки ин ҳама ба оммавигардонии варзиш ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон мусоидат менамояд.

Роҳбарияти шаҳри Душанбе, иловатан, тасмим гирифтааст, ки соли 2018 дар пойтахти мамлакат барои наврасону ҷавонон боз 90 майдонҳои варзишӣ ва гулгаштҳои нав сохта, то ҷашни истиқлолият ба истифода супорад.

Дар доираи ин ташаббус ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, то ҷашни 30 - солагии истиқлолият ҳамаи имкониятҳоро ба оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш сафарбар сохта, дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, маҳалҳои аҳолинишину деҳаҳо якҷо бо соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша бунёди боғу гулгаштҳо, марказҳои истироҳату фароғат, майдону толорҳои варзишӣ ва дигар корҳои ободониро дастҷамъона идома диҳем.

Тибқи суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ «Нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ аз се самти асосӣ - дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд».

Соли 2017 дар мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. Соли 2018 ин раванд идома ёфта, маблағҳои буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ин самт равона карда мешаванд.

Тибқи назарсанҷии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст.

Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд.

Магар ин нест, таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ нисбати зиндагии созандаву шоистаи ҷавонон, пас чаро мо ҷавонон ин ҳама ғамхориҳои давлату ҳукуматро, ки баҳри мо ҷавонон пешниҳод гардидааст, нодида гирифта, аз нооромиву низоъҳои давлатҳои ҷангзада ва ҳаёти талху тори террористон ва экстремистон хулосаҳои зарурӣ набароварда, ақли солими худро ба кор надароварда, хиёнатро ба халқу миллат раво мебахшем.

Ҷавонони гиромӣ!

Дар ноҳия низ пайваста ҷиҳати татбиқи босамари барномаҳои қабулгардидаи самти ҷавонон ва варзиш диққати аввалиндараҷа зоҳир гардида истодааст.

Айни замон бо қарори раиси ноҳияи Вахш «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои  2016-2018», аз 7 феврали соли 2013, №56, «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва вазиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» аз 30 октябри соли 2017, №784 ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» аз 30 октябри соли 2017, №785 бо самар татбиқ гардида  истодаанд.

Дар ин давра, барои татбиқи  сиёсати давлатии ҷавонон Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия фаъолияташро ба баргузории чорабиниҳои  сиёсию оммавӣ, иҷтимоӣ ва солимгардонӣ равона намуд. Дар ин замина, нақшаҳои корӣ ва барномаҳои мақсаднок бобати дастгирии иҷтимоии ҷавонон, дастгирии истеъдодҳои ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба илмомӯзиву донишандӯзӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву  ватанпарастии ҷавонон ва Барномаҳои мақсаднок бобати пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, таҳия ва амалӣ гаштаанд.

Дар асоси нақшаҳои  муштарак бо сохторҳои  дахлдор, аз ҷумла бо шуъбаи  маориф, корҳои  дохила, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ,  меҳнат ва шуғли  аҳолӣ, кор бо занон ва оила, комисариати  ҳарбӣ, воситаҳои  ахбори умум тадбирҳои  зарурӣ андешида шудаанд.

                Кормандони Бахши кор бо ҷавонон ва  варзиши ноҳия дар давоми  6-моҳи соли 2018, зиёда аз 45  чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва 35 чорабиниҳои варзишӣ  ва 35  мулоқоту вохӯриҳо барои тарғибу ташвиқи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  гузаронида аст.

Мутассифона, ҳолати содир намудани ҷиноят ҳоло ҳам аз тарафи ҷавонон ба қайд гирифта, дар давоми 6 моҳи соли 2018 аз тарафи ҷавонон 21 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9 ҳолат кам мебошад.

Дар давоми 6-моҳи соли 2018, 123  нафар ҷавонони бекор ба қайд гирифта шудаанд. аз  шумораи  ҷавонони дар қайди шуғли аҳоли буда.

Бо мақсади касбомӯзӣ ва аз худ намудани технологияи нави муосир,  курсҳои   кӯтоҳмудати  компютерӣ, дузандагӣ, ошпаз, ҷалб карда шуданд, ки аз ин шумора 22  нафарашонро занону духтарон  ташкил медиҳад.

Дар самти  рушди саломатии ҷавонон аз ҷониби бахш  тадбирҳои заруриро  роҳандозӣ шуда,  чорабиниҳои  гуногуни таблиғотию  омӯзишӣ мунтазам баргузор гардидааст.  Оид ба  пешгирии бемориҳои  сироятӣ ҷинсӣ ва ВНМО/БПНМ миёни ҷавонони деҳот тибқи  нақшаи чорабиниҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия семинарҳои омӯзишӣ, вохӯриҳои  тарғиботию ташвиқотӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ, бемориҳои сироятии ҷинсӣ ва дигар омилҳои номатлуб бо иштироки  васеи ҷавонон доир гардида, дар давраи  ҳисоботи 45 мулоқоту вохуриҳо, 75  мулоқотҳои фарди  гузаронида шуд.

