Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Аз ҷаласаи назди раиси ноҳия

Андозро бояд супурд

Ҳамарӯза Ҷаласаи назоратӣ назди раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло оид ба иҷроиши нақшаи андоз баргузор мегардад.

Дар ҷаласаи мазкур муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони Нозироти андоз, соҳибкорон, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва фаъолони ноҳия ширкат меварзанд.

Шарбатулло Азизулло, раиси ноҳияи Вахш оид ба сатҳи хизматрасонии соҳаи андоз ва пешрафти он, хизматрасонии кормандони Нозироти андоз, бақияи қарзи андозҳо, омилҳои зиёдшавии андоз, иҷроиши нақшаи андоз аз даромади ташкилоту корхона ва соҳибкорони қарздор аз андоз суханронӣ намуд.  Ҳадаф аз баргузории ҷаласа дар он аст, мусоидат дар ҳалшавии мушкилоти соҳибкорон ва иҷроиши саривақтии андоз мебошад. Мутаасифона имрӯз ба мушоҳида мерасанд, ки маблағи андозро саривақт пардохт намекунанд ва боиси зиёдшавии қарздорӣ аз андоз ва иҷро нашудани саривақтии нақшаи андоз мегардад. Аз ин лиҳоз, кормандони Нозироти андози ноҳияро зарур аст, ки роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони қарздор аз андоз даъват намуда,  мушкилоти саривақт пардохт накардани андоз ҳаллу фасл созанд.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top