Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ТАВБА ё розрез ба хотири 150 000 нафар қурбониёни ҷанги бародаркуш

ИБТИДОИ соли 1993 маро ба Теҳрон даъват карданд. Дар яке аз бӯстонсароҳои ҳукуматӣ бо намояндагони оппозитсия ҷамъ омадем. Дар як ҷаласа баъди баҳсу мунозираҳо вазифаҳо ва самти фаъолият муъайян гардид.
Ба ман пешниҳод шуд, азбаски ман дар Маскав таҳсил кардаам ва дӯстони зиёде дар байни журналистон ва сиёсатмадорони Россия дорам (он замон чанде аз ҳамсабақонам аз МГУ дар дастгоҳи раиси ҷумҳури Россия фаъолият доштанд) дар Маскав фаъолият бинамоям.

ТАҚРИБАН моҳи августи 1992, баъди шинохтани чеҳраҳо ва нақшаҳои ҳаммайдонон, ман аз оппозитсияи ҳамон давра ҷудо шуда будам. Ҳатто огоҳӣ доштам, ки бо ҳамроҳии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар "рӯихати сиёҳашон" афтодаем ва агар онҳо пирӯз мегаштанд, моро ба қатл мерасониданд. Киллерҳо низ омодаи "фас" буданд...

БОЗМЕГАРДЕМ ба маҷлиси Теҳрон.
Вақте навбати сухан ба ман расид, гуфтам:
-Ман ҳама гуноҳҳоятонро як ба як мегӯям, агар ба гардан гиред ва тавба кунед, ман бо шумоям.
Аз Шодмон Юсуфу Тоҳири Абдуҷаббор сар кардам. Ором гӯш андохтанд ва ҳар гоҳе, "рост, рост" мегуфтанд. Тӯраҷонзода низ, гарчанде эҳсос мекардам, ки аз эродҳоям хушаш намеомад, (агар қаҳри Ҳазрат биёяд, чеҳрааш сурх мегардад) вокуниши ҷиддие накард. Навбат ба Муҳаммадшариф Ҳимматзода расид. Чун хатоҳояшро баршумурдам, таркид:
- Додоҷон, ман туро хуб мешиносам. Газетаи ту - "Чароғи рӯз", газетаи яҳудиҳо ҳаст. Ту ба яҳудиҳо хизмат мекунӣ!
- Сатҳи шумо ҳамин аст. Барои ҳамин оппозитсия шикаст хӯрд. Онҳое, ки аз нодидагӣ карамелро ба чой андохта мехӯрданд, ҳукуматро гирифтанд ва ҳамаро расво карданд!-посух додам ман.
Кашокаш тӯл кашид. Дигарон ба мобайн даромаданд ва вазъро ором карданд. Маҷлис бо тавба тамом шуд. Ҳама ба он расидем, ки ба гузашта салавот мегӯем ва аз сифр корро сар мекунем. Бо дили соф, бо самимият, бо ҳам...

ОМАДАМ ба Маскав. То Созишномаи сулҳ на шаб мегуфтам, на рӯз мегуфтам. Ҳар рӯзи ман бо мулоқот бо журналистон, коршиносон, сиёсатмадорон, намояндагони сафоратҳо ва муҳофизони ҳуқуқи башар мегузашт.
Бо кӯмаки собиқ шаҳрдори Душанбе - Мақсуд Икромов (яке аз дӯстонаш вазир дар ҳукумати Россия буд) ва Алексей Симонов - президенти Фонди дифоъ аз ошкорбаёнӣ нашри "Чароғи рӯз" ба роҳ андохта шуд, ки ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ба табъ мерасид. Маблағгузори нахустини рӯзнома дар табъид NED - фонди амрикоӣ буд, ки намояндагонаш худашон маро пайдо карданд.