Рушду нумуъи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баҳри  тарбияи насли солими ҷомеа аҳамияти  аввалиндараҷа дорад. Солҳои охир маҳз бо маблағгузории соҳа аз ҷониби мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ дар  ноҳия соҳаи мазкур ба андозаи  чашмрас рушду инкишоф ёфта варзишгарони ноҳия дар мусобиқоти  гуногун, шарафи варзишӣ ноҳияро баланд бардоштанд.

Тавре маълум аст, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи  20 декабри соли 2010, заминаи  мусоидеро  барои  рушди ин соҳаи муҳим гузоштааст. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба таҳияи Барномаи давлатии варзиш асос гузошт, ки дар ин замина тадбирҳои  муҳим барои рушди варзиш дар саросарӣ ҷумҳурӣ, бахусус ноҳияи Вахш ба нақша  гирифта шудааст. Дар ин замина, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимият давлати ноҳияи Вахш оид ба иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки зимни мулоқоташон бо варзишгарони кишвар 20 декабри соли 2010  баён гардидаанд, ки  барои рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ, ташаккули шахсияти солим, ҳифзи беҳдошти  саломатӣ, оммавӣ гардонидани соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, муҳайё намудани имкониятҳои варзишӣ ва солимгардони дар ноҳия заминаи  мусоидро  фароҳам оварданд.

Дар ноҳия то имрӯз  13 майдончаи  варзишӣ, 5 толори варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварии болопӯшида, 1 маҷмааи варзишӣ, 1 шаҳрчаи  гимнастикӣ, 1 майдони теннис фаъолият  мекунад.

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз тарафи соҳибкорон ва роҳбарони  хоҷагиҳои деҳқонӣ барои сохтмони толорҳои  варзишӣ ва  майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, майдончаи варзишӣ дар ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва дар ҷамоати деҳоти Тоҷикобод маҷмааи иншоотҳои варзишӣ аз қабили 2 майдончаи  футболи хурд, 1 майдони волейболу баскетбол ва 1 майдони  теннис пурра ба  тамоми  шароитҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Дар ноҳия 1 муассисаи мактаби варзишӣ, 2 толори гуштингирӣ, 1 майдони футбол, 1 майдончаи  волейбол, 1 майдончаи баскетбол, 1 майдончаи  тӯби  дастӣ, 1 базаи тир, 1 ҳавзаи  шиноварӣ ва 1 базаи қаиқронӣ баҳри рушди варзиш фаъолият мекунад. 

Дар назди муассисаи мактаби варзиши кӯдакону наврасонӣ назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия айни замон 10 маҳфили варзишӣ амал мекунад, ки  дар ин маҳфилҳо 351 нафар кӯдакону наврасони ноҳия машқҳои  гуногунӣ варзишӣ меомӯзанд.

Ин маҳфилҳо аз қабили варзиши сабук ТАЕКВАНДО-ВТФ, волейбол, футбол, қаиқронӣ, гуштини тарзи озод, гуштини тарзи самбо,  гуштинӣ тарзи дз-юдо, гуштини миллӣ, теннисӣ рӯи миз, шашка, шоҳмот мебошанд. Дар маҳфилҳо 13 мураббӣ ба кӯдакону наврасон дарсҳои варзишӣ меомӯзанд. Аз шумораи 13 нафар мураббӣ 11 нафарашон дорои маълумоти олӣ ва 2 нафарашон  дорои маълумоти  миёнаи махсус, 2 нафарашон дорои унвони «Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1 нафарашон дорои унвони «Мураббии шоистаи  варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Дастпарварони  муассисаи мактаби варзиши кӯдакону наврасони ноҳия дар давоми 6-моҳи  соли 2018 дар мусобиқаҳои  вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 14 медал: 3 медали тилло, 5 нуқра, 5 биринҷӣ ва 1 медали нуқра аз мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди қаиқронӣ сазовор гардидаанд.

Бояд қайд кард, ки дар доираи нақша чорабиниҳо ва эълон гардонидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мусобиқаи варзишии минтақавӣ Ҷомӣ раиси ноҳияи Вахш аз намуди футбол байни ҷавонони 18 сола боло ташкил карда гузаронида шуд, ки дар онҳо 72 даста 16 нафарӣ, ҷамъ 1152 варзишгар иштирок намуда, зиёда аз 17 500 ҷавон ба тамошо ҷалб карда шудаанд.

Бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» рӯзи 21 марти соли 2018 дар варзишгоҳи марказии ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз намуди гуштини Миллӣ бо иштироки варзишгарони шинохтаи ҷумҳурӣ гузаронида шуда, ғолибони ин чорабинӣ бо туҳфаҳои молию пулӣ аз тарафи раиси ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ қадрдонӣ карда шудаанд.

Дар баробари дастгирии сиёсати ҷавонон дар ноҳия, фаъолияти Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия ҷиҳати баргузории чорабиниҳои ҷавонӣ ва варзишӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, аммо иштирок ва шавқу рағбати  баъзе ҷавонон дар чунин чорабиниҳо, корҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангию сиёсӣ кам ба назар расида, худро дар канор мегиранд.  

Яке аз чунин чорабиниҳои муташаккилона, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба шумор меравад, ки хизмат ба Ватан қарзи имонию виҷдонии ҳар як ҷавонмард ҳисобида мешавад. Мутассифона, тайи 2 соли охир ноҳия ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонони ватандӯст ва хештаншинос ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардида, нақшаҳои даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ бо монеаҳои зиёд гардид.

Боиси нигаронист, ки ҷавонони мо ба ҷои он ки аз чунин шароиту имкониятҳои таъминнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил ва хизмат ба Ватан-модар истифода намоянд, роҳи фирор аз хизмат ба Ватан-модарро пеша намуда, ба Федератсияи Россия ва берун аз марзи ҷумҳурӣ роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеша намуда, аз нодонӣ, сатҳи пасти донишу ҷаҳонбинӣ ба доми гурӯҳҳои ифротгароӣ, террористию экстремистӣ афтида, бо ин амали хеш теша ба решаи миллат зада номи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ доғдор месозанд.

Мутассифона, дар амалиётҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар аз 63 нафар шаҳрвандони ноҳия 20 нафари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки то ба ҳол 3 нафари онҳо кушта ва 5 нафари дигар беному нишон гаштаанд.

Ҷавонони арҷманд!

Ҳозирини гиромӣ!

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи  муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. 

Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. 

Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. 

Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратгор ва гуруҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.    

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ бошад: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда,  зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш  гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон  яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Вобаста, ба масъалаи терроризм ва экстремизм Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».

Мардуми тоҷик мардуми мусалмон ба шумор рафта, дини мубини Ислом мардумозорӣ ва сӯиқасд ба ҷони худро бо тамом маҳкум месозад: «Ватан ва ватандорӣ аз гӯшаи имон аст». Кӯшиш намуданамон лозим аст, ки баҳри созандагию ободии Ватани азизамон - Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд намуда, ҷавононро ба омӯхтани илму технологияи муосир ва баланд бардоштани савияи донишу малакаи сиёсӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ намуда, фирефтаи дасиса ва найрангҳои душманони миллати тоҷик нагардида, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.    

Имрӯз бисёре аз фарзандони мо, алалхусус ҷавонон барои дарёфт намудани ризқу рӯзӣ ба Федератсияи Россия азми сафар доранд, ё ин ки  дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, мо вазифадор ҳастем, ки пайваста аз ҳолу аҳволи фарзандони худ хабардор буда, дар дили фарзандон меҳру муҳаббати Ватан, модар, худшиносию худогоҳии миллиро ҷой диҳем. Нагузорем, ки фарзандони мо бо рафтору кирдори ношоистаи  худ ба оила, падару модар, хешу ақрабо ва ба Ватану миллат доғ биёранд. Чунки дар урфият гуфтаанд: «Фарзанди нағз - боғи падар, фарзанди бад - доғи падар».

Ҷавонони арҷманд!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар фарҷоми суханронӣ бори дигар Шумо ҷавонони саодатманди ноҳияро ба дӯст доштани Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони азиз, эҳтиром гузоштан ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, пос ва гиромӣ доштани Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, арҷ гузоштан ба Муқддасоти миллӣ (нишон, парчам ва суруди миллӣ), шукргузорӣ аз сулҳу субот, тинҷию оромӣ ва дасггирию ҷонибдории сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар, созандагию бунёдкорӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоид ҷиҳати зиндагии шоистаи ҷавонон даъват ва ҳидоят намуда, боварӣ дорам, ки ҷавонони ноҳия бо дарки масъулияти баланди худшиносию худогоҳӣ ва иродаи матин барои вусъат наёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани маҳбубамон бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ  ва ҳам маънавӣ мубориза бурда, ба ин васила саҳми муносибу созгори худро дар гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз мегузоранд.

Дар ин ҷода ба ҳамаи Шумо барору комёбӣ хоҳонам.  

 

 

 

 

 

 

                                                                  

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top