Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Нишасти   матбуотӣ

Дар  толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нишасти матбуотии раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло доир гардид. Дар  нишаст хабарнигорони расонаҳои иттилоотии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат доштанд.

Пеш  аз  оғози нишаст ба хабарнигорон маводи зарурӣ  дар бораи дастовардҳо, нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар  соли  2017 дастрас  гардид, ки хабарнигорон аз  бурду  бохти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар  соли  сипаришуда ошно бишаванд.

Дар  оғози суҳбат раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло дар назди ҳозирин баромад карда,таваҷҷуҳашонро  ба  хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи кишвар, ҳадафҳои стратегие, ки дар назди ҷомеаи имрӯзаи мо қарор доранд, ҷалб кард. Барои иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат ҳар  як  сокини ноҳияи Вахш масъулияти бештар эҳсос намуда, имконият ва неруи худро барои рушду пешрафти Ватани азиз бештару беҳтар сарфарбар созанд.

Дар  баромади  раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло  ҷиҳати амалӣ  гаштани   вазифаҳое, ки  дар Паёми  навбатии  Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муайян  гардидаанд, пешниҳодҳои  мушаххас  баён  гардиданд.

Сипас, хабарнигорон оид ба бурду бохти соҳаҳои ноҳия пурсиш  ба амал оварда,  посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

“Нури маърифат”

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top