Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ЧОРГУЛТЕППА

Деҳаи Чоргултеппа аз маркази ноҳия 10 км ва аз Аҷиннатеппаи таърихӣ 1 км дуртар воқеъ аст. Ин мавзеъ таърихи басо қадимӣ дорад. Аз гуфтаҳои таърихшиносон ва мӯйсафедони деҳа маълум гардид, ки таърихи пайдошавии ин мавзеъ ба давраи ҳукумронии Кушониён мансуб аст. Бо сабаби серобӣ, наздик будан ба Чину Ҳиндустон ва шароити хуби зиндагӣ доштан ҳукумрони давлати Кушониён ба худ қарор медиҳад, ки дар Аҷиннатеппа маскан гирад. Кушониён бо мақсади назорат бурдан ва аз ҳуҷуми душманон нигоҳ доштани Аҷиннатеппа мехоҳанд, ки дар чор тарафи он теппаҳои баланд созанд. Бо ин мақсад ҳукмронии давлати Кушониён аз қувваи ғуломон, маҳбусони дар ҷангҳо асирафтода истифода мебарад ва аз гирду атроф хок кашида, дар чор тарафи Аҷиннатеппа теппаҳои баланд сохтаанд. Аз он давра номи Чоргултеппа пайдо шудааст.

Дар натиҷаи кандану кашидани хок ва баланд намудани теппаҳо дар атрофи теппаҳо чуқуриҳо пайдо шудааст ва ин чуқуриҳо ҳукмдорону бекҳои минтақаро аз ҳуҷуми душманон нигоҳ медоштанд. Ин теппаҳо ба якдигар бо роҳи зеризаминӣ (тунел) пайваст буданд, ки то ҳоло ин роҳ мавҷуд аст.

Дар вақти кандани ин теппаҳо ва сохтани иншоотҳои нав аз таги замин хиштҳои чоркунҷаҳои сабук, тангаҳои мисини ҳамон давра, ҳатто ҷумакҳои хатти об ёфт шудаанд. Ин бозёфтҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин теппаҳо натанҳо ҷои зист, маркази маъмурии идоракунии минтақа ҳисоб меёфтанд, балки дар он ҷойҳо бозори ҷаҳонӣ низ ташкил карда мешудааст. Савдогарони Чину Ҳиндустон ва дигар давлатҳои гирду атроф дар ин минтақа ҷойгир шуда, истеҳсолоти худашонро ба ин бозор мебароварданду мефӯрухтанд.

Дар назди деҳаи Чоргултеппа то ҳоло ду теппаи дигар мавҷуд аст, ки яке аз онҳоро ҳамчун зиндон барои маҳбусон истифода мебурданд. Аз Чоргултеппа то Аҷиннатеппа роҳи зеризаминӣ буда, аз он ҳукмдорон бо роҳи кӯтоҳ ва бехавфу хатар ба бутхона рафту омад мекардаанд. Баъди барҳам хӯрдани сулолаи Кушониён ин деҳа ба чарогоҳ ва заминҳои кишту кор табдил ёфт. Дар солҳои азхудкунии водии Вахш солҳои 1930-1940 ҳангоми канда шудани канали об, ки аз теппа 400 метр болотар воқеъ аст, барои аз нав барқарор кардани об ба ин деҳа маҳбусонро ҷалб намудаанд. Он солҳо дар ин теппаҳо калонаи маҳбусон ҷойгир шуда буданд. 

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top