Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Изҳороти як гуруҳ фаьолзанони ноҳияи Вахш вобаста ба ҳодисаи нангини ҳалокати саёҳони хориҷӣ

Мо як гурӯҳ занони фаъоли ноҳияи Вахш ҳодисаи бо айби як гурӯҳ ҷавонони раҳгуми тоҷик ба ҳалокат расидани сайёҳони хориҷиро шунида, сахт андӯҳгин гардидем.  

Воқеан вориди чунин амалҳои ношоиста шудани ҳар фарзанди тоҷик боиси ташвишу изтироби мо мегардад, зеро эҳсос менамоем, ки ҳанӯз ҳам душманоне дар рикоб дорем, ки сулҳу оромии Ватани азизи моро халалдор сохтан мехоҳанд.

Бо чунин амалҳои ноҷавонмардона, яъне ҷамъ овардани чанд ҷавони бетаҷрибаву гумроҳ ва ба роҳи бад равона сохтани онҳо, мехоҳанд Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ноамн ва мардуми онро ҳамчун ваҳшитарин афрод ба қалам диҳанд.

Аз он вақте, ки дар кишвар соли 2018 бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, дар чандин симпозиуму ҷамъомад ва ҷаласаву вохӯриҳои минтақавию байналмиллалии сатҳи баланд худи Пешвои миллат вобаста ба ин баромадҳо намуданд. Чун дар он ҷамъомаду симпозиумҳо Роҳбаридавлат аз шаҳрвандони кишварҳои дигар даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон барои саёҳат намудан ташриф биёранд, шояд афроду гурӯҳҳои бадхоҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дарун ба дарун сӯхтанду дар пайи тарҳрезӣ ва амалӣ намудани нақшаи шуми навбатияшон шуданд. Ба андешаи мо, ҳамин буд, ки ин чанд нафар ҷавонони гумроҳи ақлгумкарда даст заданд ба чунин амали ноҷавонмардона. Дақиқан ҳамин андеша метавонад дурусттарин назар бошад, ки ин афроди ҷиноятпеша аз ҷониби гурӯҳҳои бадхоҳи Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар пинҳону мустақаранд, барои ин ҷинояти қаблан тарҳрезишуда махсус гумошта шудаанд. Он гунае, ки дар барномаи иттилоотии «Ахбор»-и Телевизиони Тоҷикистон санаи 30-юми июли соли равон иттилоъ дода шуд, дастандаркор ва тарҳрези ин ҷиноят низ боз ҳам ТТЭ ҲНИ ва ҳамдастону ҳаммаслакони аъзои ин ҳизб будааст. Акнун боз ҳам равшан шуд, ки дигар аъзои ин ҳизби нохалафон қувваи дурусту созандаеву ақлу хираду фаҳмиши накуе надоранд. Сари ҳар қадам «талош» меварзанд, ки аз ҳар имконияту шароити фароҳамбуда «истифода» намоянду номи Тоҷикистону миллати тоҷикро бад карданӣ шаванд. Чун имкони ба даст овардани мансабҳои роҳбарикунандагиро дар кишвар аз даст доданд, акнун чун каждуми «аламдида» мехоҳад гаштаву баргашта қасд бигиранд ва неш бизананду заҳр пошанд. Чунки дигар дақиқан медонанд, ки барои расидан ба пасттарин вазифаву мансабе дар Тоҷикистон барои хоинон роҳ нест.

Имрӯз мо сокинони ноҳия дар баробари ҳамаи сокинони кишвар амали ваҳшиёнаи ин ноҷавонмардони ақлгумкардаро маҳкум намуда, онро ноҷавонмардонатарин амалкарди ҷиноӣ меҳисобем. Вақте, ки нафароне аз хориҷи кишвар барои истироҳату саёҳат намудан ба Ватани мо ташриф меоранд, вале нохалафоне бармехезанду аз пайи азобу шиканҷа ва қатли онҳо, ки танҳо мақсади истироҳат кардан доштанд, мешаванд, хеле дардовар аст, ки номи ин миллатро доғдор месозанду риштаи умри фарзандони миллату шаҳрвандони давлати дигареро канда месозанд. Ин афроди ҷиноятпеша ва роҳбарону хоҷагони ҷоҳталаби ақлгумкардаашон чӣ гунна метавонанд орому озод нафас бикашанд, вақте боз риштаи ҳаёти чанд нафари дигареро канданду дасти иддаеро олудаи хуну ҷиноят намуданд? Аслан ҷойи аҷобат нест, ки боз ҳам орому озод нафас бикашанду азоби виҷдон надошта бошанд ба хотири ин аъмоли наҳсу шуми худ ва зердастонашон. Зеро дар ниҳоди шахсе, ки худи виҷдон набошад, чӣ гуна ин шахс метавонад азоби виҷдон дошта бошад? Дар ин бора ва дигар аъмоли бехирадонаву разилонаи ноҷавонмардонаи аъзову пайравони ҳизби наҳзат метавон саҳфаҳои зиёдеро пур сохту ҳарфҳои бешуморе гуфт. Вале чун ин нохалафони мардумозору ватанбезор дигар наметавонанд маъниеро аз ҳарфе дарк намоянд ва наметавонанд фаҳмишу эҳсоси дурусти инсоние дошта бошанд, чандон сазовор нест, ки барои садбораву ҳазорбора шинос кардани чеҳраи торики ин нокасон қувваи ҷисму зеҳнро бар ҳадар сарф намуд.

Танҳо ҳаминро бояд илова намуд, ки ин муроҷиатнома танҳо ба он хотир рӯйи саҳфа омад, ки ба шумо аъзову пайравони ноодами ҳизби наҳзати ҷинояткор нишон диҳем, ки ҳеҷ вақт ҳеҷ амалкарду сухани шуморо фарзандони содиқи ин меҳан беҷавоб намегузоранд ва ҳамеша то замоне, ки дар вуҷудатон ҳамон оташи кинаву ҳасодат ва душманӣ нисбат ба Миллату Ватан аланга мезанад, дар назди мурофиаи Миллату Ватан маҳкуми маҳрум аз озодӣ ҳастед.

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top