Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ШУКРИ СУЛҲУ ШУКРИ ВАҲДАТ МЕКУНЕМ

Тоҷикистон ватани азизу маҳбуби мост. Ватанро дӯст доштан ва барои муқаддасоти он арҷгузори кардан вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Чуноне, ки Расули Акрам (с) фармудаанд:

«Ҳуббул ватан минал имони», яъне ватандорӣ аз гӯшаи имондорист. Барои ҳар қавму миллат Худованди мутаол аз байни он қавм шахси баруманд ва бофарҳанг аз он миллат баргузида мешавад.

Шукронаи онро мекунем, ки имрӯз Яздони пок давлати тинҷу осоиштаро бо шарофати шахсияти бузург чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароямон насиб гардонидааст. Парвардигори азимулшаън дар Қуръон Карим сураи Иброҳим ояти 7-ум мефармояд: «Лаин шакартум лаазиданакум ва лоин кафартум ина ъазоба лашадид», яъне ҳар оина бандагони Худо шукргузор бошанд, Худованди бузург неъматашро доимӣ ва мустаҳкам мегардонанд. Ва агар ношукрӣ кунанд, бандагонро дар азоби шадид (сахт) гирифтор мекунад.

Аммо имрӯз баъзе гурӯҳҳое пайдо шудааст бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва косалесонаш дар хориҷи кишвар гирдиҳамоӣ ташкил намуда, нисбати давлати мо суханҳои дурӯғ мегӯянд, ки табъи касро хира месозанд.

Мо-мусалмонҳо имрӯз шукргузор аз он ҳастем, ки озодона дар фазои тинҷу ором кору фаъолият ва ибодати Худои ягонаро ба анҷом мерасонем. Хусусан намоз, рӯза, адои намоз ва ҳаҷро ба ҷой меорем.

Вале имрӯз баъзе гурӯҳҳои алоҳидаи ғаразнок мехоҳанд, ки ба воситаи дини мубини ислом ғаразҳои нопоки худро амалӣ намоянд. Хусусан таъсири амалҳои нопоки худро дар зеҳни ҷавонон ҷой намоянд.

Бинобар ин вазифаи муқаддаси ҳар як шахси солимфикр ва оқил дар он аст, ки бар зидди ҳама гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва номатлуб мубориза барем.

Аз бесаводию гумроҳии ҷавонон истифода бурда, онҳоро ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ шомил месозанд. Ширинии умри ҷавононро барбод медиҳанд ва доғе мемонанд дар қалбҳои пайвандони хеш.

Аз ин рӯ, мо-аҳли ҷамоатчигӣ, ходимони дин, аҳли зиё, омӯзгорон, ҷомеа, волидайн бояд худро бар канор нагирифта, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, то дар таълиму тарбияи ҷавонон саҳми арзандаи хешро гузошта, аз  ободии диёрамон бошем. Ба қавли мақоли халқӣ: «ҳеҷ душман дӯст намешавад, ҳеҷ шикамба гӯшт».

Бинобар ин мо-тоҷиконро бояд шукронаи ин ватани тинҷу осоишта, дар атрофии Пешвои миллат сарҷамъ шавем. Нагузорем, ки душманони миллати тоҷик ба сӯйи меҳанамон бо чашми бад бингаранд. Кӯр бодо чашме, бо тамасхур ба сӯи Ватан менигард. 

Чуноне, ки Саъдии бузургвор гуфтааст:

 

Ҳар ки надонад сипоси неъмати имрӯз,

Ҳайф хӯрад бар насиби раҳмати фардо.

 

Раҷабалӣ Фаттоев,

имомхатиби масчиди ҷомеаи

ба номи «Мирзо Ҷамбил»-и

Ҷамоати деҳоти Машъал

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top