ҲАЗОРОН мусоҳибаю шарҳҳо дар рӯзномаҳо, радиоҳо ва телевизионҳо, сухангӯиҳо дар симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ - аз Конгресси Амрико то САҲА, аз вазоратхонаҳои Аврупо то кишварҳои Араб...
Дар барномаҳои "Вести", "Время" дар соатҳои прайм-тайм (барои ман ҳоло аз тасаввур берун аст) аз чопи шумораҳои тозаи "Чароғи рӯз" хабар медоданд. Чандин хабарнигорони мо ҷоизаи амрикоии Ҳеллманн-Ҳамметро гирифтанд.
Барои худситоӣ не, аммо ҳақиқат бояд гуфта шавад: на танҳо роҳбарони оппозитсия, балки ҳукумат низ эътироф мекард, ки мухолифин дар набарди иттилоъотӣ пирӯз гашта буд, ки ҳамин Д.А. сардафтараш буд. Борҳо аз забони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ин сухан дар ҷаласаҳо садо додааст: "Додо муҷоҳиди рақами 1 аст!".
Дар ин чоряк аср ошкоро мегӯям, хоса баъди таъсиси "Ватандор" аз дасти ман миллионҳо (!!!) доллар гузаштааст. Аммо ман ягон бор барои худам мошин ё манзил нахаридаам. Дар ягон гӯшаи дунё.
Борҳо дар фурудгоҳҳо боздоштам кардаанд, сӯиқасдҳо ташкил кардаанд, зиндон шудам, садҳо маротиба ҷои истиқоматамро дигар кардаам. Аз хонаҳои иҷораи бегонагон, аз вокзалу аэропортҳо дилгазон гаштаам.
Имрӯз чанд махлуқ, чанд наҷис, чанд малъун таъна мезананд, ки ман фурӯхта шудам, ҳисобот мехоҳанд, ки ман чӣ кор кардаам?

НАХУСТИН бор дар Душанбе тамоми дороиҳоямро бо мошини КамАЗ ошкоро рабуданд. Дар хона ва ҳавлие, ки доштам, дигарон ҳоло мезиҳанд.
Бори дигар дар Маскав, вақте барои шаш моҳ ба Фаронса омадам ва баргаштам, дуздон хонаи иҷораамро "задаанд". На як сурат, на як китоб, на архиви "Чароғи рӯз", на як диску кассетаҳое, ки ТАЪРИХӢ буданд, намонда, ҳамаро рабуда буданд. Ин бароям зарбаи ҷонкоҳтарин буд.

ИМРӮЗ ин расмро дидаму дилам таҳ кашид.
Бисёре аз ин размандагон дӯстонам ё мухлисонам буданд.
Касе кушта шуд.
Кӣ ба сари қабри онҳо гул мекорад?
Касе дар паси панҷараҳои зиндон бо орзуи озодӣ зинда аст.
Тифлакони онҳо дар куҷо сарсону саргардонанд?
Шояд бисёриҳо ҳатто номашонро ё фаромӯш кардаанд ё аслан намедонанд!
Кӣ аз онхо ёд мекунад?

ИМРӮЗ майдон пур аз ҳашарот гаштааст.
Онҳо мехоҳанд таърихро мардум фаромӯш кунад.
Ин бе таҳорату бе намозҳо, ин бе гузаштаву бе хотираҳо, ин ғуломони галстукбагардан, ки ДИРӮЗАШОН танҳо хӯрдану бод шикастан буд, куҷо қадри Ватан, қадри Озодӣ ва Қадри Муборизаро медонанд?

Ба ин расм, ба ин чеҳраҳо бингаред.
Онҳоро ба заводу магазин, мансабу курсӣ, бозору ширкат фурӯхтанд.

ИМРӮЗ боз ҷавонони соддадили навро ба майдон мехонанд. Ба Аврупо даъват мекунанд, ки ину он медиҳем. Мо ҳукуматро гирем, вазиру сафир мешавед. Мо "проектҳои калон" дорем. Биёед, ба мо пайвандед, бароятон паноҳандагӣ мегирем.

БОВАР накунед. Ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворист.Аммо ду бор бовар кардан камоли аблаҳист.
Бовар накунед, агар сад бор тавба кунанд.
Бовар накунед, агар сад бор савганд ёд кунанд.
Бовар накунед, агар ҳазор бор баёния пахш кунанд.
Бовар накунед, агар сад бор паймон бубанданд!

ҲАМА ҳарфашон дурӯғ аст.
Ҳама ҳарфашон такрор аст. Такрори ман. Такрори дигарон. Онҳо кӯзаи холиянд. Ҳарчӣ дигарон резанд, ҳамон метаровад.
Намози онҳо дурӯғ аст.
Мусалмонии онҳо дурӯғ аст.
Одамияти онҳо дурӯғ аст.

БИСТУПАНҶСОЛ ҳукумат аз ман гуфту навишт. Аммо ман дашномеро, ҳақоратеро, ки аз забони мухолифони ҳозира шунидам, ягон ҳукуматӣ ба худ раво надидааст.
Ба чеҳраи ин наврустагон нигаред, суханронии онҳоро гӯш андозед. Тарҷумаи ҳолашонро варақ занед. Муш аз инҳо болотар аст. Гурба аз инҳо поктар аст. Рӯбаҳ аз инҳо боинсофтар аст. Мокиён аз инҳо бошарафтар аст.

