Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Меъмори Ваҳдат

ВАҲДАТ-ЭЪТИҚОД БА  ХУДО

БОВАРӢ БА МИЛЛАТ

Ваҳдат-ягонагӣ, сарҷамъӣ, мутаҳҳидӣ.

Ваҳдат-як будани мафкура  ва рафтору гуфтор, амал.

Ваҳдат, махсусан барои мо тоҷикон басо азизу муқаддас ва гаронарзиш мебошад. Мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида будем. Сокинони кишвари соҳибистиқлол ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба якдигар душманӣ меварзиданд. Дар як оила бародар бо бародар, падар бо писар аз гиребони ҳамдигар дошта, дар замири хеш тухми кинаву бадбинӣ киштанд. Чароғи дӯстию бародарӣ, ки дар хонадони ҳар яки мо фурӯзон буд, оҳиста-оҳиста хомӯш мешуд. Оташи ҷанги бародаркуш аланга гирифт. 

Дар ҷанги бародаркуш  беш аз 60 000 кушта, 25 000 зан бешавҳар, 53 000 кӯдак бепадар, 36 000 манзили харобгашта ё ба коми оташ рафта, беш аз 1 миллионе нафар дар ба дар шуд, қисми зиёди сокинони водии Вахш, бо умеди наҷоти худ рӯди Омӯро убур карда, дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон паноҳ бурданд.  Шаҳру  ноҳияҳо хароб гардида, шамъи умри ҳазорон бародарону хоҳарони бегуноҳамон хомӯш гашт, ба ҷои таронаи шодию нишот, фиғону нолаҳои зори модарон бар фалак печида буд.  Халқи парешон, овораву сарсон, дар талвосаи ҷон рӯ ба ҳиҷрат овард. Модари тоҷик бо дили афгор, бо ашки шашқатор дар дасти тифли маъсум мехост ҷони худу фарзандонаш аз марг раҳонад. Вале ҳангоми убури марз даҳҳо гирдоби аслию Амударёро паси сар мекард. Аз ҳафт фарзанд сеяшро об бурда, дигаре дар сари даст мурда, модари овора, бо дили садпора дар миёни тӯфони ҳаводис монда.  Маллоҳе набуд, ки аз ғарқшавӣ наҷоташ диҳад.  Намедонист,  ки ба кӣ рӯ ораду аз куҷо роҳи наҷот ёбад ва худро аз вартаи ноумедӣ раҳо созад, ба сад хориву зорӣ тарки ёру диёр кард.

Дар вилояти Мазори Шарифи Афғонистон зиёда аз якуним ҳазор нафар ҳамватанони дар ғурбат афтодаи мо фавтиданд. Мулки ғарибӣ хонаи охирати эшон гашт. Дигар қуввату мадори бори ғарибии бар дӯшашон бударо бардошта натавонистанд. Бо ёди Ватан шабу рӯз аз Яздони пок зорӣ мекарданд, то бошад, ки дубора ба меҳан баргарданд. Ин ғам онҳоро аз по фиканд. Бо умеде, ки рӯзе бо ҳам меоянд, ба Ватан бармегарданд, вале афсӯс, ки ҳамватани мову шумо орзуву ормонҳои хешро ба худ ба хок ниҳод.

Шамолак мевазад, меларзам, эй дил,

Зи марги ноҳагон метарсам, эй дил.

Мани уфтода дар ғурбат азизон,

Муҳаббат бар Ватан меварзам, эй дил.

Оҳ…

Ҳамватани дар ғурбатафтодаи мо, ки дар қалбат доғи ҷудоӣ, дур аз меҳан хуфтаӣ, орзую ормонҳои дар замир парвардаатро нафар, раҳнамое, фидоие ҳис кард ва   ҷомаи амал пӯшонд.

 

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,

Дар Ватан будаӣ бе ёди Ватан беватан аст.

…Иҷлосияи ХV1-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Хишти аввалини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосия Х\/1 Шӯрои Олии Тоҷикистон гузошта шуд, ҳукумати нав рӯи кор омад, аз 197 вакили дар Иҷлосия иштирок дошта, 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон овоз дода, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихобаш карданд.  Ҷавон буд. Дар он лаҳзаҳои ҳассос ҷавоне ба минбар баромад. Ӯро на ҳама мардуми Тоҷикистон мешинохтанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ 40 сол дошт. Вай ҷавонмардона бо боварию эътиқод гом ниҳода, ба Парчами Тоҷикистон наздик шуд, ба зону зад, ливоро бӯсида, дар дидагонаш молид, садо баланд кард: «Ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд. Баҳри истиқрори сулҳдар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо тайёрам ҷони худро нисор кунам».

Эмомалӣ Раҳмон ин суханонро аз умқи дили хеш гуфт. Бародарони хатлонӣ, бадахшонӣ, раштӣ, хуҷандию ҳисорӣ дар ин Иҷлосияи таърихӣ ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, ашки шодӣ мерехтанд.

