Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ТАНЗИМ- БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар ораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», к ибо ташаббуси ббевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расида, дар ҳақиқат баҳри пешрафти тараққиёту иқтисодиёти сокинони кишвар равона гардидааст. Вазъи иқтисодию иҷтимои ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешгирии хароҷотҳои зиёдатӣ буда, то қабули қонуни мазкур аҳолӣ барои гузаронидани маъракаҳо новобаста аз шароиту имкониятҳои дар даст дошта, байни ҳам рақобат доштанд, ки дастурхони кӣ аз ҳама зӯртар аст. Таҳлилҳо нишон дод, ки аксари мардуми камбизоат ба асари дастурхонороии бесобиқа қарздор шуда, рӯ ба муҳоҷират овардаанд.

Пас аз 10 соли ба тасвибрасидани қонуни мазкур аҳолӣ дарк карданд, ки аз баҳри ҳамаи хароҷотҳои зиёдатӣ гузаштан, тӯи домодию арӯсиро дар 3 соат низ гузаронида мешудааст. Ба хусус маросимҳои азодорӣ, ки бисёр дар ҳолати бад қарор дошт. Пас аз дафнии маит наздиконаш ба андеша мерафтанд, ки барои баргузории маросимҳои азодорӣ аз куҷо маблағ пайдо созанд. Аксарияти пайвандони марҳум ба қарз ғӯтавард гардида бошанд, ҳам боз кӯшиш мекарданд, ки аз як-ду дастурхонашон беҳтар бошад. Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар ораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сокинон аз исрофкорию хароҷотҳои зиёдатӣ даст кашида, вазъи иқтисодии оилаи худро хубтар карданд.

Фатҳулло Пайков,

имомхатиби Ҷамоати

деҳоти Ваҳдат

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top