НАҲЗАТ моли Нурӣ буд.
Паймон зодаи Кабирист.
Наҳзат, баъди бар сараш об рехтани Кабирӣ ҳам, ҳанӯз намакшиносу одамшинос дорад.
Бозёфтҳои Кабирӣ чӣ?
Инҳо кафши кӯҳнаи Нурӣ намешаванд. Дар чашми ягон нафари ин насносҳо нур нест. Ба як нафарашон ҳатто ҳамнишинӣ хушоянд нест. Чӣ расад бо онҳо дар як саф будан? Дар сари як дастархон нишастан?
Паймони Кабирӣ як лохотрон аст.
Аз чап-лох, аз рост-лох, дар мобайн-лох, дар моваро-лох.
Лохов Лох Лохевич.
Лох Лохзода.
Лох ибни Лох!

КАДОМЕ аз инҳоро ягон вазире, сафире, президенти кишваре мешиносад? Кадоме аз инҳо ҳасби ҳоле дорад, ки боиси пайравӣ бошад? Кадоме аз инҳоро ба ғайр аз гову гӯсолаи оғилашон ва чанд бахтбаргашта боз кӣ медонад? Як ҷумла, як сатр, як калима, як амал аз онҳо кӣ метавонад иқтибос биоварад?!

НАСИҲАТГАРОН аз чор канор машварат медиҳанд. Эътилоф кунед. Бо ҳам биёед. Ба хари кӯр ҳам маълум аст, ки эътилоф хуб аст. Аммо бо кӣ? Бо нафаре, ки муқаддасот надорад? Бо нафаре, ки худро ҷонишини Худо мешуморад? Бо нафаре, ки дар хунаш қатрае мардӣ ва ҷасорат нест? Бо як артисте, ки шунавандааш ду- се роҳмонда ва вомонда аст?
Чаро ҳама маро мебинед? Хуб, бошад, ман ганда. Чаро як кас як бор намегӯяд, ки "Гурӯҳи 24" низ эълон кард, ки ҳеҷ гоҳ бар киштии шикастаи Кабирӣ нахоҳад нишаст? Аз барои Худо, эътироф кунед, медонед, вале гӯшатонро ба карӣ задаед, ки садои Раҳматулло Зоировро оиди хиёнатҳои Кабирӣ намешунавед?! Муҳаммадрузӣ Искандаров аз дохили зиндон садо кард, ки ҳеҷ гоҳ ҳизби Кабириро қабул надорад. Коммунистон низ аз талъати ин МИРИ ЛОХОН безоранд.

РАМЗҲОЕ, ки маро ҳамеша ҳушдор медиҳанд. Дар Маскав касе меҳмони ман буд, дар девори ман як пора нони хушкидаро овезон дидааст. Ман агар як мавиз меёфтам, бо чил кас не, бо чорсад кас тақсим мекардам. Дар Берлин ин аксро хоҳам гузошт, ки ба оромӣ хӯ нагирам, шикаста нашавам, аз роҳам бознагардам. Мурдаҳо ва зиндаҳое, ки ҳамеша ёдашон бо ман аст. Фариштаҳое, ки дар хонаи ман пар мезананд...

ИСТИҒФОР. Мо насли гунаҳгорем. Дар ин сангар будем ё дар он сангар. Ва ё бетарафона сукут варзида будем, ки барфи бадбахтӣ ба боми мо намеборад. Ягона роҳ тавбаю надомат кардан, аз ХУДО ва ХАЛҚ омурзиш хостан аст. Тавбаи насӯҳ. Ва талош бояд варзид, ки то дар сарзамини захмини мо дигар хун нарезад. Сиёсатнома, барнома ва насиҳатномаи ман ҳамин аст. Ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои мухолифат.

ХУДОВАНДО! Аллоҳ, ҷалла ҷалолуҳу! Маро дар сафи тавбакунандагон, парастандагон, ситояндагон манзил бидеҳ! Ёди онҳоеро, ки барои озодиву адолат ҷон бохтанд, лаҳзае аз ман дур мадор! Нагузор, ки умеди онҳоро барбод бидиҳам. Гирифтори худу рӯзгори худ гардам. Маро дар роҳам устуворӣ бубахш. Бигзор ҳеҷ коре аз дастам наояд, аммо нагӯянд, ки аз роҳаш бозгашт.

НАХОСТАН ҳазор бор зиштар аст аз НАТАВОНИСТАН...

Додоҷон Атовуллоев

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top