Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ЧАРО ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲОИ ҶАВОН МЕАФЗОЯД?

Оила  ба ҳар як инсон азиз  мебошад. Маҳз оила аст, ки инсонҳо дар ҳамин муҳит тавлид шуда, тарбия меёбанд. Ҳар як падару модар фарзандро ба дунё оварда, ба камол мерасонад ва баъдан оиладор менамояд, вале рӯз то рӯз ҷудошавии оилаҳои ҷавон зиёд шудааст!

Яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ин ҳамдигарнофаҳмӣ дар оилаҳо мебошад. Ин ҳамдигарнофаҳмӣ ҳам аз тарафи калонсолон ва ҳам аз тарафи худи ҷавонон аст, ки то андозае ҳамдигарро начандон дуруст  дарк мекунанд. Аксарияти ҷавонони оиладор аз тавлиди духтар хуш надоранд. Мехоханд, ки тавлиди аввали фарзандашон писар бошад ва аз духтар доштан ношукрӣ мекунанд.  Имрӯз ба ин хотир қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон,  «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба роҳ монда шудааст, ки 19 - уми марти соли 2013 таҳти рақами 954 қабул гардидааст.  Ҳар яки моро месозад, ки аз рӯи қонуни зикргардида, бештар бо аҳолӣ вохӯриҳои судманд доир созем, то  ин ки оилаҳои ҷавони мо аз ҷудошавӣ нигоҳ дошта шаванд.

Дар китоби муқаддас Қуръони Маҷид таъкид шудааст: ки «Бо занон зисти хуб кунед». Тавлиди духтар аз зан вобастагӣ надорад, фарзанд хоҳ духтар бошад, хоҳ писар, ҳар ду ҳам фарзанд аст. Аз ин неъмати Илоҳӣ набояд, рӯ гардонид.

Падару модароне ёфт мешаванд, ки писар ё духтаронро,  ҳатто ба пуррагӣ мактаби миёнаро хатм накардаанд, зуд оиладор мекунанд. Онҳо аз куҷо медонанд, ки оила чист? Зиндагиро намефаҳманд. Байни онҳо ҷангу ҷанҷолҳо мешаваду сипас, аз ҳам ҷудо мешаванд. Баъдан ин боиси харобшавии оила ва заифии ҷомеа мегардад.

Яке аз сабабҳои ҷудошавӣ оила ин интихоби келин мебошад. Масалан, як ҳамсоя таъриф мекунад, фалонӣ духтари нағз дорад. Духтари нағз барои худаш нағз аст. Оё ситораи ҳамон духтар, ба писараш маъқул мешавад, ё не. Духтари хуб, маълум нест, аз кадом ҷиҳат хуб аст. Падару модарон ҳаминро фикр намекунанд. Вакте ки агар падару модар мебинад, ки келин бо писараш ҷанг карда истодааст. Бояд, онҳоро бо ҳам як ҷо шинонида, сабаби ҷангашонро фаҳмида, насиҳат кунанд. 

Бисёр вақт хушдоманҳо ба ҷои насиҳат кардан ба келин мегӯянд,  писари ман аз чӣ кам! Равӣ рафтан гир! Духтар кам аст. Ҳоло духтарҳои бешавҳар бисёр,  як духтари дигарро келин мегарам! Келинашро худаш аз хона пеш мекунад, ё писарашро аз роҳ зада, э ҷавоби занатро деҳ!

Маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумла масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.

Яке аз сабаби косташавии оилаҳо ин аз таълиму тарбия дур будани фарзандон мебошад. Чунки, имрӯз аксарияти падарон ҳатто модарон низ барои беҳтар кардани вазъи иқтисодии оила дар давлати Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд. Ин ҳам сабаб шуда метавонад.     

Дар маҳалҳо бо шаҳрвандон, мактабҳо бо хонандагони синфҳои болоӣ суҳбатҳо баргузор намоем, то ин ки оянда, онҳо ба зиндагии мустақил тайёр бошанд.

Пеш аз ҳама барои оилаи намунавӣ бунёд намудан, ҳар яки моро зарур аст, ки нисбати худ  якдигарфаҳм бошанду дар бунёди оила ҳарчӣ бештар диққат диҳанд. Нагузоранд, ки оилаҳои ҷавон пош хӯранд. Фарзандонро аз хурди тарбияи дуруст намуда, дар шуури онҳо меҳри Ватандӯстӣ инчунин роҳи дурусти зиндагиро омӯзонанд.

 

Шабафрӯз

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top