Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Муҳтарам афсарону сарбозон, Ҳозирини гиромӣ

Бисту панҷ сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ-ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ сарбаландона иҷро карда истодааст.

Ба муносибати ин санаи фархунда ҳамаи Шумо ҳомиёни содиқи марзу буми Ватанро самимона табрик гуфта, ба Шумо пеш аз ҳама тансиҳативу саодатмандиро орзу намуда, баҳри иҷрои вазифаҳои пуршарафи хизматиатон муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.

Бояд хотиррасон намоям, ки ҷашни имсолаи рӯзи Артиши миллӣ ба даврае рост омадааст, ки мардуми шарифи кишварамон дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми ироанамудаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 ва ҷонибдорӣ аз ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар хусуси эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аҳлона меҳнат намуда, баҳри дар амал тадбиқ намудани ин дастуру супоришҳо тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Таъсис ва ба вуҷуд овардани Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвари соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои басо муҳим ба шумор рафта, нишонаи ғамхории пайвастаи роҳбарияти кишварамон, бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини амнияту оромии Ватан мебошад.

Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбари давлат интихоб гардидани худ барои таъсис ёфтан ва аз ҷиҳати моддию техникӣ қудратманд гаштани Артиши миллӣ кӯшишу заҳматҳои зиёдеро сарф намудаанд.

Дар рӯзҳои барои миллат ва Ватан мураккабу ҳасос ташкил ёфтани Артиши миллӣ баҳри ҳимояи Ватан ва аввалин намоиши ҳарбие, ки 23 феврали соли 1993 дар майдони «Дустӣ»-и пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе баргузор шуд, натиҷаи ҳамин кӯшишу талошҳо ва иқдомҳои Сарвари давлатамон буд.

Аз ҳамон рӯз сар карда ҳар сол 23-юми феврал дар Тоҷикистон, ҳамчун рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ, яъне иди муҳофизони Ватан ҷашн гирифта мешавад.

Дар зарфи беш аз ду даҳсолаи охир Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Яъне хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Ҳамватанони азизамон хуб дар ёд доранд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор доштанд. Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат барои сохторҳои низомии мо шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода мекунад. Зеро дар марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба вобаста мебошанд.

Аз ин хотир ҳар як афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда, савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ аз ӯ пеш аз ҳама иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.

Чунки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузошта шудааст ва онҳо вазифадоранд, ки ин неъмати бебаҳо-сулҳу субот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд.

Хизматчиёни ҳарбӣ бояд намунаи олии риояи интизому тартибот дар ҷомеа ва хизмати содиқона ба халқу давлати худ бошанд.

Дар Паёми ироанамудаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус хотирнишон карданд, ки дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон, торафт вусъат гирифтани мухолифату низоъҳои диниву мазҳабӣ ва доман паҳн кардани терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо ба масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим табдил ёфтааст.

Дар чунин шароит сохторҳои низомӣ бояд фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд.

Ҳукумати кишвар бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техники Қувваҳои Мусаллаҳ, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву хизмат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамасола тадбирҳои заруриро амалӣ месозад. Дар ин раванд шарти муҳимтарини баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, яъне риояи ҳатмӣ ва бечунучарои оинномаҳои ҳарбӣ ва тарбияи сиёсиву маънавии ҳайати шахсӣ мебошад.

Сатҳи баланди касбӣ ва омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз таълиму тарбияи хубу афсарону сарбозон, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ҳисси милливу ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии амиқ дорад. Зеро ин омилҳо асоси пойдории сохторҳои низомӣ, ҷузъи муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошанд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-модар ва халқу давлати хеш минбаъд низ бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.

Ҳар як сарбозу афсари шуҷои Ватан бо хизмати содиқонаи худ бояд исбот намоянд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.

Ҳозирини гиромӣ,

Бояд хотирнишон созам, ки сатҳу сифати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз боло рафта, теъдоди ҷавонмардони ватандӯст, ки бо майлу иродаи худ хоҳиши ба ҷо овардани хизмати Ватанро доранд, меафзояд.

Ҳамасола дар мавсими баҳорӣ 160 нафар ва тирамоҳӣ 189 нафар ҷавонони содиқи ноҳияи Вахш ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, хизмати Модар-Ватанро сарбаландона ба иҷро мерасонанд. 

Ин раванд, яъне бедор кардани ҳисси ватанпарастии ҷавонон ва ташвиқу тарғиби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, натиҷаи саъю талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат дар самти фароҳам овардани шароити лозимӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.

Дар баробари ҳамаи ин имрӯз бояд иловатан тарбияи пеш аз даъватиро байни ҷавонон дар якҷоягӣ бо созмонҳои ҷавонон, бахши кор бо занон ва оила, маориф, тандурустӣ ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия пурзур намоем.

Ҷавононро аз синни хурдсоливу наврасӣ дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, хештаншиносиву меҳанпарастӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, марзу буми Ватани азиз тарбия намоем.

Кӯшиш намоем, ки ҳамаи ҷавонон аз муоинаи тиббӣ сари вақт гузаронида шуда, сипас ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шаванд.

Дар тарбияи ватанпарастии аҳолӣ, хусусан ҷавонон ба мо зарур аст, ки таҷрибаи бойи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони башардӯст ва собиқадоронро истифода барем, зеро ҳаёти бобарори онҳо чун саҳифаҳои пур аз шуҷоату корнамоиҳо боиси пайравӣ ва лоиқи омӯзиш аст, чунки ҳар муваффақияте, ки мо имрӯз ба даст овардаем, хизмати онҳо низ бениҳоят бузург аст.

Ман бо арзи сипос изҳори боварӣ мекунам, ки Шумо наслҳои калонсоли каҳрамон дар тарбияи ватандӯстӣ ва ахлоқию маънавии ҷавонон ҳиссаи арзандаи худро гузошта, бо заковат ва ақлу хиради худ барои наслҳои имрӯзу фардо намунаи ибрат хоҳед буд ва ба ин васила анъанаҳои неку наҷиби хешро ба онҳо хоҳед омӯхт.

Бигузор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дар симои Шумо ба тамоми хизматчиёни низомии мамлакат сиҳатмандиву хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдодӣ барори кор орзу менамоям.

Рӯзи ҳомиёни Ватан муборак, ҳамдиёрони азиз!

С У Х А Н Р О Н И И

Раиси ноҳияи Вахш муҳтарам Шарбатулло Азизулло дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисми ҳарбии №45989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23-феврали соли 2018.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top