Ҳадафи аввалини Эмомалӣ Раҳмон барқарор намудани сулҳ  дар Тоҷикистон буд, дар  ин роҳ ӯ ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ, амният, адибон, аҳли зиёи кишвар ва фаъолон такя намуда, таъкид карданд, ки баҳри бозгашти  гурезаҳо тамоми чораҳои заруриро меандешанд. Мардуми сулҳпарвар бо Пешвои ваҳдатофар ҳамфикр шуда, корро аз барқарории сулҳ ва баргардонидани фирориёни иҷборӣ шуруъ карданд. 

Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамватанони дар ғурбат буда муроҷиат намуд, ки: «…Ҳамватанони азиз, ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам. Як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем. Пушту паноҳи шумо Ватан аст. Шуморо хонаву даратон, фарзандонатон, хешу таборатон интизор аст… Ба Ватан баргардед, ҳамватанони гиромӣ!…».

Мақсади ягонаи Эмомалӣ Раҳмон тарғиби сулҳ, ваҳдати миллӣ, ба Ватан бозгардонидани гурезагон буд. Аз воқеаҳои фоҷиабори ҷанги бародаркуш мардуми зиёде фирорӣ шуданд. Оилаҳо ба ҳар ҷониб пароканда гардида, писар-падарро, модар -духтарро, бародар -хоҳарро меҷуст.  Дар ин ҷанги ҳамватанӣ як қисми ҳаммиллатони мо ба хориҷ, ба Давлатҳои Исломии Афғонистон, Покистон, Эрон, Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо фирорӣ шуданд. Баҳри баргардонидани онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи махсус ташкил карда, ҷиҳати ба Ватан баргаштани онҳо мусоидат кард. Ҷамъи умумии муҳоҷирони иҷбории тоҷик 620 ҳазор нафарро ташкил медод.

Ҳамарӯза тавассути садову симо ба ҳамватони дур аз ватанбуда, муроҷиат мекарданд: «Ҳамватанони азиз, биёед, ба ҳам дӯсту иттифоқ бошем, аз як гиребон сар барорем, сулҳу дӯстӣ кунем, ваҳдат ороем, Тоҷикистонро обод намоем. Ба Ватан баргардед, хонаву даратонро обод карда, аз сари як суфра нон хӯрда, меҳанамонро обод созем. Баргардед, ҳамдиёрони азиз!».

Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, Эмомалӣ Раҳмон се маротиба ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар карда, ба гурӯҳҳои мухолифин суҳбату вохӯриҳо гузаронида, фирориёнро ба Ватан даъват кард. Агарчанде дар лаҳзаҳои ҳассос ин сафар ба ҷони ҷавонаш хатар таҳдид мекард, 6 маротиба ба ҷонаш сӯйи қасд ташкил карданд,  вале ӯ аз роҳи интихобнамудаи худ барнагашт. Ҷасорату  мардонагӣ нишон дода, дар фикри баргардонидани гурезагон шабро рӯзу рӯзро шаб мекард. Баҳри ба даст овардани Ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳафт маротиба сафари корӣ ба анҷом расонида, дар баргардонидани иҷбориёни фирорӣ музокираҳо кард.

Мардуми райиятпарвари тоҷик низ баҳри ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ кӯшиш карда, дар рӯзҳои вазнин ҳамеша ҳамрайъи Роҳбари давлат буда, дар баргардонидани фирориён саҳм мегузоштанд. Сокинони кишвари соҳибистиқлол Ватан-модари худро дӯст медоштанд. Тоҷикони меҳандӯст, ватанпараст, ба модар, Ватан, миллат, сарзамини аҷдодӣ муҳаббату садоқати худро нишон дода  тавонистанд, то миллатро аз вартаи нестшавӣ нигаҳ доранд. Ваҳдат барои халқи тоҷик беҳтарин неъмат дар зиндагӣ ба шумор мерафт. Ваҳдат, эътиқод ба ягонагии Худо, дӯстию бародарӣ ғолиб омад. Тоҷикистониён ба ҳам омада, муттаҳид гаштанд, ҳамфикр шуданд ва сарзамини худро обод карданд.

Дӯстӣ-муносибати байни одамон, ки ба некхоҳӣ, наздикӣ, рафоқати самимӣ  пирӯз шуда, халқи парешонро ба ваҳдат овард. Чунин ҳамбастагӣ буд, ки тоҷикон ба ҳам дӯсту бародар гаштанд. Дар дили ҳар як тоҷикистонӣ аз ҷанги баробаркуш  доғе монда буд. Яке писар гум кардаву дигаре падар, сеюмӣ хоҳару чорумӣ бародар.

Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон фирориёнро ба Ватан овард, сулҳро барқарор кард ва ваҳдати миллиро таҳким бахшид. Ба сӯзу гудози қалбҳои зори фирориён бо меҳрубонӣ ҷавоб гардонда, онҳоро ки дар ғурбат ба сар бурда, аз дидори рӯи наздикон маҳрум буданд, ба Ватан баргардонид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба беписарон писар, ба бебародарон бародар гашта, ҳамеша нисбат ба халқи азият кашидаи тоҷик ғамхорӣ зоҳир менамуд. Ба дарди дили онҳо марҳам гашта, сари тифлакони маъсуму ятимро падарона сила намуд.  

Шабафрӯз

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top