Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Семинари омӯзишии кишоварзон

Тибқи нақша-чорабинии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш семинари омӯзишии кишоварзон баргузор гардид.

Дар ин семинар Т. Аҳмадов, сарходими илми Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, М. Тошпулотов, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Ш. Пулотов, мудири кафедраи «мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Т. Нарзуллоев, номзади илмҳои кишоварзӣ, ходими калони Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва муовини раиси ноҳия оид ба кишоварзӣ, роҳбарону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои дехқонӣ иштирок доштанд.

Ҳадаф аз баргузори семинар дар он аст, ки бинобар сабаби хушксоли омадани соли 2018-ум мубориза бар зидди касалию ва ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои кишоварзӣ ва усулҳои мубориза бар зидди онҳо аз таъсири хушкӣ ва норасоии об дар заминҳои кишоварзӣ мебошад. Ҳамчунин маданияти истифодабарии заминҳои корам ва мелиоратсияи онҳо, тадбирҳои гидромелиоративӣ оид ба рафъи таъсири хушк омадани тирамоҳу зимистони соли 2017-2018-ум ва роххои бартарафсозии онро ба кишоварзони ноҳия омӯзониданд.

Дехқонони ноҳия метавонанд таҷрибаи андӯхтаи хешро баҳри фаровонҳосилии заминҳои дар ихтиёри худдошта самаранок истифода баранд.

Рӯзноманигор: А. СОЛЕҲОВА.

 

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top